Шашмақом мусиқии ҳирфавию суннатии халқи тамаддунофари тоҷик буда, ҳамчун рамзи ягонагӣ ва муттаҳидсозандаи ин миллати куҳанбунёд ҳазорон ҳодисоту бӯҳронҳои таърихиро паси сар намуда, тавассути фарзона фарзандони фидокораш ҳифозат шуда, то ба замони мо омада расидааст.
Ин шоҳасари мусиқии аҷдодӣ аз лиҳози шукӯҳу ҷалоли ғоявияш дар радифи «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ, «Маснавӣ»-и маънавии Мавлавӣ, ашъори ноби Саъдиву Ҳофиз ва дигар шоҳкориҳои адабиёти ҳазорсолаву пурғановати классикии халқи тоҷик ҷой дошта, дар хазинаи бои фарҳанги миллӣ чун дурри пурҷило маскан гирифтааст. Зеро ки мусиқии мо бо сухан, бо шеър пайванди ногусастанӣ дорад, чунон ки шеъри классикии мо мусиқӣ дорад, мусиқии классикиамон низ, дар худ шеър дорад.
«Шашмақом» аз дарёи мусиқии Борбаду ворисонаш Накисо, Бомшоду Ромтин, Саркашу Саркаб, Озодвари Чангиву Гесуи Навогар об хӯрда оламгир гардид, саду як зарбаю монеаҳоро дида, қатра-қатра, зарра-зарра ҷамъ омада, ба як дарёи азими савту навои ҷонбахш табдил ёфтааст.
Бинобар сарчашмаҳои таърихӣ «Шашмақом» ба осонӣ ҳамчун мусиқии ҳирфавии мукаммал нагардидааст ва ин хориқаи аҷдодӣ чандин зинаҳои таърихиро тай намуда, тавассути таҳқик, омузиши қавонини иҷроиш, сабк, услуб ва пеш аз ҳама мактаби омузиш, яъне (мактаби устод-шогирд) комил гардид. Дар баробари ин дар комил гардидани ин шоҳасари мусиқӣ саҳми муҳаққиқон, мусиқишиносон ва овозхонони баландпоя, ки ин мероси гаронбаҳоро ҳифз намуда, шукуҳу ҷалол бахшидаанд, хело калон аст.
Дар ин бобат устод Садриддин Айнӣ накӯ арзёбӣ намудаанд: “Шашмақом”, ки номи умумимусиқии классикии халқи тоҷик аст, якбора ба ин шакли ҳозираи мукаммалшудааш нарасидааст, балки монанди ҳунар ва пешаҳои дигар бо хизмат ва ихтирои одамони бисёр-сарояндагон, навозандагон ва бастакорони бисёре такмил ёфтааст. Решаҳои ин санъат чандин аср пештар дар замини дили халқ кошта шуда, бо обёрӣ ва пуркории мутахассисон ва ҳаваскорони бисёре ба воя расидааст”.
Дар ҳама давру замон «Шашмақом» новобаста аз вазъи сиёсӣ ва сохтори давлатӣ маҳз тавассути таҳқиқ ва таълим, яъне ба тариқи шифоҳӣ аз устод ба шогирд омузонида мешуд, ки ин услуби омузиш, боиси пойдор мондану оламгирии ин хориқа гардид.
Чи тавре ки олими тоҷик, доктори илмҳои саъатшиносӣ, профессор Фароғат Азизӣ қайд намудаанд: “Дар ҳар давраи таърихӣ, новобаста аз идеология ва афзалиятҳои он, низоми устод-шогирд мавқеи сазовор дошт. Тули қарнҳо ин низоми таълим барои ҳифзи анъанаҳои эҷоди мақом мусоидат намудааст”.
Ҳанӯз дар аҳди Сосониён асоси пайдоиши «Дувоздаҳмақом» ва меросбари он «Шашмақом» аз суннатҳои силсилахонӣ ибтидо мегирад. Дар ин давра аҳли ҳунар дар дарбори сосониён соҳиби обрӯву эътибори хосса буданд ва ин омил ба рушд ёфтани достонсароӣ (силсилаи созиву овозӣ) мусоида намудааст. Мавқеи хосси мусиқӣ дар маъбадҳо барои ба вуҷуд омадани мусиқии сисилсавии касбӣ-классикӣ заминаи боэътимод ба вуҷуд овард. Дар баробари ин оиди ин илми шариф мутафаккирони бузурги халқи тоҷик Абулабоси Сарахсӣ, Абӯҳафси Суғдӣ, Котибии Хоразмӣ, Абунасри Форобӣ, Кавкабии Бухороӣ, Ибни Сино, Муҳаммад Нишопурӣ ва ғайраҳо, рисолаҳои мусиқӣ таълиф намудаанд.
