Воқеан, зиндагӣ дар чунин ҷомеае, ки асоси бунёдии онро таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва адлу масъулияти баланди ҳокимиятдорӣ ташкил медиҳад, орзуи асрии халқи мо буд. Метавон гуфт, ки дар ин роҳ ҳанӯз аз қадим кӯшишҳо амалӣ карда мешуданд. Аз ҷумла, дар аҳди Ҳахоманишиён — дар қарни панҷуми пеш аз милод — Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир содир шуда буд, ки дар он бори нахуст сухан аз ҳуқуқи инсон дар ҷомеаи боадолат мерафт. Аксари мутахассисони таъриху ҳуқуқ ин санадро ба ҳайси нахустин Эъломияи ҳуқуқи башар дар ҷаҳон эътироф кардаанд.
Албатта, аз нигоҳи арзишҳои замони имрӯз ва бо дарназардошти хусусиятҳои таърихиву анъанавӣ, миллию мазҳабӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву ҳуқуқии халқи тоҷик, муқоиса кардани Конститутсияи Тоҷикистони муосир бо ягон санади таърихӣ ё қонуни асосии мамолики дигари ҷаҳон қобили қабул нест. Зеро ҳар кишвар бо ҳамон роҳе рушд мекунад, ки дар Қонуни асосии он муқаррар шудааст ва онро халқ дар интихоботи озоду демократӣ қабул намудааст.
Халқи Тоҷикистонро бахту саодати бузурге насиб шуд, ки соҳиби чунин Сарвар — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гардид.
Дубора парчами моро барафрохт,
Ба зераш тоҷиконро муттаҳид сохт.
Ғарибонро ба кишвар боз овард,
Миёни тоҷикон сулҳу сафо кард...
Абдуалӣ Абдумаҷид
Эмомалӣ Раҳмон дар шароити басо сангини сиёсиву иқтисодии кишвар ва низои байнитоҷикӣ ба сари қудрат омад. Ӯ аз рӯзҳои нахустини фаъолияти худ вазифа гузошт, ки таъмини оштии миллӣ ва сулҳи тоҷиконро пойдору барқарор намояд. Бо ин мақсад, дар шароити ниҳоят вазнини он замон, ӯ барои бозгардонидани фирориён ба хоки давлати ҳамсояи Афгонистон қадам гузошт. Бисёриҳо бовар надоштанд, ки ӯ синаи худро сипар ва далерию мардонагиро шиор намуда, ин корро анҷом медиҳад.
Яке аз сабабҳои асосии обрӯманд гаштани Эмомалӣ Раҳмон дар миқёси олам, маҳз бозгардонидани фирориён ва бо манзили зист таъмин намудани онҳо мебошад. Суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари Созмони Миллали Муттаҳид дар бобати вазъи сиёсӣ ва иқтисодии кишвар сазовори ҳурмату эҳтироми кулли башарият гардид. Дар байни 500 мусулмони муътабари ҷаҳон мақоми волоро соҳиб шудан, нишони манзалати баланди Сарвари давлати тоҷикон аст.
Эй Ҷаноби Олии олимақом,
Фахри миллат, пешвои тоҷикон.
Сарвари арзандаи халқу Ватан,
Сарвари дар анҷуманҳо хушсухан.
Тоҷики боору нангу бовиқор,
Тоҷики бо тоҷиконаш комёр.
Аҳмадалӣ Набиев
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат», ки аз тарафи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, дар байни аҳли ҷомеа дастгирии зарурӣ ёфт. Ин санад нишон дод, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар интихоб намудани Пешвои миллати худ хато накардаанд. Ӯ барҳақ сазовори ин унвону мақоми баланд мебошад.
Таъсиси Квотаи президентӣ бо мақсади дастгирии ҷавонписарон ва духтароне, ки дар деҳот ба сар мебаранду имконияти молиявии таҳсил дар макотиби олиро надоштанд, тавонист ҷавононро дар гирди Президент ҷамъ оварад. Инчунин, бо ташаббусу дастгирии Сарвари давлат таъмини ҷумҳурӣ бо кадрҳои болаёқати ҷавон кафолат дода шуд. Имрӯз дар давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон барои таҳсили онҳо шароиту имкониятҳои васеъ фароҳам омадааст. Хеле хушоянд аст, ки Президенти муҳтарами Тоҷикистон дар ҳар як сафари хориҷии худ аз ҳолу аҳволи донишҷӯён бохабар шуда, ба онҳо ёриву дастгирӣ мерасонанд ва хотири эшонро болида медоранд. Ин гувоҳи он аст, ки Пешвои миллат ҳамеша аз шароити ҷавонон бохабар буда, ғамхории хешро нисбат ба онҳо дареғ намедорад.
Дар сар, агар ҷавон бувад раҳбари мо,
Сомонии ин замон бувад раҳбари мо.
Бо меҳри зиёди худ ба халқу кишвар,
Бар ҷисми Ватан чу ҷон бувад раҳбари мо.
Барот Сайид
Алҳол дар саросари кишвар бо мақсади бардаму солим нигоҳ доштани неруи ҷавонон толорҳо, майдончаҳо ва иншооти муосири варзишӣ бунёд карда шудаанд. Акнун ҷавонон вақти худро барои мустаҳкам намудани саломатӣ ва ҷисми худ равона месозанд. Боиси ифтихор аст, ки ин заҳматҳо барабас нарафтанд; имрӯз ҷавонони тоҷик парчами давлати худро дар миқёси ҷаҳон баланд бардошта, сазовори ҷойҳои аввал мегарданд.
Ҳамасола бо мақсади омӯхтани дарси мардонагиву далерӣ ҷавонон ба хизмати Модар-Ватан даъват карда мешаванд. Чанд соли охир шумораи ихтиёриён ба таври назаррас афзуда истодааст. Зеро тинҷиву амоние, ки дар фазои ҷумҳурӣ бо кӯшишҳои Сарвари давлат ҳукмфармост, ҷавононро барои хидмати содиқона ба Ватан ҳавасманд месозад.
Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» низ раванди тарбияи насли ҷавонро дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ватандӯстӣ ва меҳнатдӯстӣ таҳким бахшид. Инчунин, таъсиси Идрорпулии Президентӣ дар байни донишҷӯёни мактабҳои олӣ аз садоқату заҳматҳои ҳамешагии Президент нисбат ба ҷавонон гувоҳӣ медиҳад.
Маҳз бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар даврони истиқлол теъдоди бонувону духтарони ҷавон дар зинаҳои гуногуни давлатӣ ва мақомоти роҳбарикунанда афзоиш ёфт. Бо итминон метавон гуфт, ки ин бовариву дастгириҳо дар пешрафти давлати тоҷикон ва бунёду ободии кишвари азизамон нақши барҷастаи худро хоҳанд гузошт.
Каримова Гулзира Нуруллоевна
муовини директор оид ба корҳои
методӣ ва умумии Пажуҳишгоҳи
илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти
Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.

