Шоири халқии Тоҷикистон устод Лоиқ Шералӣ 20-уми майи соли 1941 дар деҳаи Мазори Шарифи шаҳри Панҷакент чашм ба олами ҳастӣ кушодааст.Аз хурдсолӣ аз меҳри падар маҳрум гашта, дар оғӯши модар ба воя расидаааст.Соли 1954 мактаби ҳафтсолаи деҳааш ва соли 1958 Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Панҷакентро хатм карда, соли 1959 ба факултаи забон ва адабиёти Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанбе дохил мешавад ва онро соли 1963 хатм мекунад. Лоиқ Шералӣ фаъолияти меҳнатиашро аз соли 1963-1965 ба ҳайси муҳаррири шуъбаи адабии Кумитаи радиову телевизиони Тоҷикистон оғоз намуда, сипас солҳои 1965-1966 ҳамчун ходими адабии рӯзномаи “Комсолмоли Тоҷикистон”, солҳои 1975-1991 мушовири назми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, сардабири маҷаллаи адабии “Садои Шарқ”, аз соли 1991 то рӯзҳои охири умраш раиси Бунёди байналмилалии забони форсии тоҷикӣ фаъолият намудааст. Ӯ аз зумраи шоиронест, ки дар шеъру адаби форсизабонон мақому мартабаи ниҳоят баланду беназир дорад, аз инҷост, ки ӯ барои маҷмӯаи “Хоки ватан” ва “Илҳом аз Шоҳнома” барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллои Рӯдакӣ ва ба унвони баланди “Шоири Халқии Тоҷикистон мушарраф гардидааст. Моҳи майи соли 1999 бошад, устод сазовори Ҷоизаи байналмиллалии “Нилуфа” гардидааст. Лоиқ шоири лирик буда, симои модар мағз андар мағзи эҷодиёти ӯро ташкил медиҳад.Модарномаи Лоиқ дар таърихи адабиёти тоҷик мақоми махсус дорад. Аввалин шеъраш бо унвони “Ном” дар маҷаллаи Садои Шарқ соли 1959 нашр гардидааст.Ба эҷодиёташ устодон баҳои баланд додаанд. Лоиқ дар жанри ғазал, ки яке аз қолабҳои асосии суннатӣ буда, бештар барои ифодаи мавзуъҳои ишқӣ созгор мебошад шеър иншо кардааст.Ашъораш ба навъҳои гуногуни шеъри ишқия аз ҷумла иҷтимоӣ, фалсафӣ ва ошиқона тааллуқ дорад.Чуноне, ки худаш ҳам мегӯяд:
Ман аз азал ки шоири ошиқ расидаам,
Аз хомаам таровиши нақши азал расад.
Шеъре, ки сабабгори ба узвияти Иттифоқи нависандагон пазируфта шудани шоир мегардад, “Ба модарам” унвон дошта, дар маҷмӯаи аввалинаш “Сари сабз” соли 1966 нашр шудааст.Истеъдоди Лоиқро ба назар гирифта устод Турсунзода ба тариқи истисно ба ҷавонии ӯ нигоҳ накарда соли 1965, ки ҳамагӣ 24 сол дошт ӯро ба узвияти Иттифоқи нависандагон қабул мекунанд.
Осораш аз маҷмӯаҳои “Сари сабз” (1966), “Илҳом” (1968), “Нӯшбор” (1971), “Соҳилҳо” (1972), “Хоки ватан” (1975), “Резаборон” (1976), “Марди роҳ” (1979), “Варақи санг” ( 1980), “Хонаи чашм” ( 1982), “Рӯзи сафед” (1984), “Хонаи дил” ( 1986), “Офтобборон” (1988), “Ману дарё” (1991), “Ҷоми саршор” (1994) ва охирин маҷмӯае, ки дар қайди ҳаёт буданаш нашр шудааст “Фарёди бефарёдрас” (1997) мебошад.
Соли 1996 шоири ширинкаломи тоҷик Озарахш, ба ман китоберо, ки “Марсияи хуршед” унвон дошт тацдим кард.Китоби мазкур аз ҷониби Ориёнфар (Сафар Абдулло) таҳия гашта, соли 2001 дар Маскав аз чоп баромада буд. Пас аз ба даст гирифтани китоб, ки он як нав сӯгномаи устод Лоиқ буд, китобро бесаброна варақ задам, ба мутолиа шуруъ кардам.Вақте, ки саҳифаи аввалро кушодам дар паҳлӯи расми устод Лоиқ чунин мисраҳо сабт шуда буданд:
Эй табиат!
Рӯзи дафнам боз як он зиндаам кун.
То бидонам дӯстонам дар чӣ ҳоланд,
То бигӯям дар азои ман наноланд...