Ин шоҳасар дар шакли пурраву мукаммал дар нимаи асри 18 арзи ҳастӣ намуда, барои омузиши он дар нимаи дуюми асри 19 имконият ва шароити муфид фароҳам омад.
Рушди минбаъдаи «Шашмақом» дар дар охири асри 19 ва ибтидои асри 20 ба устодони варзида Қорӣ Каромати Дилкаши Танбурӣ, Бобоҷалол Носирзода, Бобоғиёс Абдуғанизода, Мирзо Нарзулло, Левӣ Бобохон (Левича), Домулло Ҳалим, Усто Шодии Азиз, Содирхони Ҳофиз ва Ҳоҷӣ Абдулазиз алоқаманд аст.
Дар ин ҷода шоҳкориҳову фидокориҳои нобиғагони ин илми шариф, ки намояндагони асили мактаби ҳунарии Бухоро, Бобоқул Файзуллоев (1897-1977), Шоҳназар Соҳибов (1903-1972) ва Фазлиддин Шаҳобов (1911-1974) хидматҳои мондагоре намудаанд. Бо ибтикори ин устодони соҳибмактаб ва ҳидояту маслиҳатҳои фарзандони фарзонаи миллат устод Садриддин Айнӣ (1878-1954) ва Бобоҷон Ғафуров (1908-1977) суруду оҳангҳои ин шоҳасари мусиқӣ ба адвор оварда шуд.
Ин заминаи бойи боэътимод боиси рушди санъати «Шашмақом» ва ба як низоми муайян омадани мақомсароӣ ва ба арсаи эҷоду тараннум омадани бархе аз мутрибону ҳофизони баландпоя Нериё Аминов, Боймуҳаммад Ниёзов, Барно Исоқова, Нишон Шоулов, Лола Баракаева, Абдуҷамил Ҳошимов, Алиҷон Солиев, Мастона Эргашева ва София Бадалбоева, гардид. Соли 1964 бо дар назди Кумитаи радио ва теливизиони Тоҷикистон ансамбли «Шашмақом» ташкил карда шуд ва такони ҷиддие баҳри минбаъдаи санъати мақомсароӣ гардид. Тавассути ин иқдом оҳангҳои «Шашмақом» ба лентаи овоз сабт карда шуданд. Дар ҳайати он ҳунармандони варзида Нериё Аминов (1916-1998), Маъруфхӯҷа Баҳодуров (1920-1996), Барно Иисоқова (1927-2002), Боймуҳаммад Ниёзов (1927-2009) ва Аҳмад Бобоқулов (1931-1990) фаъолият намудаанд, ки «Шашмақом»-и тоҷиқро муаррифиву худро ба мартабаи устодӣ расониданд. Ба ин санъати воло дар ҳамоишҳои байналмилалии мусиқии анъанавии халқӣ-классикии кишварҳои Шарқ-мақом, муғам, нуба, рок ва кюйда, яке аз беҳтарин ансамбл дар иҷрои мақом дониста шудааст.
Дар маҷмуъ тавассути ин устодон ва иқдомҳои онҳо «Шашмақом» ба кулли олам муаррифӣ гардида, шоҳасари безаволи ҳирфавии тоҷик рисолати азалии худро касб намуд ва истеъдодҳои соҳибтахассусу нуктадон ба арсаи эҷоди нав омаданд.
Бо файзи истиқлолияти кишвар ва бо ибтикори пайвастаи хирадмандонаи Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарҳанги миллӣ дубора эҳё гашт ва хусусан «Шашмақом», рушди он дар мадди аввали сиёсати давлатдории ин марди наҷиб қарор гирифт. Бо ин маром як қатор фармонҳову қарорҳои муфид аз тарафи президенти кишвар аз қабили: «Рӯзи Шашмақом» - 12 май, мақоми давлатӣ гирифтани дастаи мақомхонони назди Кумитаи радои ва телевизиони тоҷик ва номи Фазлиддин Шаҳобов гирифтани он, таъсиёбии Консерваторияи милли Тоҷикистон, Ансамбли «Нури Хуҷанд», Академияи мақом (2003) ва мактаби мусиқии бачагонаи «Шашмақом» дар Душанбе (2005) амалӣ гардид.
