Абармардони созу наво: БОРБАДИ МАРВАЗӢ

Борбад аз ҷумлаи маъруфтарин чеҳраҳои ҳунар аст. Хунёгарест, ки назирашро таърихи башар ёд надошта. Ҳам месуруд, ҳам менавохт, ҳам оҳанг эҷод менамуд ва бузургтарин базмҳои шоҳонаро обод мекард.
     Борбад (тақр. 585 – 89, Нисо (Нусай), Марв – 628 – 38, Тайсафун, Марв), сароянда, навозанда, мусиқидони форс-тоҷик, асосгузори маҷмўи силсилавии мусиқии устодонаи форсӣ-тоҷикӣ ва Шарқ аст. Вай бо номҳои Борбади Марвазӣ, Борбади Ромишгар, Паҳлапат, Фаҳлбад, Фаҳлбоз (Pahlapat, Fahlbad, Fahlbaz) ҳам ёд мешавад.

барчасп: 

Сурудаҳои мардумӣ: Алла

     АЛЛА, суруди маъмули халқист, ки ҳангоми хобондани кўдак месароянд.
     Алла матни махсус надорад. Онро модарон ҳангоми гаҳвораҷунбонӣ бадоҳатан эҷод мекунанд. Баъзан шеърҳои халқӣ ё китобӣ, ки рўҳи ҳузнангез дошта бошанд, ба сифати алла суруда мешаванд.
     Дар алла руҳия ва эҳсоси модар, орзуву умедҳои ў барои хушбахтии кўдак ифода меёбад. Алла одатан, бо калимаҳои «алла, аллаё, алла» ё «алла гўям, аллаё», ки дар охири ҳар мисраъ такрор мешаванд, оғоз меёбад.

Гиреҳ, яъне чӣ?

     ГИРЕҲ - навъи нақш дар санъати меъморӣ ва ҳунармандӣ, ки мувофиқи нусхаи асл нақшҳо бо ҳам пайвасту такрор меоянд. Ҳунари гиреҳбандӣ дар асрҳои IX – XIX дар Осиёи Миёна, Ҳиндустон, Афғонистон, Эрон, Ироқ, Миср, Тунис, Марокаш, Қафқоз маъмул буда, хусусан асрҳои XII – XYI дар Осиёи Миёна ривоҷ ёфтааст.
     Мақбараи Мирсаид Баҳром (Кармина), корвонсарои Работи Малик (Хева), Афросиёб (Самарқанд), манораҳои Вобканду Ҷарғон, Манораи Калон (Бухоро), мадрасаҳои Улуғбек, Тиллокорӣ, Шердор, масҷиди Бибӣ Хонум, аксари биноҳои маҷмааи Шоҳи

барчасп: 

Умратон бодо дароз, эй соқиёни базми Ҷам...

Аз ҷумлаи маҳофили мардумиву миллӣ ин Базм аст. Базм ин маҳфили хурсандист, ҷашни нишоту шодмонӣ, ки бо суруд, мусиқӣ, рақс, базлагӯӣ ва зиёфат доир мегардад. Базм дар ҳама ҷашнҳои ҷашнҳои миллӣ, аз қабили Наврӯз, Меҳргон ва маросимҳои суннатии мардумӣ-хатнасур, тӯи арӯсӣ, зодрӯз ва амсоли инҳо барпо мешавад. Асоси базм хушҳолиест, ки бо суруду рақсу бозӣ ҳамнавост.
     Ҳоло ки аз Наврӯз ёд кардем, бидуни шак пеши назари хонанда шукуҳу тантанаҳое зоҳир шуд, ки бо ширкати ҳамагонии мардум сурат мегирад. Яъне, маъмулан дар ин

Истиқлолият ва фаъолияти китобдорӣ

Истиқлолият ва китобдорӣ. Метавон муҳтавои ин китобро дар ҳамин як ҷумла ифода кард. Яъне, китобдориву китобшиносии тоҷик дар замони истиқлолият. Муалифон ин дастурро мутобиқ ба «Барномаи  рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015» навиштаанд. Ва ҳадаф он аст, ки хонанда бо мавзуъ ошно бошад, то донад, ки дар замони истиқлолият қатори дигар илмҳо китобшиносиву китобдорӣ дар кишвар то куҷо рушд кардааст.
Муаллифон бар ин назаранд, ки “Бо вуҷуди ҳама мушкилоти

Ошноӣ бо асбобҳои мусиқӣ - АРФА

АРФА (итал. arpa, нем. – harfe), сози тории қадимаи мусиқӣ, ки шакли секунҷа дошта, ба чанги амудӣ монанд аст. Аз поён то болои ин соз торҳои ҷўрашон гуногуни дарозиашон ҳархела гузаронда мешаванд. А. яке аз созҳои қадима буда, авв. а. 19 такомул ёфтааст. А. 46 тор (зеҳ) дошта, қаторовози хроматикиаш (бо бемол) бо ёрии 7 фишанги пой ҳосил карда мешавад. Ҳар фишанг метавонад овозҳои номбаршударо дар ҳама октаваҳо ним парда ё як парда бардорад. Меъёри овози А. аз Ces то fis 4 (аз до-бемоли контроктава то фа-диези октаваи 4) мерасад. Партияи А.

Ошноӣ бо мусиқӣ - АРПЕҶИО

АРПЕҶИО, арпеҷо (итал. Arpeggio – монанди арфа), пайиҳам садодиҳии овозҳои аккорд; ҷудо-ҷудо навохтани овозҳои аккорд, ки бештар аз пардаи поён сар мешавад. Ҳангоми навохтани созҳои клавишдор(тугмачадор) одатан мавҷҳои овозӣ пеш аз аккорди дигар то охир риоя мегарданд. Ҳангоми навохтани созҳои торӣ А. мувофиқи имкониятҳои хоси онҳо танҳо дар 2 овози боло ё як овози баландтарин риоя мешавад. Суръати А.-навозиро хусусиятҳои пйеса муайян мекунад. Ҳоло аккордҳои (бисёровоза) А.-ро аз қаторовози поёнӣ навохта ба боло мераванд. Пештар онро аз боло ба поён менавохтанд.

Аркони мусиқӣ

АРКОНИ МУСИҚӢ, унсури зарбиест, ки дар мусиқии классикии тоҷику форс низоми зарби дафро дар оҳанг ба вуҷуд меорад. А. м. одатан ба иқоъ мутааллиқ буда, аз сабабу ватад ва фосила иборат аст. Агар атонини  ягон оҳангро ба назар гирем, муайян мешавад, ки он аз кадом рукнҳо таркиб ёфтааст, яъне аз рўи гаронию сабукии зарбҳо А. м. маълум мегардад. Мас. А.

Страницы