Пас аз хондани ин сатрҳо, ки қалбамро реш намуд, ашк аз чашмонам беихтиёр ҷорӣ гашт. Ба бузургии устод Лоиқ боз як бори дигар қоил гаштам.
Беҳуда: ”Шоири ҳам вориси Пайғамбарист” намегӯянд.Ман гумон мекунам шоирон заминӣ нестанд, зеро истеъдод худодод аст, на ҳар кас метавонад шеър гӯяд, агарчанде хоҳад. Дар назари аввал чӣ қадар суханони сода, воқеӣ гӯё, ки ҳама инро медонанд, вале ба худ суол мекунӣ чаро ман ин ҳолатро эҳсос кардаам аз сар гузаронидаам, вале пештар аз шоир нагуфтам. Чӣ хеле, ки мураттиби китоб менависад: “Дар ин китоб ақоиди ҳамзамонони Лоиқ гоҳ ситоишангез аст, гоҳе танҳо қазоватетст хусусӣ, андешаҳоест аз атрофиён, дӯстон ва гоҳе касоне, ки фақат аз роҳи шеъраш ӯро мешинохтанд. Замон бузургтарин довари андешаҳо хоҳад буд”. Пас аз мутолиаи китоб ба андеша фурӯ рафтам, онро се маротиба мутолиа кардам. Гӯё дар олами дигар сайр намудам. Ҳар даъфа, ки аз сари нав мехондам, ба худ маънии тоза мебардоштам.Соли 1989 устод Лоиқро ҳамчун номзад ба вакили Шӯрои олии Иттифоқи Шӯравӣ интихоб мекунанд.Чун Лоиқ солиёни зиёд бо падарам шодравон шоир Наимҷон Назирӣ дӯстӣ дошт ва бо ҳам дар Кумитаи радио ва телевизион кор кардаанд, ба Истаравшан ба хонаи мо меояд. Падарам шахси эътимодноки устод Лоиқ таъин мегардад, ки ба он ҳуҷҷати мазкур гувоҳ аст.Тӯли чанд рӯз устод дар хонаи мо истиқомат карда буд.Рӯзона ба назди интихобкунандагон ба мулоқот мерафтанд, бегоҳӣ бошад, бо падарам дар хона то бевақтии шаб сӯҳбат мекарданд, шеър мехонданд. Бо шунидани ҳузури устод Лоиқ, дигар адибон низ ба хона барои дидорбинии шоир меомаданд. Ҳофизон Наимҷон Маҳкамов ва бародарон Шоҳсалим ва Тошбой Муҳаббатовҳо низ омада суруд мехонаданд. Маҳфили шеъру суруд баропо мегардид.Шоиру нависандагони зиёде ба хонаи мо ташриф овардаанд, ки расмҳо гувоҳи гуфтаҳоянд.Ман худро хушбахт меҳисобам, ки ба дидори эшон мушарраф гардидаам.Падарам китобхонаи бое доштанд, ки зиёда аз 10-ҳазор китоб маҳфузанд.Якчанд китобҳои устод Лоиқро дарёфт намудам, ки бо соядасташ ба падарам тақдим кардааст.То ба имрӯз ин китобҳо дар бойгонии падарам маҳфузанд. Аз китобхонаи падарам китоби “Резаборон” -и шоирро дарёфт намудам, ки 25-уми декабри соли 1976 бо соядасташ тақдим намудааст: Ба бародари шоирам Наимҷон Назирӣ ба умеди барорҳои рӯзафзуни эҷодии ӯ.Лоиқ 16-уми феврали соли 1989 дар кошонаи Наимҷон Назирӣ бадоҳатан гуфтааст.
Барои Наимҷон Назирӣ:
Назирӣ чун ба Лоиқ муттако шуд,
Ҷароҳатҳои қалбашро даво шуд.
Ду байтӣ
Наимҷони Назирӣ зинда бошад,
Ба мисли ғунчаи дар ханда бошад.
Навишта шеърҳои ошиқона,
Ба Раънои Сафарзод банда бошад.
--------
Наимҷони Назирӣ зинда бошад,
Ба мисли ғунчаи дар ханда бошад.
Накарда ҳазлу шӯхиро фаромӯш,
Ба ҳар пасту баландӣ ранда бошад.
Ман кунҷковона баъзан ба сӯҳбати самимии онҳо аз хонаи дигар бо завқ гӯш медодам. Симои нуронии устод Лоиқ то ҳол дар пеши назарам ҷилвагар аст.Чун ман аз хурдсоли мухлиси ашъори ӯ будаму шеърҳояшро аз бар мекардам, аз ҳамон давра таваҷҷӯҳам ба осори ӯ боз ҳам бештар гардид. Чуноне, ки шоира Фарзона дар мақолааш дар китоби “Марсияи хуршед” менависад: ”Ӯ ба иморати зоҳир чандон мутаваҷҷеҳ набуд.Бо ҳавсала мӯяшро шона намезад, гиребони сафедашро оҳар намедод, гарданбандҳои муҷаллои нав ба нав намепӯшид, кавшашро лок намемолид.Дар сураташ андак парешонии қаландарона буд, ки худаш ҳам иқрор мешуд:
Дар жанда даро як дам, то зиндадилон бинӣ,
Атлас зи бар андозӣ ҳам жанда шавӣ бо мо.
