Аҳмади Дониш ситораи дурахшоне буд дар осмони Бухорои асри ХIХ, ба ифодаи устод Айнӣ “Аҳмади калла, чунонки осораш далолат мекунад, дар муҳити Бухоро ба инқилоби илмӣ, адабӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ раҳбар ба шумор меравад”. Ҳамин нуфуз, камоли илму адабу дониш, рафъати андеша ва иззату эътибору шараф буд, ки аморати Бухоро Аҳмади Донишро се мартаба дар ҳайати расмии намояндагони дарбор ба Россия фиристод. Мусофаратҳо ба Россия ба рӯи Дониш олами навро боз кард, ӯ “муҳити бекаронаи берун аз Бухороро дид ва пастиву баландиҳои замину замонро дар тарозуи хирад хубтар баркашид” ва таҳти таъсири ин сафарҳо “халқи Бухороро аз хоби ғафлат бедор ва ба ин васила фикрҳоро софкорӣ карданӣ буд”. Дониш дар ин мусофиратҳо ҳаргиз меҳмон ва тамошобини одӣ набудааст, ин абармарди Бухорои Қадим ба ҳама ва ба ҳар чӣ бо чашми дилу бо дидаи эътибор нигаристааст, барои ӯ ҳама чиз омӯзандаву аҷиб менамуд – аз ободонию хуррамии шаҳр, музейҳои бошукӯҳ, базмхонаву тамошохонаҳо, рушди илм то рӯҳияи мардуму зиндагии ононро ба мушоҳида мегирад.
Сафарҳои Аҳмади Дониш ба Россия ҳамагӣ бештар аз ним сол тӯл кашидааст, дар ин муддат ӯ паҳлуҳои гуногуни зиндагии бошандагони шаҳри Петербургро, то он ҷо ки имкону шароит буд, мушоҳида кардааст, аз рушди санъату ҳунари ин кишвар, аз ҷумла сирки русӣ бохабар гаштааст ва ҳосили мушоҳидаву андешаҳояшро дар “Наводир-ул-вақоеъ” бо тафсил навиштааст. Дар пайи ин гуфта саволе пеш меояд: модоме ки Дониш дар тӯли бештар аз шаш моҳи мусофират ҳаёти мадании як кишвари бегонаро ин қадар мушоҳида намуда бошад, пас ба ҳаёти маданӣ, ба рӯзгори аҳли фарҳангу ҳунари Бухоро, ки тамоми умр он ҷо зистааст, чӣ назаре дорад, оё дар хусуси ҳунарҳои сиркӣ чизе гуфтааст?!
Бухоро аз даврони куҳан яке аз марказҳои фарҳангии Шарқ буд. “Ин Бухоро манбаи дониш бувад” – чунин васф кардааст Мавлоно Ҷалолиддини Балхии Румӣ. Баъд аз чанд қарн мардумшиноси рус М.С. Андреев Бухороро “маркази ақлу руҳи Осиёи Миёна” меномад. Дар ин шаҳри “манбаи дониш ва ақлу руҳи Осиёи Миёна” санъати мусиқӣ, театрӣ, рақсу шашмақомхонӣ ва ҳунарҳои сиркӣ рушду инкишоф ёфтаанд ва гоҳе бино бар вазъи номусоиди замон аз равнақ бозмондаанд. Ба таъкиди санъатшинос Н. Нурҷонов “Бухоро бо майдону бозорҳои серодамаш, иду маросимҳои пурдавомаш, шавқу рағабати зиёди бошандагонаш ба дилхушиву саргармиҳо барои ҳунармандони жанрҳои гуногуни сиркӣ беҳтарин имкониятҳоро фароҳам оварда буд. Дорбозон, ки дар ҳунари сиркӣ шуҳрат доштанд, ҳар гоҳе дар ин ё он гӯшаи шаҳр пайдо мешуданд ва тамошобини бисёр ҳам доштанд”.
Аҳмади Дониш дар бораи ҳунарҳои сиркии дар Бухоро маъмулбуда алоҳида ва ба тафсил сухан нагуфтааст, чунонки таассуроти хешро аз номераҳои сиркии дар Петербург дидааш бо таърифу тавсифу ибороти рангин ба силки тасвир мекашад. Дар Бухоро манзара дигар аст. Дониш вақте базму зиёфатҳои ба ҳар баҳона барпо намудаи ҳокимони вақт, алалхусус амир Музаффарро ба боди танқид мегирад, ба гарм будани бозори масхарабозону дорбозон дар ин базму зиёфатҳо ишорат мекунад, аммо дар ин ишорот васфи ин ҳунарҳо нест, балки афсӯсу надомату хуни дил хӯрдан эҳсос мегардад. Ӯ дар «Рисола ё мухтасаре аз таърихи салтанати хонадони манғития» менависад: “Дигар назме, ки амир Музаффар дар боби вилоятдорӣ ниҳод, вазъи даври уғур (даври оташ) ва рақси бачагон ва қавлу ғазали масхарабозон ва дорбозии эшон буд, ки дар тамоми солу фусул ин шева дар ҳамаи қаламрав ҷорӣ буд ва шабу рӯз овози нойу дуҳул аз ҳама ҷо баланд буд, то ахбору ароҷиф (дурӯғ) (ба) халқ наафтад ва ҳама бад-ин масхарагӣ машғул бошанд ва халқ гумон кунанд, ки ҳама ҷо орамидааст ва ҳама фасоду фитнаҳо хобидааст, ки агар дар ҳаволии (гирду атрофи) мамлакат манқазате (вайроние) бошад, мумкин набуд, ки амир бад-ин навъ дилҷамъ бошад ва сомони тарабу дуҳул кунад”. Дуруст аст, ки Дониш дар ин фиқра “дар тамоми солу фусул” ба гарм будани бозори масхарабозону дорбозон ишорат мекунад ва агар мо ба ин ишорот такя карда, аз равнақи масхарабозиву дорбозӣ дар он замон сухан бигӯем (чун мавзӯи мавриди назар ҳунарҳои сиркӣ аст), ин нодида гирифтани дарду алами Дониш аст, ҳол он ки худи ӯ ошкоро мегӯяд: дар паси “қавлу ғазали масхарабозону дорбозон” “фасоду фитнаҳо хобидааст”. Матлабу мақсади аслии Дониш нишон додани маҳз ҳамин вазъи фалокатзадаи замон аст, базму тарабу масхарабозиву дорбозӣ парда аст барои пинҳон кардани фисқу фасоду фиребу фитнаҳои амиру амалдорон. Ин набишта, дар айни вақт, шаҳодат аз он ҳам медиҳад, ки дар ҳамон замони фасоду фитнаҳо соҳибдилоне, мисли Дониш низ буданд, ки бе тарсу ҳарос, руку рост овоз баланд мекарданд ва садои дили мардуми одиро бармало мегуфтанд. Ӯ дар идомаи набиштаи боло овардааст: “То ба ҳадде ки мардуми шаҳр аз беобӣ ҷон медоданд ва гоҳо аз гаронии нархҳо қолаб тиҳӣ мекарданд, овози нойу дуҳулу карной ҳамчунон баланд буд ва раққосон дар рақсу симоъ ва дорбоз бар болои сим ҳамчунон муаллақ мерафт. Мардум дар муғолата меафтоданд (ба ғалат меафтоданд), ки ... ин вақт маҳали гиристану мавриди истиғфор кардан аст, на вақти рақс кардану бар сари дор рафтан”. Пайдост, ки аз чашми ҳақбину ҳамабини Дониш санъату ҳунари мардуми Бухорои куҳан ниҳон нест ва ӯ ба ин санъату ҳунар бетафовут ҳам нест, ҳасрат мехӯрад, ҷигархун мешавад, ки амиру амалдорон фарҳангу ҳунарро хору залил карданду мекунанд, ба ҳар ваҷҳе ҷашну идҳо баргузор намуда, санъату ҳунарро дар бештарин ҳолатҳо ба муроди дили хеш, ба вижа ҷиҳати ниҳон доштани харобии кишвар истифода мебаранд. Дониш аз ин бесомониҳо дилтангу дилхун мегардад, ҳарчанд медонист, ки овозаш ба гӯши амиру амалдоре намерасад ва ба гуфти худаш «фарёде аст дар рӯзи боди шадид», вале боз ҳам бо як шуҷоату далериву нотарсии ҳайратовар садо баланд мекард, ки: «...дар ақиби пойнавбат ва аз паси дорбозиҳо ҳама авбош ва аҷомир… дастҳо бардошта, ҷаноби амирро дуо мекарданду халқи тамошобинро ба дуо даъват мекарданд, ки амирро дуо кунед, ки ҷаҳонгир шаванд. Ин чӣ шӯру ғавғост ва ин чӣ базму тамошо, ки мо дар асри ин амир (амир Музаффар-Ф.Ҷ.) мебинем ва дар аҳди падару падару падар надида ва нашунидаем, илоҳӣ ҳазрат ҷаҳонгир шаванд ва камарашонро Ҳайдари каррор бандад».
Пинҳон нест, ошкор аст, ки Дониш санги маломат ба сари ҳуккоми замон мезанад, охир ононанд, ки санъатро ба чунин ҳол ва аҳли санъатро бад-ин варта афкандаанд. Маҳз ҳамин гуна ғайрату ҳиммату нотарсиву ошкорбаёнӣ “сурату сирати пурҷозиба ва боназокати ин марди шарифи миллатро барои мо” боз шукуҳманд мекунад, таъйид менамояд, ки адабиёту санъат дар ҳама давру замон ҷузъи ҷудонопазири таърихи башарият буду мебошад ва ҳаводиси вақт, рӯзгори мардумро бо ҳама баду некаш метавонад инъикос намояд, ба таъбири дигар, адабиёту санъат оинаи вақт, ҳатто эътирозу муқобала ба вазъи замон низ буда метавонанд, ҳароина бо рангу мазмуни гуногун, гоҳ пӯшидаву гоҳ ошкор.
Аҳмади Дониш дар “Рисола...” чандин бор ишорат ба дорбозӣ мекунад, аммо чун мақсади аслии ӯ баёни усули ҳукуматдории амирони замон буд, ҳунари дорбозӣ, он тавр ки миёни мардум шӯҳрат дошт, пеши назар ҷилвагар намегардад. Дар асл аҳли таҳқиқро маълум аст, ки дорбозӣ аз қадимулайём дар байни мардумони Осиёи Миёна ва соири халқҳои дигар маълуму машҳур буд ва ҳамеша бо шӯру шодмониву ҳайрату ҳаяҷон истиқбол мегардид.
Фармон ҶӮРАҚУЛОВ,
шуъбаи фарҳанг
ва санъатшиносӣ

