Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили рушди устувори ҷомеа: таҳлили иҷтимоӣ-фалсафӣ

Ҳар як ҷомеаи иҷтимоӣ барои иҷрои вазифаҳо ва ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор ба як навъи мувофиқати ваҳдати иҷтимоӣ такя мекунад. Шакли чунин ваҳдат, асосан, аз мундариҷаи робитаҳо ва муносибатҳои иҷтимоии байни аъзоёни ҷомеа вобаста аст.

Интиқоли намуди ягонагии иҷтимоӣ, ки хоси як ҷомеаи таърихӣ мебошад, метавонад барои шакли дигари мураккабтари ҷомеаи таърихӣ муассир набошад. Аз ин рӯ, барои такмил додани шакли мувофиқи ваҳдати иҷтимоӣ ҳар як ҷомеа барои такмил ва рушди робитаҳо ва муносибатҳои иҷтимоии мавҷуда дар ҷомеаи худ кӯшиш мекунад.

Агар ба мақоми давлати миллӣ дар низоми байналмилалӣ ва интихоби роҳи мустақили рушди Тоҷикистон пас аз фурӯпошии низоми шӯравӣ аз ин нуқтаи назар чашм андозем, ошкор мегардад, ки дар ин давра он бо мушкилоти марбут ба ташаккул ва ноил шудан ба як навъи ягонагии иҷтимоӣ, ки бо рӯҳияи давлати миллӣ мувофиқ аст, рӯ ба рӯ гардида буд. Гарчанде ҷомеаи тоҷикон дар ин роҳ бо як қатор мушкилоти сиёсӣ ва иқтисодӣ рӯ ба рӯ гардида буд, тавонист онҳоро муваффақона паси сар кунад ва ба ягонагии иҷтимоии пойдор ноил гардад.

Ваҳдати миллӣ мисли падидаҳои дигари иҷтимоӣ пайваста таҳаввул ва такмил меёбад. Аз ин рӯ, ҳар як ҷомеаро мебояд, ҳам шакл ва ҳам мундариҷаи тағйиротеро, ки аз ҷониби ҳамбастагии иҷтимоӣ ба амал меоянд, ҷонибдорӣ намояд. Дарки кофии ин тағйирот ба ҷомеа имкон медиҳад, ки мушкилоти ҷойдоштаро сари вақт ва дар доираи имконият ҳаллу фасл кунад ва фаъолияти аъзоёни ҷомеа, муассисаҳои давлатӣ ва хусусиро ба таври мақсаднок ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор равона созад.

Айни замон, Тоҷикистон дар чунин мавқеъ қарор дошта, барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ тамоми неруву имконотро равона сохта истодааст. Пас аз имзои созишномаи сулҳ барои ноил шудан ба Ваҳдати миллӣ Тоҷикистон ба проблемаҳое рӯ ба рӯ гардида истодааст, ки аз чӣ гуна бартараф кардани онҳо роҳи ояндаи давлатдории тоҷикон вобастагии калон дорад.

Бояд қайд кард, ки инсоният ҳамчун мавҷудот, ки майли фитрӣ барои ҷустуҷӯи посух ба саволҳо дар бораи маънои вуҷуди худу вуҷуди воқеияти иҷтимоӣ ва табии атрофро дорад, доимо дар талоши пайдо кардани мавқеъ дар дилхоҳ фаъолият мебошад.

Натиҷаҳои ин ҷустуҷӯ таърихан вобаста ба сатҳи рушди тафаккури абстрактӣ дар ҷомеаи муайян, ки дар афсонаҳо, мақолҳо, дину оин ва дар шакли олии он - фалсафа таҷассум ёфтаанд, инъикос мегарданд. Аз ин рӯ, дар ҳоле ки пешниҳодҳои фалсафӣ табиатан умумибашарӣ мебошанд, ҳар як маҳсули даврони худ, муносибатҳои иҷтимоию маънавии побарҷоро таҷассум мекунанд. Онҳо на танҳо дониши систематикӣ дар бораи ҷаҳон ва маънои ҳаёти инсон, балки манбаи ташаккули ҷаҳонбинии маънавии шахс ба ҳисоб мераванд.

Мубоҳисаҳои фалсафӣ ҳамеша дар ҷустуҷӯи ҳақиқат, ки ба самти болоравӣ ва рушд нигаронида шудааст, ба таври возеҳ ё ошкоро ба рушди иҷтимоӣ вобаста ба зарурат мусоидат мекунад. Аз ин рӯ, фалсафа аз зиёиён илова бар мавқеи арзишманд ва идеологӣ доштанашон, инчунин ҷалби иҷтимоӣ ҷиҳати ҷустуҷӯи ҳақиқати иҷтимоиро тақозо мекунад.

Масъалаҳои фалсафӣ, ки дар доираи ҳақиқати иҷтимоӣ рӯйи кор меоянд, ба ҷаҳонбинии аъзоёни ҷомеа ва ҳаёти онҳо таъсири амиқ мерасонанд. Натиҷаи чунин баҳсҳо барои муайян кардани ҳадафҳо ва дурнамои рушди ҷомеа мусоидат карда, зиддиятҳои иҷтимоиро бартараф месозанд.

Қобили зикр аст, ки Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили таъмини устувории ҳаёти иҷтимоӣ хизмат мекунад. Таҳлили таълимоти иҷтимоӣ-фалсафӣ дар бораи моҳияти тафсир ва принсипҳои Ваҳдати миллӣ дар ҷомеа нишон медиҳад, ки новобаста аз фарқиятҳо дар тафсир, аъзоёни ҷомеа ин падидаро ҳамчун як механизми муҳимми муттаҳидкунанда эътироф мекунанд. Ваҳдати миллӣ имкон медиҳад, ки шаҳрвандон дар ҳамбастагӣ ва ягонагӣ бошанд ва дар ин замина фаъолияти минбаъдаи худро ба роҳ монанд.

Аз нуқтаи назари фалсафӣ ваҳдати миллӣ ҳамчун як сифати иҷтимоӣ, ки табиатан ба ҳар як сохтори иҷтимоӣ хос аст, пешниҳод карда мешавад ва он ҳангоми гузариш аз як сохтор ба сохтори дигар ногузир тағйир меёбад. Ин таърифи ваҳдати миллӣ дар таълимоти Ибни Халдун бештар зоҳир мешавад.

Дар таълимоти дигар, баръакс, ҳамбастагии иҷтимоӣ ҳамчун маҳсули сохторҳои мушаххаси иҷтимоӣ, ки аз ҷониби одамон барои ҳамзистии осоиштаи онҳо офарида шудаанд, баррасӣ мегардад. Аз ин рӯ, Ваҳдати миллӣ ҳамбастагии иҷтимоӣ буда, дар чаҳорчӯби сохторҳо сурат мегирад ва хусусиятҳои хосро доро мебошад. Ин назарҳо бори аввал дар асарҳои Гоббс ва Руссо инъикос ёфтаанд, ки онҳоро метавон ба таври ҳақиқӣ меъморони шаклҳои нави ташаккули давлати муосир номид.

Бояд қайд кард, ки Ваҳдати миллӣ дар дохили сохторҳои мушаххаси иҷтимоӣ ташаккул меёбад. Ҳар як ҷомеа бо дарназардошти мураккабии муносибатҳои иҷтимоӣ ва дарки моҳияти ҳамбастагии иҷтимоӣ фаҳмишҳои нави фалсафиро тарҳрезӣ мекунад.

Шуури дарки фаҳмиши миллӣ бо тағйирот дар фаҳмиш ва тафсири шароите, ки ҳаёти иҷтимоӣ дар он ҷараён дорад, зич алоқаманд аст.

Ҳамин тариқ, Ваҳдати миллӣ дар асоси ҳамбастагӣ ва иродаи оқилонаи шаҳрвандон ташаккул ёфта, восита ва абзори беҳтар кардани вазъияти иҷтимоӣ арзёбӣ мегардад. Ваҳдати миллӣ муносибатҳои иҷтимоиро ба танзим дароварда, роҳҳоро барои ноил гардидан ба мувофиқиятҳо ҳамвор месозад.

Саидзода Мафтуна Саид

ходими илмии шуъбаи илмӣ-методӣ

барчасп: