Ҷашнҳои қадимии ниёгони мо

Тавре ки аз сарчашмаҳои таърихӣ бармеояд, Наврӯз, Меҳргон, Сада, Тиргон ва ғайри инҳо аз он ҷашнҳое мебошанд, ки дар гузашта мавриди таҷлили бошаҳомати ниёгони мо қарор доштанд. Ҳар як аз ин ҷашнҳо ба унсурҳои моддӣ ва ҳодисоти табиат ба мисли обу хок, замину осмон, боду ҳаво, барфу борон, гармову сармо, оташу нур, равшанию торикӣ, кӯтоҳию дарозӣ ва баробаршавии шабу рӯз иртибот дошта, ҳамчун пайвандгари муҳаббати инсон ба табиат, баёнкунандаи эҳёи аносири табиат ва  манофеи онҳо, оғози корҳои баҳорӣ, истифодаи неъматҳои табиат ва қадрдонӣ аз онҳо дониста шудаанд. Лекин ин ҷашнҳо муддате, яъне дар замони пеш аз истиқлол аз доираи иду ҷашнҳои расмӣ канор монданд. Бо ин вуҷуд онҳо дар ёду қалб ва анъанаву одати халқи тамаддунсозу фарҳангдӯстдори тоҷик мақоми хоссаву мондагор доштанд. Гарчӣ пас аз солҳои 1980 таҷлили қадимтарин ва фархундатарин ҷашни миллии мо – Наврӯз бо вижагиҳояш  тақвият меёфт, лек ҳанӯз ба мақом ва моҳияти аслии худ нарасида буд. Хушбахтона, Наврӯз баъди соҳибистиқлолиятии кишвар ҷойгоҳи хосса пайдо кард ва дар радифи ҷашнҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷиикисто ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ қарор гирифт. Албатта, ин иқдом бо ташаббус ва талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин муҳаққиқону донишмандони фарҳангдӯсти тоҷик ба амал вайваст.

Наврӯз, ки тӯли таърих марзҳоро убур карда, ҳатто ба фарҳанги миллатҳои ҳамҷивор ворид шуда буд,  дар ибтидои асри XXI ба таври расмӣ аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ  эътироф ва тасдиқ гардид. Созмони ЮНЕСКО дар соли 2009 Наврӯзро ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият даровард. Санаи 18 – уми феврали соли 2010 бошад, бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои минтақаи Наврӯз  дар ҷаласаи 64 – уми ассамблеяи генералии Созмони Миллали Муттаҳид, зери фасли 49, ки  “Фарҳанги ҷаҳон” ном дорад, қатъномаи “Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз” ба тасвиб расид. Дар қатънома дарҷ гардид, ки ҳамасола дар дунё 21 – уми март ҳамчун “Рӯзи байналмилалии Наврӯз” таҷлил ёбад ва аз кишварҳои ҳавзаи Наврӯз даъват шуд, ки ҳар сол Наврӯзро бо шаҳомат ҷашн гиранд, инчунин дар густариши суннатҳои он ҳиссагузор бошанд. Ғайр аз ин, Марказҳои илмии давлатҳои ҳавзаи Наврӯз бояд роҷеъ ба таърих ва вижагиҳои неки он пажуҳишҳоро анҷом дода, дар муаррифии он нақши худро гузоранд.

Тоҷикистон, ки ворис ва яке аз пешоҳангони эҳёи ҷашни Наврӯз аст, дар ин самт хеле фаъол ва мумтоз мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати хирадмандонаву фарҳангдӯстонаи хеш кӯшиданд, ки наслҳоро бо аслҳо бипайвандад ва ҷиҳати рушди соҳаҳои гуногуни кишвар заминаҳоро муҳайё созад, аз ҷумла ҷашнҳои қадимии миллиро эҳё ва ба ҷаҳониён муаррифӣ намояд. Аз ин ҷост, ки ҳамасола дар тамоми шаҳру ноҳияҳо, ҷамоату деҳот, мактабҳои миёнаву олӣ  ва муассисаҳои давлатию ғайридавлатӣ Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати баланд ҷашн гирифта мешавад.

Сарвари давлат, ки пайваста дар суханрониҳои худ доир ба Наврӯз  вазифаву арзишҳои волои ин ҷашн ва аҳаммияти онро дар раванди таҳкими ҳуввияти миллӣ, ваҳдату ягонагӣ, сулҳу дӯстии мардуми кишвар ва аҳли олам баён менамояд, имсол низ дар Паёми худ ба ин масъала таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, Наврӯзро аз ҷумлаи мероси ориёиҳо барои аҳли башар номид. “Боиси ифтихори мост, ки гузаштагони некноми мо – ориёиҳо ба ҷаҳониён забону фарҳанг, илму ҳунар, ойину суннатҳои бою рангоранги башардӯстона, аз ҷумла Наврӯз, инчунин, анъанаҳои пешрафтаи давлатдорӣ, яъне тамаддуну фарҳанги ҷовидонаро ба мерос гузоштаанд”. Сарвари давлат дар баробари Наврӯз дигар ҷашнҳои миллии гузаштагони мо, аз ҷумла Меҳргон, Сада ва Тиргонро таҷассумгари андешаҳои инсондӯстӣ, бузургдошти табиат ва асоси ҳувияту асолати мо - тоҷикон шуморид. Аз ин рӯ, ба Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дастур доданд, ки бо дарназардошти фалсафаю ҳикмати ҷовидонаи Наврӯз, суннату анъанаҳои башардӯстонаи он ва истифодаи онҳо барои тарбияи наслҳои оянда дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе Маркази байналмилалии Наврӯз бунёд карда шавад. Илова бар ин, Академияи миллии илмҳо, муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ ва лоиҳакаширо вазифадор карданд, ки бо ҷалби олимону донишмандон консепсияи маркази зикршударо дар асоси анъанаҳои меъморӣ ва шаҳрсозиву шаҳрдории бостонии тоҷикон таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд. Тавре ки аён мегардад, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шинохт ва арҷгузорӣ ба фарҳанг, тамаддун ва мероси пурғановати ниёгонамон хеле бузургу назаррас аст. Дар ҳақиқат, ҷашну анъанаҳои неки мардумӣ ҳамчун осори фарҳанги миллӣ васлгари гузашта, имрӯз ва ояндаи халқ буда, барои сулҳу дӯстӣ, ваҳдату ягонагӣ, арҷгузории арзишҳои маънавӣ, одобу ахлоқ ва тақвияти худшиносию ҳуввияти миллӣ воситаи пураҳаммият мебошад.

 

                                                                       Сироҷиддин Пиров,

                                                                          корманди шуъбаи илмӣ-

                                                                           методии ПИТФИ  

барчасп: