Эътироф гардидани тамаддуни тоҷикон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон, инчунин ба Феҳристи Мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО сабти ном гардидани ёдгориҳои таърихии мо, муаррифӣ аз миллати кӯҳанбунёду соҳибтамаддун будани он дарак медиҳад. Ҳамин аст, ки санаи 2 июли соли 2025 дар Ҷаласаи 47-уми Кумитаи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО, ки дар шаҳри Париж баргузор гардид, парвандаи «Хуттали Қадим» расман ба Феҳристи Мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид.
Ёдовар бояд гардид,ки имрӯзҳо вазъияти ҷаҳон дар ҳолати бисёр мураккабу ҳассос қарор дорад ва оламиён ҳар чӣ бештару пештар мехоҳанд таъриху фарҳанги миллатҳои қадимиро аз худ кунанду худашонро дар арсаи олам ҳамчун мардуми қадимӣ муаррифӣ кунанд. Дар раванди азхудкунии фарҳангҳо мо тоҷиконро зарур аст, фарҳангу тамаддуни аҷдодии миллати худро соҳибӣ кунем. Чуноне ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъриху фарҳанги миллатро на танҳо нигоҳ доштанд, балки фарҳанги тоҷиконро ҳамчун нигини тамаддуни ҷаҳон ба оламиён муаррифӣ намуданд: “Мо бояд мероси гаронбаҳои ниёгонамонро ҳарчи бештару амиқ омӯхта, ба гузаштаи пурифтихори халқи тоҷик баҳои воқеӣ диҳем, онро ба ҷаҳониён дуруст муаррифӣ кунем ва ба решаҳои таърихиву фарҳангии худ эҳтиром гузорем”. Аз ин гуфтаҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон метавон хулоса кард, ки роҳбари давлати мо воқеан абармарде ҳастанд, ки бо ҳисси баланди миллӣ таъриху тамаддуни чандинасраи миллати тоҷикро зинда карда, маъруфу машҳури олам намуданд.
Дар иртибот ба суханҳои фавқ зимни пажӯҳишҳои майдонии шаҳру ноҳияҳои кишвар дар баробари дигар ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон таваҷҷӯҳи моро кӯҳи муъҷизаҳо– кӯҳи Эмом Аскарӣ ҷалб намуд, ки тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон онро мавриди арҷгузорӣ қарор додаанд. Кӯҳи мазкур ба шарофати ҳамин рӯҳонӣ Эмом Аскарӣ ном гирифтааст. Ба хотири эҳтирому дӯстдорӣ онро Эмом Аскариҷон ё худ Эмом Аскараҷон ва баъзан мухтасар Эмомаскарӣ гуфта ном мебаранд. Мазори Ҳазрати Эмом Аскарӣ дар деҳаи Доғистони ҷамоати деҳоти Доғистон ҷойгир аст. Ин зиёратгоҳ аз бузургтарин муқаддасоти ноҳия маҳсуб шуда, соле онро ҳазорон ихлосмандон зиёрат менамоянд. Воқеан, ин зиёратгоҳ аз ҷиҳати мавқеъи ҷойгиршавиаш хеле аҷибу назаррабо буда, дар баландии тақрибан 3-3.5 ҳазор метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст. Дар чунин як ҷои баланду зебоманзар ҷойгир шудани мазор худ гувоҳи хеле азизу арҷманд будани ин бузургвор аст.
Эмом Ҳасан Аскарӣ, эмоми ёздаҳуми аз шумораи имомҳои дувоздаҳгона мебошад, ки тахминан дар солҳои 231, 232 ё 233 ҳиҷрӣ (845-846) дар Мадинаи Мунаввара ба дунё омадааст. Падараш – ал-Ҳодӣ имоми даҳум дар давраи хилофати ал-Мутаваккил аз Мадина ба Сомаррои Ироқ кӯчид ва он ҷо таҳти назорати сахти одамони халиф қарор дошт. Ал-Ҳодӣ баъди 10 соли зиндагӣ дар Сомарро дар соли 254(868) вафот кард. Азбаски шаҳраки Сомарроро “мадинат-ул-аскар” (шаҳраки аскарҳо) мегуфтанд, аз ҳамин сабаб яке аз лақабҳои эмом Ҳасан, ки баъди сари падараш шииён ӯро чун имоми ёздаҳум пазируфтанд, “Аскарӣ” шуд. Модараш Савсан ва ба қавле Ҳадиса ном доштааст.