Барои навсозию эҳёи сеҳрҳои нуҳуфтаи «Шашмақом» Пешвои муаззами миллат таваҷҷуҳи хоссае доштанд ва чунин ибрози назар намудаанд: «Шашмақом» ин ҷаҳони мо,забони мо, фарҳанги мо ва ҳастии мост. Агар Шоҳномаи безаволи Фирдавсӣ дар олами назм қуллаи тобон бошад, пас «Шашмақом» волотарин андешаҳои ватанпарастӣ,нангу номус, сулҳу сафо, набарду ҷонбозиҳо,ҷасорату мардонагӣ, донишу ҳикмату хирад, шодиву нишот, шукӯҳу тантана ва ҳасрату фарёдҳои дили мардумро дар худ таҷассум намудаанд ва худ аз фарҳанги ориёӣ сарчашма мегиранд. Аз номаш пайдост,ки Шашмақом зодаи тафаккур, хирад ва эҳсоси олии мардумони тоҷику форсизабонон аст. Ашъори руҳангез ва саршор аз мазмунҳои олии башардӯстонаи Рӯдакӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Хайёму Ҷомӣ ва даҳҳо дигарон дар оҳангҳои дилошӯби Шашмақом рӯҳу таровати тоза пайдо намуда торҳои ниҳонии қалбҳои инсонҳоро ба хурӯш меоварад».
«Ҳифз кардани арзишҳои фарҳангӣ, мутобиқи давру замон инкишоф додан ва бегазанд ба фардоиён расонидани онҳо вазифаи муқаддаси ватандӯстонаи ҳар кадоми мову шумост».
Дар рушди «Шашмақом»-и тоҷик дар айни замон таъсиси «Академияи Мақом» соли 2003 бо дастгирии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,Барномаи АКМИСА «Ибтикори Мусиқии Бунёди Оғохон дар Осиёи марказӣ» ва ташаббуси Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Абдувалӣ Абдурашидов такони ҷиддие бахшид.
Бинобар маълумотҳои таърихӣ, аз ибтидои пайдоиш то замони мо «Шашмақом» бо услуби шифоҳии устод-шогирд таълим дода мешавад ва ин низоми таълим боиси ҳифзи анъанаҳои мақомхонӣ гардидааст. Зимни таҳлилҳо роҷеъ ба бартараф намудани баъзе унсурҳое, ки ба рушди «Шашмақом» рабт дорад аён гардид. Абдувалӣ Абдурашидов дар ин бобат чунин ибрози назар намудаанд: «1. мақомҳо имрӯз дар шакли сисила иҷро намешаванд, 2. анъанаи асили яккахонии мақомҳо,ки дар симои иҷрокунанда ҳамзамон овозхону навозанда(дар танбӯр ё худ дойра) дида мешавад, ки имрӯз қариб амал намекунанд ва ангуштнамост. То замоне, ки мо ин анъанаҳои мақомсароёни деринро эҳёву барқарор накунем, имрӯз мо аз хусуси инкишофи эҷоди мусиқии Шашмақом ҳаргиз сухан гуфтан наметавонем.
Барои ҳалли масъалаҳои гузошташуда ин муассисаи ҳунарӣ пеш аз ҳама барои тарбияи ҳунармандони ҳирфавӣ, омузиш ва эҳёи суннатҳои асили санъати иҷрогарии «Шашмақом» иқдом гирифт ва қабули иҷрокунандагони ҷавону боистеъдоди мақом, тавассути имтиҳон ба роҳ монда шуд. Авалин муҳассилини ин муассиса иҷрокунандагони боистеъдоди мақом, аз ҷумла Озода Ашӯрова, Насиба Омонбоева, Зумрат Самиҷонова, Ҷамшед Эргашев, Хуршед Иброҳимов, Сироҷиддин Ҷураев, Камолиддин Ҳамдамов, Мурод Ҷумъаев, ва Тоҳирҷон Ҷураев ба ҳисоб мераванд. Таълими ин ҳунармандон дар асоси усули нави таълим бо назардошти навгониҳо, ки зимни хулосаҳои таҳқиқотҳои илмии муосир ба даст омадааст ба роҳ монда шуд.Дар натиҷаи омузиш муҳассилини зикршуда тамоми суннатҳои иҷрогарии мақомҳо, навозиши танбуру дойраро пурра аз бар намуда барои иҷрою сабти тамоми бахшҳои ( созӣ ва овозӣ) дар шакли силсила омода гаштанд.