Аммо устод медонист, ки бо ҳамин сару сирати таҳрирнаёфта ҳам, ки тимсоли бенамунаи зебоист, ҳамаро фатҳ мекунад”. Дар воқеъ устод Лоиқ тавонист бо ашъори пурмӯҳтаво ва мондагораш дар қалбҳо маъво бигирад, дилҳоро тасхир кунад.Поёнтар дар мақолааш устод Фарзона дар мавриди устод Лоиқ чунин менигорад: “Дар вуҷуди Лоиқ чизи маснӯӣ набуд.Агар ӯ мехост май нӯшад, май менӯшид ҳамеша чун нуқтаи паргор дар назаргоҳи ҳама қарор дошт. Баъзе афрод шояд барои он менӯшиданд, ки аз дарду ғами худашон андак раҳо шаванд, аммо дарду алами ин миллат ғами замину замон ва тамоми башар ба дӯши устод Лоиқ буд. Дар воқеъ устод ғами миллатро ғами худ, дарди миллатро дарди худ медонист, ки ба ин ашъори мондагораш гувоҳанд. Соли 2009 барои қабули донишҷӯён ба донишгоҳу донишкадаҳои олии мамлакат тибқи квотаи презмидентӣ ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд аз ҷумла шаҳри Панҷакент сафар кардам.Аз мақбараи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дидан намуда, ба деҳаи устод Лоиқ Мазори Шариф, ки он ҷо кӯдакиву наврасияш гузаштааст, рафтам ба хоку оби он диёр саҷда намудам, ки чунин як шоири шаҳирро ба миллати тоҷик ато намудааст.Чуноне, ки худи ӯ менависад :Дар деҳи хурде барои сад ҷаҳонам зодаанд...
Вақте, ки ба донишҷӯёни курси чаҳорум аз адабиёти муосир дарс мегуфтам аз осори устод Лоиқ бидуни ҳаяҷон ва ҳиссиёти хоса ҳарф зада намешуд ва ман ифтихор мекардам, ки бо ӯ аз наздик ҳамсӯҳбат шудаам.Соли 2009 вақте, ки донишҷӯёни курси 4-уми донишкадаи давлатии байналмилалии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзодаро барои таҷрибаомӯзӣ ба мактаби №54 пойтахт бурдам, бо ҳамсари Лоиқ Шералӣ ошноӣ пайдо кардам.Аз хислат, хулқу атвор, рафтори устод, ки барои ман хеле аҷиб буд пурсон гаштам.Ин зани зиндадил, ки дар чашмони шаҳлояш ормонҳои нуҳуфта ҳувайдо буданд, ба хонандагони синфи 5-ум аз фанни забон ва адабиёти тоҷик дарс мегуфт.Осорхонаи шоирро, ки дар яке аз утоқи мактаб созмон дода буданд, тамошо кардем. Ҳамсари устод дар бораи Лоиқ бо дард сухан мекард ва ашк дар чашмонаш ҳалқа мезад.Ба рухсораи нурониаш назар мекардаму аз дил мегузаронидам, шояд дар тавлид гаштани ашъори ҷаззобаш саҳми ин зан кам набошад.Бо шоир зиндагӣ кардан шояд чӣ қадар душвор бошад.Ман бо ӯ чунон бо ҳаяҷон ҳарф мезадам, ки гӯё худи Лоиқро дида бошам.Мудате ба рухсорааш чашм дӯхтам ва ба дили бузургаш аҳсан хондам, ки бо чунин як шоири шаҳир умр ба сар бурдааст.Дар осорхона барои ман ҳар як расм, ҳар як дастнавис ҳар як ашё, ки онҷо маҳфуз буд азиз буданд, ба онҳо бо таваҷҷӯҳ диққат медодам.Шояд барои дигарон он қадар муҳим набуд, вале ман бо меҳр ҳар як дастнависашро мехондам.Сиёҳнависи шеърҳояш бо ҳусни хати худаш, ки чандон хоно набуд гузошта шуда буданд.Ба расми модараш нигаристаму “Модарнома”-аш ба ёдам омад ва зери лаб ин мисраҳоро замзама намудам:
Ба кунҷи сандалӣ биншаста шабҳо модари пирам,
Ту шояд ҷомаи домодӣ медӯзӣ ба сад ният,
Ки рӯзи тӯй дида дар қади ман бишканӣ армон,
Бубинӣ то ба ранги нав, ба ҳусни нав ҷавоният.
Аё модар !Аё модар!
Ба он дастони ларзони шарафмандат бимирам ман,
Аё модар !Аё модар!
Ҳини хондани ин шеъри баландғоя гумон мекунам, ҳар кас модари хешро пеши назар меоварад.Ашк аз чашмонам беихтиёр ҷорӣ гашт...
Дар китоби “Марсияи хуршед” дар ситоиши устод Лоиқ шоирону олимон аз давлатҳои ҳамсоя-Эрону Афғонистон, ки ӯ аз соли 1991 то поёни умр ҳамчун раиси Бунёди байналмилалии забони форсии тоҷикӣ ифои вазифа кардааст андешаҳои хешро оварда буданд..тӯли солиёни зиёд Пайван буд суханони воло гуфта, ба эҷодиёташ баҳои баланд доаанд.Эшон воқеан ҳам ба бузургии шоир қоил гаштаанд. Масана ба мушоҳидаи Акбари Набипур, ки дар мақолаи “Ҳамин як ҷалби ман омоҷгоҳи тиратон бошад! (зикри хайри дӯсти ҳамнаслу ҳамсилкам Лоиқ Шералӣ дар китоби “Марсияи хуршед” менависад Лоиқ се пешаи писандида доштааст: шеъри ошиқӣ навиштан китоби луғат мутолиа кардан ва дафтари ушшоқ хондан “ будааст, ки зағираи бойи луғавии эшон далели гуфтаҳост.
Дар мавриди ашъори ҷаззобаш адабиётшиносон дар асарҳояшон баҳои баланд ва воқеӣ додаанд. Аз ҷумла адабиётшинос Ю.Акбаров менависад: ”Шеъри ӯ шеъри ҷонофарин ва дардошност, ҳатто кӯрдиле нисбат ба шеъри ӯ бетафовут буда наметавонад...ашъори ӯ марҳами дилҳои хаста ва калиди дилҳои баста аст.”Барҳақ чунин аст, зеро дар воқеъ ҳини маҳзунӣ чун ашъори саршор аз дарду ормонҳои ӯро мехонем ба ваҷд омада аз ранҷ озод мегардем ва қалбамон таскин меёбад.Беҳуда мухлисонаш ашъори ӯро “забони безабониҳо, нидои сукутҳо, фарёди хамӯшиҳо, розгӯиҳо ва руҷуъҳои мо нагуфтаанд”.Дар воқеъ ашъори мондагораш қалбҳоро нохун мезананд, ки ин аз бузургии шоир далолат мекунанд.Пас аз 1000 соли ба дунё омадани устод Абуабдулло Рӯдакӣ тавлид ёфтани устод Лоиқ дар ҳамин сарзамин беҳикмат нест ва фоли некест.
Дар мавриди эҷодиёти шоир метавон соатҳо ҳарф зад, вале ман дар ҳамин ҷо иктифо мекунам ва дар фарҷом мегӯям, ки ҳанӯз чанд муддат пештар аз маргаш Ниҳоят 30-юми июни соли 2000 дили шоир аз тапидан мемонад.дили ошиқ, дили огаҳ, дили хастаи ӯ аз нобаробариҳои зиндагӣ шояд гувоҳӣ додаанд, ки шеъри видоиашро суруда буд, ки он бо чунин сатрҳо оғоз меёбанд:
Он лаъли дилхунро бигӯ, Лоиқ видоят карду рафт,
Он ёри маҳзунро бигӯ, Лоиқ видоят карду рафт.
Дар рӯи тобутам агар, гулбаргафшонӣ кунанд,
Он шохи гулбунро бигӯ, Лоиқ видоят карду рафт…
Ду дида ҷайҳун доштам, аз марги армонҳои халқ,
Рав оби Ҷайҳунро бигӯ, Лоиқ видоят карду рафт.
Баро ифшои рози ашъори устод Лоиқ ва ҳиссиёти ӯ қалам оҷизӣ мекашад.
Воқеан ҳам устод Лоиқ нобиғаест нотакрор, ӯ бо ашъори мондагораш дар қалбҳои мардум ҷовидона маскан гирифтааст. Ниҳоят 30-юми июни соли 2000 дили шоир дар асари сактаи майнаи сар аз тапидан мемонад.Чуноне, ки худи ӯ мегӯяд:
Баъди мурдан ҳам дилам бе барг нест,
Интиҳои ман ҳамин як марг нест.
Марг агар қатъи равони ман бувад.
То куҷо қатъи ҷаҳони ман бувад!?
Ибтидои ман -деҳи хурди Мазор
Интиҳои ман ҷаҳони беканор.
Наимҷонзода Нигора

