ПЕШАИ ОСИЁББОНӢ ДАР РОҒУН
Чоп шуд: 02/09/2026Пешаи осиёббонӣ яке аз қадимтарин касбҳоест, ки то имрӯз дар рӯзгори мардуми тоҷик мавқеи хосса дорад. Аз қадимулайём талаботи мардуми тоҷик ба маҳсулоти нонӣ, ки ҷавҳари асосии онро орд ташкил мекунад, хеле зиёд аст. Бинобар ин дар ҳама давру замон ин пеша яке аз касабаҳои муқаддас дониста мешуд ва осиёббонҳо дар миёни мардум ҳамчун шахси соҳибмақом ҳамеша шоистаи эҳтиром буданд. Метавон ин касбро меросӣ номид, зеро он ҳамчун пешаи муқаддас ва то як андоза сердаромад дар авлоди осиёббонҳо аз насл ба насл интиқол меёфт. Инчунин аз рӯи иттилои сарчашмаҳои таърихӣ, аксари хонадони осиёббонҳо харҷи рӯзгори худро маҳз аз ҳамин ҳисоб таъмин менамудаанд.

