МЕҲРГОН АЗ НИГОҲИ ФАРАНГӢ (МАКТАБЕ, КИ ДАР ОН ИНСОН ЭҲТИРОМ БА МЕҲНАТ, ТАБИАТ, ҶОМЕА ВА ТАЪРИХРО МЕОМӮЗАД)

Шинохти миллат ба шинохти анъана, расму оин, суннат, ҷашну маросимҳо, ки аз таъриху фарҳанги як миллат сарманша мегирад, оғоз меёбад. Бинобар ин,  миллате, ки аз гузаштаи худ огаҳ аст, метавонад арзишҳои маънавии худро ҳифз намуда, онҳоро ба наслҳои оянда интиқол диҳад. Ҷашни Меҳргон  дар ин раванд нақши муҳим  дорад: фазои ҳамбастагӣ ва дӯстиро фароҳам месозад, ҷавонону наврасонро бо суннатҳои  бостонӣ, меҳнатдӯстӣ ва эҳтиром ба табиат роҳнамоӣ мекунад, мардумро аз шукуҳи фасли тирамоҳ воқиф мегардонад, ки ин ҳама дар ташаккули ҷашнҳои миллӣ-мавсимӣ, фарҳанги кишоварзон аҳамияти хеле муҳим ва чандҷонибаро касб кардааст. Ин ҷашн танҳо як маросими мавсимӣ нест, балки як унсури амиқи фарҳангӣ ва ҷаҳонбинӣ аст, ки ба тарзи ҷаҳонфаҳмӣ ва муносибати табиат таъсир гузоштааст. Ҷашнҳои мардумӣ ҳамеша як бахши муҳими фарҳанги миллӣ буда, таърихи миллатро бо ҷаҳонбинии мардум, тарзи зиндагӣ ва муносибати онҳо бо табиат мепайванданд.

 «Меҳргон ҷашни мардумист. Онро шоҳони сосонию амирони сомонӣ бо халқ ва барои халқ барпо менамуданд. Дар доираи тоҷлили Меҳргон онҳо корҳои кишоварзию боғдорӣ ва касбу ҳунарҳоро таблиғ мекарданд, мардумро ба иттиҳоду дӯстӣ ва корҳои нек мехонданд»

Меҳргон ба гуфти бузургон ҷашни меҳр, дӯсти равшанӣ ва некбахтӣ аст. Дар замонҳои гузашта он дар фасли тирамоҳ, баъд аз анҷоми мавсими дарав ва ҷамъоварии ҳосил таҷлил мегардид.

 «Ҷашни Меҳргон дар замони салтанати Ҳукумати Шуроҳо расман ид карда намешуд, онро ҳатто номгардон карда буданд ва иди тирамоҳу ҳосилот меномиданд.

Бо шарофати истиқлолият ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, рақами 538, аз таърихи панҷуми августи соли 2009, Меҳргон дар қаламрави мамлакат иди миллӣ ҳисоб меёбад…»

Ҷашни Меҳргон на танҳо ҳамчун як рӯзи таҷлили фаровонӣ, балки ҳамчун рамзи муносибати инсон бо табиат ва замин аҳамияти махсус дошт. Кишоварзони тоҷик, ки тамоми сол бо умеди ҳосили хуб заҳмат мекашиданд, дар ин рӯзҳо бо ифтихор натиҷаи меҳнаташонро бо дигарон нишон медоданд.

Мардум бо рӯҳияи болида ва шукрона аз неъматҳои рӯёндаи замин ин рӯзро ҷашн мегирифтанд. Дар ин айём, вақте ки анборҳо пур мешуданд ва саҳроҳҳо аз хастагии кишту кор ором мегирифтанд, деҳқонон, ки сутуни асосии иқтисоди ҷомеа буданд, бо дили пур аз сипос ба замин ва осмон нигоҳи миннатдорона мекарданд.

 «Қадимиён ба муносибати фарорасии фаслҳову эътидолҳои баҳорию тирамоҳӣ ҷашну маросимҳо ва як қатор бовару эътиқодҳо доштанд. Пеш аз фасли сармо омадани Меҳргон аз он далолат мекунад, ки он як ҷашни табиӣ аст ва баъд аз бардоштани ҳосили кишоварзию боғдорӣ ва чорводорӣ ба хотири шукронаи офаридгор барпо мешудааст»

 Меҳргон аз нигоҳи фарангӣ низ ҷашни хеле пурмуҳтаво буд. Маросимҳои он бо расму оинҳои мардумӣ, шодиву нишот, ороши дастурхон ва меваҳои мавсимӣ, хӯрокҳои миллӣ ва тӯҳфа додан ба наздикон ҳамроҳӣ мешуд.

Дастурхони меҳргон рамзи фаровонӣ ва шукрона буд. Дар рӯйи он ангур, анҷир, себу анор, ҷаву гандум, харбузаи дерпаз, каду, шириниҳои хонагӣ ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ ҷой дода мешуд.

 «Меҳргон суфраи хоси ҷашнии худро дошт. Дар хони меҳргонӣ, ки назди шоҳон густурда мешуд, ороста аз навъҳои гуногуни хӯришҳо, ҳубубот, меваҷон ва ғайра буд. Маъмулан дар васати суфра ноне мегузоштанд, ки онро ба истилоҳ «дорун» меномиданд ва он аз ҳафт навъи донаҳои ордкардашуда пухта мешуд. Навъҳои гуногуни меваҳои фасл, гулу райҳон, мурғ, шароб, оина, сурмадон, анвои гуногуни шарбат, ширинӣ, шохи сабзи дарахти зайтун, биҳӣ, анор ва шаккару сикка суфраи меҳргониро оро медоданд».

 Шабеҳияти Меҳргон ба ҷашни байналмилалии Наврӯз ин аст, ки мардум либоси тоза ва идона мепӯшиданд, хонаву кошонаи худро оро медоданд ва ба дидорбинии якдигар мерафтанд. Ҳамин суннатҳои одӣ вале пурмазмун аз фазои рӯҳонии ин ҷашнҳо гувоҳӣ медоданд.

Яке аз вижагиҳои аслии Меҳргон, ки онро аз дигар ҷашнҳо фарқ мекунад эҳтироми амиқи мардум ба замину табиат аст. Дар урфу одатҳои суннатии мардуми тоҷик, замин ҳамчун неъмати муқаддас дониста мешуд. Шахсе, ки бо замин кор мекард-деҳқон, боғбон, чорводор-ҳамеша дар маркази эҳтиром буд. Меҳргон низ ба қадршиносии ҳамин табақаи заҳматкаш равона гардида буд. Ҷашн ба онҳо имконият медод, ки заҳмати худро бо дигарон тақсим намоянд ва дар шодӣ бо онҳо ҳамнафас бошанд.

Бо мурури замон ва таҳаввулоти сиёсӣ бисёр сунатҳо ва ҷашнҳои миллӣ аз ҷумла, Меҳргон камранг шуданд. Дар замони шуравӣ, ки ҷашнҳои миллӣ зери фишори сиёсати умумисоз қарор доштанд, таҷлили Меҳргон қариб ки аз байн рафт. Бо ин ҳама, он дар хотираи мардум боқӣ монд ва баъди ба истиқлол расидани Тоҷикистон, дубора эҳё шуд. Имрӯз ҳар чанд таҷлили Меҳргон дар сатҳи расмӣ ба таври васеъ анҷом намешавад (ҳамчун ҷашни байналмилалии Наврӯз), вале дар вилояту шаҳрҳо, ноҳияҳо ва маҳалҳои гуногуни кишвар ва махсусан, дар байни кишоварзон бо шукӯҳу шаҳомати хоса пазируфта мешавад.

Дар суханрониҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ ба эҳёи анъанаҳои миллӣ, аз ҷумла ҷашнҳои бостонӣ, такя карда мешавад. Таъкид мегардад, ки чунин ҷашнҳо бояд ҳамчун воситаи худшиносӣ, эҳтиром ба фарҳанг ва пойдории арзишҳои миллӣ истифода шаванд. Бо таваҷҷуҳ ба он ки кишоварзӣ яке аз соҳаҳои муҳими иқтисодии кишвар аст, таҷлили Меҳргон метавонад на танҳо як ҷашни рамзӣ, балки як рӯйдоди фарҳангӣ ва иҷтимоӣ гардад, ки дар он меҳнати деҳқон арҷгузорӣ мешавад.

Меҳргон моро ба андеша водор месозад, то дарк намоем, ки эҳтиром ба замин, табиат ва меҳнати инсон як ҷузъи муҳимтарини фарҳанги мост.  Меҳргон деҳқонро водор мекунад, ки ба замин на танҳо ҳамчун василаи зиндагӣ, балки ҳамчун мавҷуди зинда ва муқаддас нигоҳ кунад.  Ин ҷашн эҳсоси ифтихор ва масъулиятро нисбат ба натиҷаи меҳнат ташаккул медод, ки ба худшиносии касбии деҳқон таъсири мусбат мерасонд.  Дар ин ҷашн тақсим кардани ҳосил ба дигарон: бо хешу ақрабо, ҳамсоягон ва ниёзмандон расм буд. Тақсими ҳосил на танҳо рамзи фаровонӣ, балки рамзи ҳамдигарфаҳмӣ, эҳсон, меҳрубонӣ ва дӯстии мардум дониста мешуд.  Ин амалҳои ахлоқӣ ва иҷтимоӣ ба кишоварзон меомӯзонд, ки бо ҷомеа ҳамдигарфаҳм ва дастгир бошанд. Чунин муносибатҳо як бахши фарҳанги зиндагии мардуми деҳотро ташаккул додааст.

Як ҷузъи ҷудонашавандаи ин ҷашн иборат аз ташкили бозорҳои мардумӣ, намоишҳои ҳунарҳои дастӣ, рақсу тарона, баромадҳои фолклорӣ ва бозиҳои суннатӣ мебошад. Ҷавонон бо либосҳои миллӣ баромад карда шеърҳо мехонаданд.  Дар сарчашмаҳои оид ба ҷашн гирифтан аз Меҳргон омадааст, ки Меҳргон ҷашни меҳру муҳаббат, ваҳдат, адолат ва шукргузорӣ ба шумор меравад. Халқ ба ҳамдигар меҳмомон мешуд, оштӣ мекард, бахшиш мепурсид ва рафоқатро тақвият мебахшид. Миллати тоҷик заминаи амиқи фарҳангӣ дорад, ки меҳнат, ваҳдат ва муҳаббатро дар марказ мегузорад ва ин дар ҷашни Меҳргон инъикоси худро ёфтааст.

Ҷашни милли тоҷикон-Меҳргон дар  худшиносиву зебошиносии инсон нақши муҳими рамзӣ дорад ва ин ҷашн тавассути унсурҳои гуногун ба зебоии табии инсон ва фароҳам овардани муҳити эстетикӣ мусоидат мекунад. Масалан, дар ин ҷашн одамон бо либосҳои рангҳои гарм- армуғонӣ, сурх ва тиллоӣ мепӯшанд, ки ин рангҳо рамзи гармӣ, нерӯ ва муҳаббат мебошад. Маъмул аст, ки одамон худро бо гулҳо, алафҳои хушбӯй ва меваҳои мавсимӣ оро медиҳанд. Ҳатто дар осори рассомони тоҷик наққошӣ шудани сурати инсон бо лаълии пур аз мева ва ё ба даст гирифтани себ, анор ва ё дастаи гул ба мушоҳида мерасад, ки ин вобастагӣ инсон ба табиат ва зебошинос будани ӯро маънидод мекунад.

Меҳргон ҷашни пайвастшавӣ бо арзишҳои миллӣ ва суннатҳои маънавӣ мебошад, ки ҷавононро бо анъанаҳо, забон ва фарҳанги худ ошно мегардонад ва ҳисси ифтихори миллии онҳоро бедор месозад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ оид ба ҷойгоҳи ҷашни тоҷикон-Меҳргон таъкид намудаанд: «Меҳргон ҷашни қадимии мардуми ориёинажод буда, дар он эҳтимои амиқ ба меҳнат, табиат ва замин таҷассум меёбад. Ин ҷашн барои мо як нерӯи бузургест, ки моро ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ва эҳёи суннатҳои аҷдодӣ даъват мекунад»

Аз ин суханон бар меояд, ки Меҳргон падидаи муҳимми фарҳангиву тарбиявӣ аст, ки дар ташаккули шахс ва шахсиятсозӣ нақши созанда дорад.

 Меҳргон бо Наврӯз ҳамоҳанг аст- Наврӯз оғози кишту кор ва Меҳргон поёни он ва ҷамъоварии неъматҳост. «… Наврӯз ба номи Ҷамшед ва Меҳргон ба номи Фаридун вобаста аст» [4,21]

Пас аз омӯзиши сарчашмаҳои илимиву адабӣ Меҳргон дар баробари Сада ва Наврӯз ҷашнҳои қадимии мардуми ориёитабор мебошад. «… агар Наврӯз фарорасии соли навро нишон диҳад, Меҳргон фурӯравии он ҳисоб мешавад, ки ҳар ду дар якҷоягӣ як соли комили кишоварзиро нишон медиҳанд» [6,40]

Ранги анъанавии Меҳргон-арғувонӣ (сурх ва тиллоӣ) мебошад, ки рамзи гармиву фаровонӣ аст. «Роҷеъ ба таҷлили ҷашни Меҳргон дар даврони шоҳигарии Ҳахоманишиёну Сосониён ва сулолаҳои подшоҳони баъдӣ дар баъзе сарчашмаҳо тасвирҳо ва ишороте ҷолиб мазкуранд. Аз он ҷумла, муаррихи юнонӣ – Ктезиус менависад, ки подшоҳони ҳахоманишӣ маст шуданро ҳеҷ гоҳ ба худ раво намедиданд, аммо танҳо дар рӯзи ҷашни Меҳргон онҳо иҷозаи нӯшидани майро доштанд. Онҳо ҷомаҳои гаронбаҳои арғувонӣ мепӯшиданд, бо аҳли дарбор ва бузургон боданӯшию хурсандӣ мекарданд ва ҳатто мерақсиданд» [2,71]

Меҳргон ба фарҳанги модии кишоварзон таъсир гузошт: тайёр кардани хӯрокҳои идона, ороиши дастурхон, анбор кардани ҳосил ва ғ. дар ин баробар Меҳргон бо фарҳанги маънавӣ ҳамбастагӣ дошт: одоб, шукргузорӣ, меҳрубонӣ, хайрхоҳӣ ва эҳтиром ба чор унсур-об, оташ, хоку бод.  Фарҳанги маънавии ин ҷашн кишоварзонро ташвиқ ва тарғиб мекард, ки аз табиат бо эҳтиёт истифода кунанд. Назари кишоварзон бар он аст, ки замин танҳо барои гирифтани ҳосил нест, балки нигоҳдорӣ ва ҳимоя низ мехоҳад. Ин дарки муҳим яке аз устуворгардонии асосҳои фарҳанги кишоварзӣ гардидааст.

Дар фарҳанги миллати тоҷик ин ҷашн як бахши фарҳанги миллӣ маҳсуб меёбад. Таҷлили ҳамсолаи он кишоварзонро ба решаҳои таърихии худ пайваст мекунад ва ҳисси тааллуқ ба фарҳанги қадима ва олии мардумро тақвият мебахшад.

 Меҳргон ҳам яке як ҷашни зиндаи мардумӣ метавонад воситаи пайванди наслҳо, эҳёи ҳуввияти миллӣ ва тақвияти худшиносии фарҳангӣ бошад. Бо эҳё ва таблиғи дурусти он, мо метавонем фарҳанги қадимаро бо арзишҳои имрӯз пайванд диҳем ва ба наслҳои оянда на танҳо як ҷашн, балки як ҷаҳонбинӣ ва роҳи зиндагиро мерос гузорем. Ин ҷашн бояд дар қалби ҳар фарди худогоҳи тоҷик ҷойгоҳ дошта бошад ва дар ҳар гӯшаи Тоҷикистон ҳамчун суннатҳои неки гузашта ва пояи ахлоқи деҳқонӣ таҷлил гардад. Меҳргон дар баробари ҷашни кишоварзон будан, як мактаби бузурги фарҳанг аст. Мактабе, ки дар он инсон эҳтиром ба меҳнат, табиат, ҷомеа ва таърихро меомӯзад, инчунин ҷашн метавонад дар ташаккули шахсияти кишоварзон, рӯҳи иҷтимоӣ ва ахлоқи меҳнатии мардум нақши ҳалкунанда гузорад.

Нигоҳи муосир ба Меҳргон имкон медиҳад, ки на танҳо фарҳанги миллӣ эҳё гардад, балки шинохти аҳмияти меҳнати деҳқонӣ ва ҳифзи муҳити зист низ таҳким ёбад. Дар замоне, ки ҷомеаҳо бо масъалаҳои тағйироти иқлим ва камшавии захираҳои табиӣ рӯ ба рӯ ҳастанд, чунин ҷашнҳо метавонанд посухи фарҳангии ҷомеа ба ин зуҳуротҳо бошанд.

Дар замони истиқлол бо мақсади эҳёи фарҳанги миллӣ ва таҷдиди ҳуввияти миллӣ, Меҳргон ҳамчун ҷашни қадимӣ ва фарҳангӣ барқарор шуд ва мардуми тоҷик аз он ҳамчун рамзи пойдории таърих ва фарҳанги тоҷикон, тақвиятдиҳандаи ҳисси ифтихори миллӣ ҳамасола дар моҳи октябр ҷашн мегиранд.

Чуноне ки дар боло зикр намудем, дар фарҳанги Меҳргон маънои шукргузорӣ ба табиат ва замин ҷойгоҳи махсус дошт. Оинҳое, ки дар ҷашни Меҳргон амалӣ карда мешуд ин хондани дуоҳо, хониши шеърҳо ва риояи суннатҳои шодбошӣ ва меҳмоннавозӣ буд.

Хулоса, фарҳанги баргузории Меҳргон таркиби суннатҳои моддӣ ва маънавӣ мебошад.  Аҷргузорӣ ба ин ҷашн маънои эҳтиром ба гузашта, қадр кардани заҳмати инсон ва ҳифзи арзишҳои миллӣ барои худшиносии наслҳои ояндаро дорад. Он нишон медиҳад, ки миллати тоҷик заминаи амиқи фарҳангӣ дорад, ки меҳнат ваҳдат, муҳаббат, некӣ, дӯст доштани замину обу хоку ҳаво, меҳнати ҳалол ва меҳр дар меҳвари он қарор мегирад.

Раҳимов Бобоҷон Аҳтамович-

ходими пешбари илмии шуъбаи

фарҳанг ва санъатшиносии ПИТФИ

 

барчасп: