Падидаи фарҳангию забонӣ

Тоҷикистон барҳақ на танҳо маркази тамаддуни ориёӣ, балки умедгоҳи тоҷикон ва форсизабонони тамоми ҷаҳон шинохта шудааст. Ҷумҳурии мо дар даврони соҳибистиқлолӣ дар барқарор намудани муносибатҳои таърихӣ ва вусъат бахшидани робитаҳои фарҳангии тамоми мардумони тоҷикзабон, мустаҳкам намудани дӯстию ҳамкорӣ бо халқҳои бародар, ривоҷ додани алоқаҳои маданӣ, иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва ташкили маъракаҳои фарҳангии байналмилалӣ ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардид.

Ин андешаро ҳамоиши  навбатии илмии Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон -"Пайванд", дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кохи Ваҳдати пойтахт  собит намуд. Ин ҳамоиши илмӣ таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон -"Пайванд", Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони "Тоҷикистони соҳибистиқлол-пайвандгари тамаддуни ориёӣ" бо ҳузури донишмандону муҳаққиқон ва намояндагони тоҷикону форсизабонони 27 кишвари дунё баргузор гардид.

Иштироки ҳамзабонон дар ин ҳамоиши фарҳангӣ новобаста аз масофаҳои ҷуғрофӣ, марзҳои сиёсӣ, кишварҳои иқомат, ки ба як ҷаҳонбинии маънавӣ, таърихи муштараки забону фарҳанги ягона ва арзишҳои ҷовидонаи миллӣ пайванд дорад, на танҳо боиси ифтихору сарафрозӣ, балки масъулияти баландро бар дӯш мо баргузоркунандагони он мегузорад.

Бешак, Анҷумани "Пайванд" тӯли солҳои фаъолияташ тавонист, ҳамзабонон моро, ки бо таърих, фарҳанг, забон дар кишварҳои хориҷӣ робитаи маънавӣ надоштанд, даври ҳам овард.

Ба таъкид ба нақши он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Анҷумани  тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон -"Пайванд"

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин созмони байналмилалии фарҳангиро падидаи беназири даврони Истиқлол арзёбӣ карданд.

Мақсади асосии Анҷумани "Пайванд"  пайвасти  тоҷикону форсизабонони дунё, новобаста аз он ки дар кадом кишвар зиндагӣ мекунанд, ҳифзи забон, фарҳанг, тақвияти адабиёт, 

таърих, аз вазифаҳои асосии он аст ва бо баргузории анҷуманҳо, ҷвшнвораҳо, чорабиниҳои адабию илмӣ, ҳамкории ҳамзабононро тақвият мебахшад ва барои шиносоӣ бо асл ва мероси худ ҷавононро дастгирию роҳнамоӣ мекунад.

Вазъи ҷаҳони муосир ҳушдор медиҳад, ки барои мо - мардумони форсизабон беш аз ҳар вақти дигар иттиҳоду ҳамбастагии маънавӣ ва фарҳангӣ зарур аст.

Сарвари давлат хеле хуб таъкид карданд, ки  Тоҷикистон дар даҳсолаи оянда бояд на танҳо ба кишвари суботу оромӣ ва ободонию бунёдкориҳо, балки ба маркази андешаҳои созанда, фарҳанги зинда, ташаббусҳои байналмилалӣ ва ҳамгироии ҳамзабонон табдил дода шавад.

Дар ҳамоиши навбатии Анҷуман  Барномаи рушди "Пайванд^ барои солҳои оянда дар самтҳои забон, таърих, фарҳанг, илм, иқтисод, ҷавонон, инноватсия, рақамикунонӣ ва дипломатияи фарҳангӣ, Бунёди "Конуни тамаддуни ориёӣ" ва Маркази байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе, инчунин тасмими омӯзиши хати форсӣ дар муассисаҳои таълимӣ пешниҳод шуд.

Пешвои миллат дар ин ҳамоиш таъкид карданд, ки тоҷикони бурунмарзӣ сафирони фарҳанг ва тамаддуни ориёӣ дар кишварҳои гуногун ҳастанд, ки дар муаррифии Тоҷикистон саҳми бузург мегузоранд, зеро тамаддуни ориёӣ аслу решаи мост ва ояндаи мо ба он вобаста аст, ки мо то чӣ андоза ин аслро дар ҷаҳоншиносии зеҳнию миллии худ ҳифз хоҳем кард.

Дар марҳилаи тозаи фаъолият дар назди Анҷумани "Пайванд" вазифаҳои нав меистад. Дар баробари ҳифзи забон, таърих, фарҳанг, тафаккур, ҷаҳонбинӣ ва хотираи маънавии миллӣ, забони тоҷикӣ, бояд бо забони илму технология, иқтисод, дипломатия ва фановариҳои муосир табдил дода шавад.

Пешвои миллат таъкид карданд, ки  Анҷумани "Пайванд" бояд ба маркази ҳамоҳангсозии неруҳои зеҳнӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии тоҷикон дар ҷаҳон табдил дода шавад. Яъне, мо ворисони ин тамаддуни бузург бояд фаъолиятамонро бо талаботи замони муосир мутобиқ намоем ва бо дастовардҳои хеш парчами шарафи  миллатро дар ҷаҳон ҳамеша баланд бардорем.

А.ҶӮРАЕВ,

ходими пешбари илмии шуъбаи

 фаъолияти иҷтимоӣ - фарҳангии ПИТФИ

барчасп: