Аз силсилаи тасвири ҳунарҳои
сиркӣ дар осори адибон
Устод Айнӣ аз мактаби адабии Аҳмади Дониш гузашта буд, “Наводир-ул-вақоеъ”-ро ба такрор хондааст ва дар бораи ин асар ёддоштҳои пурарзиш дорад. Аз ду ишорати устод дар “Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро”, ки ахиран чун қисми панҷуми “Ёддоштҳо” ба нашр расид, маълум мешавад, ки он фасодату табаҳкориҳо, ки Дониш дар вақташ ба боди танқид гирифта буд, то охири ҳукумати манғитиён давом кардааст, бар илова, тӯйҳои серхарҷ, ки амалдорону амалхоҳон ба ҳар баҳонае барпо мекарданд, урфӣ шудааст. Устод Айнӣ ба усули давлатдории охирин амири манғит – амир Олимхон ишорат намуда, аз ҷумла менависад: “Амир дар атрофаш Имомқул ва амсолашро ҷамъ карда, ба воситаи эшон сирку базму моюлозими ишрати ҷисмониро омода карда, ба фикри хурсандӣ ва шодмонии мавҳуми худ буд...”. Аз ишорати дигари устод бармеояд, ки амир Олимхон баъд аз сайрҳои наврӯзии соли 1331 “барои такмили айшу фирӯзии худ Насруллоҳбийи қӯшбигиро тӯй фармуданд”, аммо тӯй додан бо Насруллоҳбийи қӯшбегӣ хатм нашуд, он ба сабқат табдил ёфт... Аз ин маърака Мир Бурҳониддини “мизоҷшиноси амир ва аҳли дарбор” дар ғафлат намонд ва аз он ба фоидаи худ истифода бурданӣ шуд. Чун “тӯй кардан ба Мир Бурҳониддин муқаррар шуд ... дар таҳияи шодмонии амир аз тоқати муосиронаш берун кӯшиш кард, аз миллионҳое, ки дар 20-солаи қозикалонии падару чандсолаи қозигиву раисии худ аз фуқарои муслимин ҷамъ шуда буд, беибо сарф намуд. Дар тӯй сирку синамотуғроф (яъне кино) ҳозир кард. Аҳли базму созро аз тамоми Туркистон ҷамъ намуд. Хубрӯёни ҷаҳонро аз мусулмону рус, аз амориду давошиз барои такмили ишрати подшоҳӣ муҳайё кард...” Ин навиштаҳои устод ҳаргиз баёни хушку холии тӯйҳои арбоби давлат нест, фош мегӯяд, ки ин тӯйҳо аз ҳисоби он миллионҳост, ки “аз фуқарои муслимин ҷамъ шуда буд”. Рӯзгори пуразоб ва обилаи дастони “фуқарои муслимин” ба Айнӣ аз хурдӣ ошност, ин муҳитро хуб медонад, ноадолатиҳоро ба чашми сар дидааст. Ин ҳолу ҳаво барояш дардноку аламовар аст, ҷонаш месӯзаду дилаш ба дард меояд. Нависандаи маъруфи рус Достоевский Ф.М. андешае дорад, ки инсон машаққакту бадбахтиҳоро дида, аз сар гузаронида, худ ва ҷаҳонро амиқтар мефаҳмад ва ин фаҳмиш метавонад дар адабиёту санъат таҷассум ёбад. Дар рӯзгори устод Айнӣ азобу машаққату бадбахтиҳо кам набуданд, мазмуну мундариҷаи бештари осори ӯ бозгӯи ҳамин ранҷу азобҳост.
Дар тӯй ҳозир кардани сирку кино “тоқати аз муосирон” дастболо будан, мояи тафохур, нишон додани садоқату вафодорӣ ба ҳукумрони вақт аст, то бошад, ки ба мансаби баландтаре сазовор донад ва ин набиштаҳо дар маҷмӯъ аз низоми давлатдорӣ, аз табиати аҳли ҷоҳу мансаб, аз сиришти инсон ва ҳавою ҳаваси ӯ дарак медиҳанд.
Ба ғайр ишорати боло дар қисмҳои дигари “Ёддоштҳо” низ саҳнаҳои гуногуни ҳунару бозиҳои сиркӣ бисёр ба чашм мерасанд, ба вижа дар фаслҳои мансуб ба сайру гаштҳои идона. Дар як гӯшаи сайргоҳ бачагон парандҳои дастомӯзро ба ҳаво сар дода, шодмонӣ мекунанд, дар гӯшаи дигар паҳлавонон гӯштин мегиранд ва ғ.ҳ. Дар қисми чоруми “Ёддоштҳо” фасле ҳаст бо номи “Иди наврӯзӣ ва сайри Ширбадан”. Устод Айнӣ дар оғози фасл ишорат ба таърихи қадимӣ доштани иди Наврӯз мекунад, онро “яке аз идҳои пеш аз исломият” медонад ва ёдрас мешавад, ки “халқи тоҷик, дар ҳолате ки иди рамазон ва иди қурбон барин идҳои диниро як рӯз барпо медошт, иди Наврӯзро ҳафтаҳо давом медод”. Дар Бухоро Наврӯзро бо тамоми шукуҳу шаҳомат таҷлил менамуданд, арбоби давлат вақтро ғанимат дониста, Наврӯзро ба манфиати хеш истифода мекарданд: “Амирони охирии Бухоро ин идро дар роҳи дуру дароз машғул доштани халқ ба корҳои бефоидаи зарари моддинок истифода карда, ба ин восита худ осуда зиндагонӣ кардан хостанд… Ӯ (амир Музаффар-Ф.Ҷ.) дар ҳар ҷо ки манзил кунад, чавкӣ (базми умумӣ) барпо карда, мардумро ба тамошои вай машғул мекард, то ки ба ин восита оммаи халқро водор кунад, ки аз кирдорҳои нописандидаи ӯ чашм пӯшанд ва ё ин ки ба дидани он кирдорҳо фурсат наёбанд. Аз ин ҷумла, ӯ дар Ширбадан ном чорбоғи худ…сайри наврӯзӣ ташкил медод, ин сайрҳои ӯ то ду моҳ, ҳатто то ҳафтод рӯз давом мекард». Ҷои шаку тардид нест, ки як ҷузъи хурсандии ин базмҳо намоишҳои сиркӣ буданд. Дар воқеъ, агар навиштаҳои Аҳмади Дониш ва С. Айнӣ муқоисатан таҳқиқ шаванд, хоҳем дид, ки ин ду абармарди адабиёт дар инъикоси воқеоти замон ба ҳам бисёр наздиканд.
«Достони сайри Ширбадан»-и устод Айнӣ, чунонки аз номаш пайдост, маҳсули ҳамин сайри наврӯзист. Пас аз тасвири манзараҳои гуногуни сайрго, “созу овозу рақсу суруд” ишорат ба гӯштингирӣ мекунад, ки дар идҳо маъмул буд ва ҳоло ҳам чунин аст:
Пайи гӯштин маърака соз шуд,
Сӯи гӯштин дидаҳо боз шуд...
Ҳама чусту чолоку соҳибҳунар,
Ҳунарҳо нишон дода бар якдигар...
Бояд ёдрас кард, ки гӯштингирӣ дар сиркҳо то солҳои нездик хеле маъмул буд, албатта, дар доираи вижагиҳои сирк. Дар достони мазкур ин нукта муҳим аст, ки он дар омӯзиши таърихи робитаҳои фарҳангии Россия бо Бухоро ва умуман Осиёи Миёна сарчашмаи муътамаде буда метавонад. Дар ҳамон сайри наврӯзӣ ба Айнии ҷавон муяссар шудааст, ки намоиши сиркбозони русиро тамошо кунад ва “ҳама кори он сиркро сар ба сар” баён намояд:
Нахустин кашиданд симе дароз,
Баромад зани русии симбоз.
Ба боло, чунон лӯъб оғоз кард,
Ту гӯӣ, ки мурғест парвоз кард.
Ба таҳсини ӯ ҷумлагӣ ҳамзабон –
Ҳама офаринхон, ҳама кафзанон. [3, с.202].
Баъд аз ин ба як тартиби муайян номераҳои дигари сиркӣ – аспдавонӣ, масхарабозӣ, гурзбардорӣ ва суруду рақсро ба назм медарорад, аммо аз ҳама беш диққати ӯро ҳунару санъати Нина ном духтарча ба худ ҷалб кардааст:
Дар он байн духтарчае Нина ном,
Ба овози хубу ба ҳусни тамом.
Суруде сароиду рақсе намуд,
Ба санъат ту гӯӣ, ки мислаш набуд.
Ба овози ӯ ҳар касе гӯш кард,
Дигар созҳоро фаромӯш кард.
Пайи рақс печид ба худ чунон,
Ки гуфтанд ӯ ҳаст беустухон.
“Ёддоштҳо”-и устод Айнӣ таърих, доиратулмаорифи Бухорои замони зисту зиндагии ӯст, дар он паҳлуҳои гуногуни ҳаёти Бухорои охири асри ХIХ, ҳатто бозиҳои варзишӣ, мисли ҷаҳидану давидан, гӯштингирӣ; тарфбозӣ ва хартозиву тагал ҷангандозӣ барин саргармиҳо, ки дар назари аввал тасвири онҳо чандон муҳим наменамоянд, акс ёфтаанд. Вале, ин дар назари аввал, чун жарф бингарем, дар ҳамин саргармиҳо ҳам таърихи он рӯзгорон, ҳаёти мардум, андешаву афкор ва хислату хӯи одамони касбу кори гуногун ифода шудаанд; сайру гаштҳои идона бо ҳама ҳусну қубҳашон пеши назар ҷилвагар мешаванд. Муҳимтар аз ин, дар ҳамин набиштаҳо нақши равшангарии устод бармало эҳсос мегардад, кас сари фазилатҳои одамӣ, ба мисли одамгариву ноодамӣ, мардиву номардӣ; мавқею манзалати инсон ва замон, қисмату сарнавишт ба андеша меравад, тафаккур мекунад, дирӯз ва имрӯзро ба тарозуи хирад мегузорад ва, бе ҳеч шак, инсони ҳушманд аз он сабақе мегирад, дарси ҳаёт меандӯзад.
Фармон Ҷӯрақулов,
шуъбаи фарҳанг
ва санъатшиносӣ

