Интишорот

«Нақши Артиши миллӣ дар таҳкими истиқлолияти давлатии Тоҷикистон»

Чунин ном дошт ҳамоише, ки имрӯз дар дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ- тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати ҷамъе аз донишмандон, пажуҳишгарон ва донишҷӯён доир гардид.
Шариф Комилзода, Директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ- тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот изҳор дошт, ки  Артиш як рукни асосии давлати соҳибистиқлол аст ва Ҳукумати Тоҷикистон бо назардошти ин дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ бо вуҷуди мушкилоти иҷтисодиву молиявӣ ба таъсис ва таҳкими артиши миллӣ иқдом кард.

барчасп: 

Таҳияи 2 рисолаву се китоби дарсӣ дар як сол

Ходимони илмии Пажуҳишгоҳи фарҳанг ва иттилоот соли гузашта  барои тартиб додани «Луғати тафсирии мусиқӣ» дар маҷмўъ 1435 истилоҳоти соҳавӣ,  навиштанд ва муҳаққиқ Ҷ. Обидпур рисолаи «Ритмикаи ашъори устод Абўабдуллоҳи Рўдакӣ»-ро бо чор забон: тоҷикӣ, форсӣ, русӣ ва инглисӣ таҳия ва барои чоп пешниҳод кард.
Соли 2016 аз ҷониби ходимони илмии Пажўҳишгоҳ доир ба мавзўи илмӣ 55 номгўй маводи чопӣ, аз ҷумла 2 рисола, 1 барномаи таълимӣ, 3 китоби дарсӣ, 1 тақвим ва 48

барчасп: 

Фарҳанги миллӣ дар ҷустуҷўйҳои илмӣ

Чунин ном дорад китобе, ки ахиран интишороти “Аржанг” чоп кард.Дар ин китоб натиҷаи фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ, илмӣ-методӣ ва нашрии Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот дар соли 2016 мавриди баррасӣ қарор гирифта,  дастовардҳо ва раванди татбиқи воқеии мавзўъ ва лоиҳаҳои илмӣ хулоса шудааст.
Дар китоби мазкур фаъолияти ҳар як шуъбаи ПИТФИ  бо дарназардошти раванди татбиқи мавзўъҳо ва лоиҳаҳои илмӣ, иҷрои нақшаҳои илмӣ мавриди арзёбӣ қарор гирифта, дар поёни китоб рўйхати осори интишорёфта, аввал дар шакли нашри алоҳида,

барчасп: 

Саидризо Ализода-сарсупурдаи матбуоти тоҷик

Саидризо Ализода аввалин муаллифи адабиёти таълимӣ ба забонҳои тоҷикӣ баъд аз Инқилоби Октябр мебошад. "Дабистони тоҷик", "Китоби нахустин" (1920), "Сарфу наҳви тоҷикӣ", "Маданияти ислом", "Саодатнома" (1926) аз ҷумлаи онҳоянд...
Англисҳо барои сари Саидризо Ализода 50000 фунт стерлинг муқаррар намуда буданд. Амири Бухоро низ ӯро куштан мехост. Баъдан зимомдорони давлати шӯравӣ ӯро бо гумони "ҷосуси империализми ҷаҳонӣ" дар маҳбас ба қатл расониданд.

барчасп: 

Аз ман умри дубора хоҳад монд...

Оре, ин мисраи устоди шодравон Лоиқ ишораест ба мероси ӯ, ки мунтахаберо аз он мову шумо, хонандаи азиз, дар даст дорем.
Хуб, Лоиқ барои шеъри мо, васеътар бигирем, барои адабиёти мо ва агар боз ҳам густурдатар биандешем, барои фарҳанг ва ниҳоят, барои ҷомеаи сӣ соли охири қарни 20-ум ва баъд чӣ корҳоеро анҷом дод, ки худ бо эътимоди қавӣ «Ман намемирам, ман нахоҳам мурд!» ва «Аз ман умри дубора хоҳад монд» мегӯяд? Кадом сабабҳою омилҳое ҳастанд, ки имрӯз баъди 11 соли фавташ, низ ӯ аз хонотарин ва маҳбубтарини

барчасп: 

Обид Шакурзода: Журналист, пажуҳишгар ва таҳлилгари варзида

Шахсе, ки дар рӯзноманигорӣ ва пажуҳиши осори ниёкон баробар муваффақ аст. Бахусус, нашри интиқодии “Гулистон”-и Шайх Саъдӣ бо ин фасоҳату балоғат дар Тоҷикистон маҳз бо талошу заҳамоти ӯ рӯйи чоп омад.
Обид Шакурзода 3-юми феврали соли 1956 дар деҳаи Худгифи Сояи Кӯҳистони Мастчо, дар хонаводаи кишоварз ба дунё омадааст. Дар мактаби миёнаи 10-и ноҳия таҳсил кардааст ва соли 1978 бахши рӯзноманигории факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон хатм кардааст.

барчасп: 

Фоли Ҳофиз

Инсоният аз замонҳои қадим орзуи донистани ҳаводиси ояндаро дошт ва бо ҳар роҳ кўшиш мекард, ки пешомади худро пешгўӣ намояд. Дар фарҳанги ҳамаи халқҳои ҷаҳон анвои гуногуни фолгирӣ мавҷуданд, ки мувофиқи ниёзу завқи ояндадонии мардум пайдо шудаанд. Аз он ҷумла дар фарҳанги мардуми тоҷик якчанд навъи фолгирӣ мушоҳида мешавад, ки функсияи асосии онҳо ин таъмини эҳтиёҷу завқи донистани ҳодисаҳои ҳанўз барпонашуда, мебошад. Анъанаи фолгириро, ки имрўзҳо  дар фарҳанги мардуми тоҷик маъмул аст, ба навъҳои зерин ҷудо кардан мумкин аст: 

барчасп: 

Рамзи Наврӯзи соли 2017 тасдиқ шуд

навруз 2017

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон рамзи ҷашни Иди байналмилалии Наврӯзи соли 2017-ро тасдиқ намуд.
Вазорату идораҳо, муассисаву ташкилот, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон,
вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе аз рамзи мазкур

барчасп: 

Страницы