ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ МАВЗУИ МЕҲВАРИИ ПАЁМИ НАВБАТӢ

Бо ҳамин унвон рӯзи 28.01.2025 дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот дар ҳошияи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар, ки ба Маҷлиси Олии кишвар аз 28.12.2024 баргузор гардида буд, ҳамоиши илмӣ-таҳлилӣ доир гардид. Дар ҳамоиш аъзои Шӯрои илмӣ ва кормандони пажӯҳишгоҳ иштирок намуданд... 

барчасп: 

Намоишномаи «Шабе дур аз Ватан» ва шоири маҳбуб Бозор Собир

Соли 2014 намоиши «Шабе дур аз Ватан» ба Ҷоизаи байналмилалии «Ҷило-2014» дар номинатсияи «Намоиши беҳтарини сол» ва Моҳпайкар Ёрова дар номинатсияи «Беҳтарин ҳунарпешаи сол» мушарраф гардиданд...

барчасп: 

ГАРДАНБАНД – ЯКЕ АЗ ЗЕВАРОТИ БОНУВОНИ ТОҶИК

Гарданбанд, хафабанд, хафбандак, гулӯбанд, зеби гардан, муҳра, шаддаи марҷон, ҷавак, шава, гулбанд, як навъ зеби гардани занонро меноманд, ки аз замонҳои қадим дар радифи дигар ороишоти занони тоҷик истифода мешавад...

барчасп: 

БОЗОР СОБИР – ШОИРИ ВАТАНСАРО

Тӯли чанд сол аст, ки дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар конфронс ва мизҳои мудаввар маҳфили адабии “Гулбоғи адаб” бахшида ба зодрӯз ё гиромидошти ин ё он шоиру адиби номвар фаъолият мекунад. Дар соли 2025 аввалин маротиба рӯзи 23-юми январ маҳфили мазкур таҳти унвони “Бозор Собир – шоири ватансаро” баргузор гардид...

барчасп: 

МАКТАБИ МУСИҚӢ ФАЪОЛИЯТИ ПУРСАМАР ДОРАД

Мактаби мусиқии бачагонаи №2-и ба номи Боймуҳаммад Ниёзови шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд яке аз муссисаҳои таълимие ба шумор меравад, ки дар даврони истиқлолият фаъолияти пурсамар ба роҳ монда, дар таълиму тарбияи насли наврас нақши басо бориз мегузорад. Ин дар ҳолест, ки сол то сол Ҳукумати Ҷумҳурӣ дар самти бунёд ва рушди мактабҳои мусиқии бачагона ва пурзӯр намудани фаъолияти онҳо чораҳои таъхирнопазир меандешад...

барчасп: 

ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ - МАВЗУИ МЕҲВАРИИ ПАЁМИ НАВБАТӢ

Ироаи паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ба Маҷлиси Олӣ, идомадиҳандаи паёмҳои солҳои қаблӣ, баёнгари тараққиёт, пешравиҳо, бурду бохт, мушкилот ва ҳалли онҳо буда,  барои соли нав пешниҳодҳои судмандро пешкаш менамояд, ки аз он пешниҳодот барномаҳои мукаммали стратегӣ тарҳрезӣ мегарданд...

барчасп: 

ТАБРИКОТИ АБДУЛФАТТОҲ АМИНЗОДА, ДИРЕКТОРИ ПАЖӮҲИШГОҲИ ИЛМӢ-ТАДҚИҚОТИИ ФАРҲАНГ ВА ИТТИЛООТ БА ИФТИХОРИ СОЛИ НАВИ МИЛОДӢ

Дар соли сипаригашта дар ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва илмию фарҳангии кишварамон, аз ҷумла дар фаъолияти илмию таҳқиқотии ходимони илмии ПИТФИ рӯйдодҳои фараҳбахшу хотирмони зиёде ба вуқуъ пайвастанд...

барчасп: 

Таҳаввули осорхонаҳои ноҳияи Ховалинг дар замони истиқлол

Рушд ва таҳаввули осорхонаҳо дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон асосан ба даврони соҳибистиқлолӣ рост омада, имрӯз дар ин ноҳия 5 осорхонаи давлативу хусусӣ фаъолият мекунад. Гарчанде осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ соли 1982, осорхонаи ба номи Восеъ соли 1988, осорхона-ҳунаристони хусусии Усто Ғулом Қодиров соли 1979 дар замони Шӯравӣ таъсис ёфтаанд, аммо биноҳои онҳо дар замони соҳибистиқлолӣ аз нав бунёд карда шудаанд...

барчасп: 

Страницы