Интишорот
Озмуни «Суруди Модар – Алла»
Чоп шуд: 04/03/2019Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фестивали ҷумҳуриявии «Суруди Модар – Алла» баргузор мекунад. Гуфта мешавад, ки ин фестивал рӯзи 6-уми март дар толори «Кохи суруш» доир мешавад ва дар он ҳудудан 700 нафар кормандони вазорату идораҳо, бонувони шинохта ва ҷавонон ширкат хоҳанд кард. Дар хабари расмии Кумита гуфта мешавад, ки то кунун ду давраи фестивал дар нашҳру ноҳия ва вилоятҳо гузаштааст ва ғолибонаш ба озмуни ҷумҳуриявӣ роҳ ёфтаанд.
Донишу таҷрибаҳои кабкпарварӣ ва кабкбозӣ
Чоп шуд: 01/03/2019Кабк яке аз зеботарин парандаҳои табиати Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар зиракию ҳушёрӣ нисбат ба дигар мурғони хушхон бартарӣ дорад. Дар бораи парвариш ва шикори кабк дар байни мардум донишу таҷрибаҳои зиёд мавҷуд аст. Ҳатто бовару эътиқод, ривоятҳои гуногуни фолклорӣ, инчунин расму одатҳои аҷибе нисбат ба кабк миёни мардуми тоҷик роиҷ мебошанд. Қобили зикр аст, ки кабк зебогии табиатро бо овози хушу дилнишинаш боз ҳам зеботар мегардонад. Садои форами кабкро бисёриҳо хуш доранд.
УМОЧ: аз ривоят то воқеъият
Чоп шуд: 28/02/2019Рамзи ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллӣ барои соли 2019 тасдиқ шуд
Чоп шуд: 25/02/2019Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллӣ тасдиқ гардид. Он аз тарафи Иттифоқи рассомони Тоҷикистон дар асоси хулосаҳои донишмандони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон омода шудааст.
Армуғон ба ҷашни Сада: Китоби нави пажӯҳишгари тоҷик
Чоп шуд: 24/01/2019Чанде пештар китоби нави олими тоҷик, номзади илмҳои филология, фолклоршинос, Дилшод Раҳимӣ таҳти унвони «Наврўз, Меҳргон ва ҷашнҳои дигари ниёгон» (муҳаррир Ш. Комилзода) аз чоп баромад. Китоби мазкур бо теъдоди 300 нусха дар ҳаҷми 304 саҳифа аз ҷониби нашриёти «Аржанг» нашр гардидааст. Китоби «Наврўз, Меҳргон ва ҷашнҳои дигари ниёгон» баҳри шинохти ҷашнҳои қадимаи мардуми орёитабор ганҷинаи бебаҳо ба шумор рафта, нашри онро дар арафаи ҷашни Сада метавон ҳамчун армуғон арзёбӣ намуд.
Садаро чи гуна ҷашн гирем?
Чоп шуд: 24/01/2019Ниёгони тоҷикон аз даврони қадим дар чор фасли сол чор ҷашни махсуси табиатро қайд мекарданд, ки ҳар яке аз онҳо бо унсурҳои моддии табиат пайванд буданд. Наврўз дар баҳор таҷлил шуда, марбут ба замин ва хок мебошад. Дар тобистон аҷдодони мо Тиргонро ҷашн мегирифтанд, ки он ба об алоқаманд буд. Меҳргон ҷашни тирамоҳӣ – иди ҳосилот буда, ба осмону ҳаво ва хуршед рабт дорад. Дар меҳвари ҷашни чорум – Сада оташ қарор гирифтааст.
Сада дар қатори ин ҷашнҳо аз даврони қадим яке аз идҳои бошукўҳу шаҳомати
Озмуни «Китоби сол-2018» ҷамъбаст гардид
Чоп шуд: 29/12/2018Дар толори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол-2018» ҷамъбаст гардид. Бино ба гузориши АМИТ «Ховар» озмун бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти муҳтаво ва ороиши китобҳо баргузор карда шуд. Дар оғози барнома муовини аввали Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ибодулло Машраб ҳозиринро барои иштироки фаъолона дар озмун табрик намуда, иброз дошт, ки мақсад аз баргузории озмун дарёфти беҳтарин асарҳои бадеии муосири тоҷик
Страницы
- « первая
- ‹ предыдущая
- …
- 39
- 40
- 41
- 42
- 43
- 44
- 45
- 46
- 47
- …
- следующая ›
- последняя »