Эмом Ҳасан се бародари хурди дигар бо номҳои Ҳусейн, Муҳаммад, Ҷаъфар ва як хоҳар бо номи Ойиша дошт. Вале аз байни онҳо падараш Алӣ ал–Ҳодӣ маҳз ӯро –Ҳасанро ҷонишини худаш интихоб кард. Эмом Ҳасан дар соли 260 (837) дар ҳамон Сомарро дар сини 28 ё 29 солагӣ аз олам даргузашт ва дар паҳлӯи қабри падараш ба хок супурда шуд. Баъд аз вафоти Ҳасан масъалаи имомӣ матраҳ шуд. Онҳои писари хурдсоли имом Ҳасан– Муҳаммадро, ки ҳангоми вафоти падараш 5 сола буд, имоми худ интихоб карданд. Имом Муҳаммад имоми охирони шииёни дувоздаҳгона буда, лақабаш ал– Маҳдӣ кунятиаш Абулқосим аст. Ӯ дар соли 255 (868) ё 258 (872) дар Сомарро ба дунё омада, дар солҳои 264,265 ё 266 ҳиҷрӣ вафот кардааст.
Тибқи нақлу ривоятҳо доир ба ин пири рӯҳонӣ ривоятҳо гуногунанд, ки қисмати зиёди онҳо ба муъҷизаҳои динӣ иртибот доранд. Машҳуртарин қисса дар байни сокинони деҳаи Доғистони ноҳияи Шамсиддини Шоҳин чунин аст: Эмом Ҳасани Аскарӣ фарзанди ҳазрати Алӣ, ки бо донишу заковати баланд аз кӯдакӣ дар байни мардум мӯътабар мешавад, боиси бедор гардидани ҳисси ҳасудиву бадхоҳӣ дар дили нафароне мегардад, ки ба ҷони ӯ қасд мекунанд, ӯ роҳи гурез мегираду то ба мавзеъи имрӯзаи кӯҳи Эмом Аскара мерасад ва ба Худо аз шарри душман паноҳ металабад, ҳамон замон ба даруни кӯҳ роҳраве кушода мешаваду ӯ ба даруни кӯҳ пинҳон мешавад. Аз он ҷо чашмае ҷорӣ мешавад, ки давои чандин беморон буда, гӯё ба хотири ташнашикании ҳамин бузургвор пайдо гардидааст. Варианти дигари ривоят пайдо кардем, ки чунин аст, ки гӯё Эмом Аскарӣ бо падараш нафаҳмида ҷанг мекунад, вақте мефаҳмад, ки падараш мебошад, аз ин хеле пушаймон шуда, аз шарм ба ин мавзеи имрӯза меояд.
Бинобар ривоятҳои шунида, дар баландии 3000 метр аз сатҳи баҳр дар даруни кӯҳ дар чуқури 72 метр чашмае мавҷуд аст, ки дармонбахши ҳамаи дардҳост. Ва замоне будааст, ки аз даруни кӯҳ об ҷорӣ мегаштасту ҳангоми ба замин афтодан шакли санги сафедро мегирифтаст, мардуми ин маҳал онро шири шутур мегуфтаанд, ҳар нафаре бо ихлоси баланд даруни кӯҳ медаромадасту шири шутур насибаш мегаштаст, ҳама дардҳояш даво меёфтаасту орзуҳояш амалӣ мегардидааст.
Дар натиҷаи таҳқиқу баррасӣ маълум гардид, ки баъзе ашхос ин бузургворро ба фарзандони ҳазрати Алӣ домоди паёмбари ислом, яъне ба наберагони Ҳазрати Муҳаммад (с) нисбат медиҳанд, ки ин маълумот куллан ғалат аст. Аз пайвандону наздикони паёмбари ислом тибқи сарчашмаҳои мӯътамад ягон нафари онҳо ба ин сарзамин наомадааст. Ҳатто дар мавриди худи ин шахсияти рӯҳонӣ, ки Эмом Аскарӣ ном мебаранду гӯё дар ҳамин макон хобидааст, ин ҳам дақиқ нест, чунки болотар қайд кардем, ки дар сини 28-29 солагӣ мегузараду дар паҳлӯи падараш дар шаҳри Сомарро ба хок месупоранд. Саволе ба миён меояд, чӣ боис гардид, ки баъди мурданаш ӯро ба ин макони дурдаст биёранд?
Дар бораи чӣ гуна ба ин сарзамин омадану ба кадом хотир мартаҳ шудани номаш ба ин мавзеҳ маълумотеро пайдо накардем. Месазад, ки дар оянда ин мавзеъро мавриди таҳқиқу омӯзиши васеъ қарор дода, ақалан дар бораи мадфуни ин кӯҳи муъҷизаҳо маълумот пайдо кард. Бар замми ҳамаи ҳамин мардум ба ин бузургвор эътимоду эътиқоди беандоза доранд ва ин ҷойро, ки номи ӯро дорад, аз сари сидқ парастиш менамоянд. Воқеан, Эмомаскара ба як зиёратгоҳи воқеии мардуми кишвар ва ҳатто берун аз он табдил ёфтааст.
Ҳусейнзода Зафар