Барқарорсозии 12 силсилаи фаръии навъи «Савт»-и «Шашмақом» ва иҷроишу сабти он исботи ин гуфтаҳост. Таълифи китоби тозанашри «Шашмақом» бо назардошти таҷрибаи беҳамтои устодони бузурги Шашмақом – Бобоқул Файзуллоев, Фазлиддин Шаҳобов, ва Шоҳназар Соҳибов иқдоми навбатии «Академияи мақом» мебошад, ки дар рушди имрӯзаи санъати мақомсароӣ нақши боризе дорад.
Фаъолияти кунунии мақомсароёни асил, хатмкардаи ин мактаби ҳунарии ҳирфавӣ Сироҷҷиддин Ҷураев, Хуршед Иброщимов ва Ҷамшед Эргашев қобили зикр мебошад, Зеро ки ин ҳунармандон дар баробари иҷрокунандаи асил буданашон эҷодкорҳам мебошанд. Масалан эҷоди 6 сисилаи навъи «Савти» Хуршед Иброҳимов далели ин гуфтаҳост. Соли 2007 муддати 5то 10 май дар арафаи «Рӯзи Шашмақом» ироиши мақомҳои –Рост, Наво, Бузург, Дугоҳ, Сегоҳ, ва Ироқ, силсилаи бахши «Наср»-и «Шашмақом» пайи ҳам аз ҷониби ҳунармандони Академияи мақом ба намоиш гузошта шуд.
Дар маҷмуъ таъсиси ин боргоҳи ҳунар барои рушди имрӯзаи шашмақомсароии тоҷик падидаи бузург мебошад ва фаъолити самарабахши ҳунармандони ин ансамбл дар муаррифии шоҳасари мусиқии «Шашмақом» аз саҳнаҳои ҳунарии Ӯзбекистон, Қирғисистон, Афғонистон, Эрон, Ҳиндустон, Покистон, Чин, Юнон, Миср, Шветсия, Шветсария, Норвегия, Британия, Олмон, Фаронса, Италаия, Ҳолланд, Белгия ва ИМА хело калон мебошад.
Ин натиҷаҳои ҷолибу назарраси «Академияи мақом» аз назари дурбину хирадмандонаи Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дур намонд ва гуруҳи мазкур бо ордену медалҳои ифтихорӣ қадр карда шуда, Абдувалӣ Абдурашидов бо ордени «Дӯстӣ», Озода Ашурова, Насиба Омонбоева, Зумрат Самиҷонова ва Ҷамшед Эргашев бо медалҳои «Хизмати шоиста» мушарраф гаштанд. Сабти албоми мусиқӣ бо унвони «Симои ноаёни маҳбуб» дар сисиласабтҳои «Мусиқии Осиёи Марказӣ» таҳти таҳия ва танзимгари масъули олими маъруф, сармутахассиси Барномаи «Ибтикори мусиқӣ дар Осиёи Марказӣ»-и Бунёди Оғохон, профессор Теадор Левин, мушарраф гаштан ба ҷоизаи бонуфузи «Грэмми» боиси ифтихор мебошад.
Аз ҷониби ҳунармандони «Академияи мақом» 12 силсилаи тозэҷоди навъи «Савт»- и «Шашмақом» эҷод шуд аз ҷумла: Савти Хоро, Савти Ораз, Савти Баёт, Савти Аҷам, Савти Узол, Савти Насруллоҳӣ, Муғулчаи Рост, Муғулчаи Ироқ, Савти Ушшоқ, Савти Ҳусайнӣ, Савти Чоргоҳи Муҳайяр, ва Савти Сарвиноз мебошанд. Ин тозакориҳоро месазад таҳаволути арзандае дар шашмақомсароии тоҷик номид ва бо боварии комил гуфтан метавонем,ки:
Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад.
Агар хоре бувад, гулдаста гардад.
Бояд зикр кард, ки танҳо тавассути таълим, таҳлилҳои илмӣ, таҳқиқ метавон ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардид ва иқдоми Абдувалӣ Абдурашидов бо таъсиси «Академияи мақом» ва бо кумакиу дастгирии Оҷонсии Шведсарии оид ба Тарақиёт ва Ҳамкорӣ ташкил намудани Маркази суннатии «Наво» соли 1993 самараҳои арзандае ба бор овард. Дар ин марказ усулҳои муосири таълимӣ истифода шуда, аз ҳисоби кӯдакони то синни мактабӣ-(боғчаҳо) ва толибилмони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ дар маркази пойтахт- шаҳри Душанбе 10 гурӯҳ,ва дар ноҳияи Варзоб 3 гурӯҳ таъсис дода шуданд Хусусан таълими «Шашмақом» бо усули танзимшудаи вазни арӯзу зарби мусиқӣ аз кудакистон хело ҷолиб аст. Дар боғчаҳо тарзи дуруст хондани шеър, бо зарб иҷро кардани суруд, дуруст талафуз намудани калима ба роҳ монда шуд. Ҳадафи асосӣ ин рушди забон, мафкура, дуруст хондани суруд,ҳис намудани зарби мусиқӣ буд. Яъне Академия заминаи асосиро дар боғча медид, чаро ки онҳо аз хурди ба мусиқии суннатӣ шавқу рағбат пайдо мекунанд. Ин таҷрибаи ҷолиби таълимӣ сипас дар мактабҳои миёна низ роҳандозӣ гардида натиҷаҳои ҷолиб ба бор овард. Дар натиҷаи фаъолияти таълимӣ бо ибтикори омӯзгорони марказ китобе бо номи “Фурӯғи меҳр” низ таълиф карда шуд ки барои барои таълим барои боғчаҳо ва мактабҳои ибтидоӣ дастури бениҳоят муҳим гардид. Натиҷаи ин иқдоми умедбахш аз иштироки гурӯҳи толибилмони Маркази мусиқии суннатии «Наво» дар семинари байни Марказҳои мусиқии анъанавии Осиёи Марказӣ (Иссиқкул, 2005): Меҳроҷ Назаров, Беҳрӯзи Наимзод (зарбгир) ва Умед Собиров (танбӯрӣ) шаҳодат медиҳад.
Дар маҷмуъ рукни таълими ин даргоҳ хело ҷолиб аст ва дар муддате ки фаъолияти густурда дошт самараҳои хуб ба бор овард. Академияи мақом ниҳоди илмӣ-фаҳангиест,ки дар тадрис,таҳқиқ ва интиқоли анъанаҳои “Шашмақом” ба наслҳои нав,нигаҳдорӣ ва эҳёи анъанаҳои аслӣ,омодасозии мутахассисони касбӣ,барномаҳои таълимии махсус ва илмӣ,тадқиқотҳои илмӣ,нашри сабтҳои нодир ва маводҳои таълимӣ,ҳамкориҳои байналмилалӣ ва муаррифии “Шашмақом”, ҷалби ҷавонон ва густариши фарҳанги мақом нақши боризе дорад.
Аз ин лиҳоз таҷрибаи босамари ин ниҳоди илмӣ-фарҳангӣ барои рушди фарҳанги миллӣ, ба хусус мусиқии суннатии “Шашмақом” дар ҳама зинаҳои таълимӣ, ҷалби насли навраст ба ин хориқаи беназири аҷдодӣ хело ҷолиб ва шоиста аст.
Имрӯз, раванди ҷаҳонишавӣ ки дар ҳама соҳаҳо аз ҷумла ба фарҳанги миллӣ хатарҳо эҷод мекунад. Раванди камтаваҷҷуҳии насли ҷавон ба мусиқии суннатӣ, созҳои миллӣ бештар мегард, ки боиси нигаронӣ аст. Мушоҳида, таҳлилҳои солҳои охир нишон медиҳад, ки ба муассисаҳои олии мусиқии касбии Ҷумҳурӣ, колеҷҳои санъати мусиқӣ, мактабҳои бачагонаи мусиқӣ довталабон кам ба назар мерасад. Дар баробари ин сатҳи таълими фанни суруд ва мусиқӣ дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаҳои томактабӣ беҳбудиро тақозо дорад.
Аз ин лиҳоз зарурияти дида баромадани масоили таълимии муассисаҳои олиии мусиқии кишвар, колеҷҳои санъати мусиқӣ, мактабҳои баччагонаи мусиқӣ амри зарурӣ мебошад. Вобаста ба талаботи замони муосир ба роҳ мондани рукни таълими мусиқӣ омили асоси рушди соҳа мебошад ва танҳо бо ифтихор намудан мурод ҳосил намегардад.
Самарабахшии рукни таълимӣ ва натиҷаҳои ба даст омадаи устодони мактаби хусусии “Академияи мақом”-ро ки, тули чанд сол дар Консерваторияи миллии ба номи Талабхуҷа Сатторорв амал менамуд бояд боз эҳё намуд. Имрӯз масъулини соҳаро мебояд таҷрибаи пешқадами “Академияи мақом”- ро мавриди таҳқиқу таҳлил қарор диҳанд ва баҳри таъсиси мактаби шашмақомсароёни наврас дар кишвар кушиш ба харҷ диҳанд.
Раҳимов Билолиддин

