Садаро чи гуна ҷашн гирем?
Чоп шуд: 24/01/2019Ниёгони тоҷикон аз даврони қадим дар чор фасли сол чор ҷашни махсуси табиатро қайд мекарданд, ки ҳар яке аз онҳо бо унсурҳои моддии табиат пайванд буданд. Наврўз дар баҳор таҷлил шуда, марбут ба замин ва хок мебошад. Дар тобистон аҷдодони мо Тиргонро ҷашн мегирифтанд, ки он ба об алоқаманд буд. Меҳргон ҷашни тирамоҳӣ – иди ҳосилот буда, ба осмону ҳаво ва хуршед рабт дорад. Дар меҳвари ҷашни чорум – Сада оташ қарор гирифтааст.
Сада дар қатори ин ҷашнҳо аз даврони қадим яке аз идҳои бошукўҳу шаҳомати