Маросими гаҳворабандон дар шароити кунунӣ
Чоп шуд: 02/02/2018Маросими гаҳворабандонро дар манотиқи кишвар вобаста ба рўзҳои хос, пас аз баромадани чиллаи кўдак (40 рўз пас) ва дар баъзе ҷойҳо баъди 3 рўзагӣ ва дар баъзе минтақаҳои вилояти Суғд дар 9 рўзагӣ баргузор менамоянд. Дар ин бора пажўҳишгар Аминов А. чунин ибрози назар мекунад: “Дар ноҳияи Ашт ин амал пас аз нўҳ рўз иҷро мегардад ва ин маросимро нўҳбуророн меноманд. Усули баргузории маросими номбурда ба дигар ноҳияҳо монанд аст. Аммо мувофиқи ақидаҳои занони Ашт, кўдак танҳо пас аз нўҳ рўз тамоми хатар ва