ТАҲҚИҚИ МАСЪАЛАИ ИНТИҚОЛИ ҲУНАРҲОИ БОНУВОН (тавассути анъанаи “устод-шогирд”)

Ҳунарҳои мардумӣ яке аз рукнҳои асосии фарҳанги маънавӣ ва моддии ҳар як миллат ба шумор рафта, заминаи ташаккули таърихӣ, эстетикӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ташкил медиҳанд. Дар заминаи тамаддуни чандинҳазорсолаи тоҷикон, ҳунарҳои бонувон – аз қабили сӯзанӣ, гулдӯзӣ, зардӯзӣ, қолинбофӣ, кулолгарӣ ва бофандагӣ – на танҳо ҳамчун воситаи таъмини рӯзгор, балки чун рамзи ҳувияти миллӣ ва зебоипарастӣ шинохта шудаанд.

Масъалаи асосие, ки имрӯз дар замони ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияҳои муосир дар соҳаи фарҳанги мардум ва мардумшиносӣ меистад, интиқоли ҳунарҳо аз як насл ба насли дигар мебошад. Дар ҷомеаи суннатии тоҷикон ин раванд бештар тавассути расму ойинҳои мардумӣ, маросимҳои оилавӣ ва усули анъанавии “устод-шогирд” сурат мегирифт. Омӯзиши ин механизмҳои интиқоли фарҳангӣ барои ҳифзи мероси ғайримоддӣ аҳамияти аввалиндараҷа дорад.

Бояд тазаккур дод, ки расму ойинҳои мардумӣ на танҳо унсурҳои намоишӣ, балки воситаҳои муҳими тарбия ва интиқоли донишҳои амалӣ мебошанд. Муҳаққиқи варзидаи тоҷик, академик Баҳодур Искандаров дар пажуҳишҳои худ таъкид кардааст, ки: “маросимҳои суннатӣ мактаби аввалини ташаккули малакаҳои касбии ҷавонон буданд”.

Ин нуқтаи назарро мардумшинос Л. Додхудоева чунин тавсиф мекунад: “Дар шароити хонаводаи суннатии тоҷик, духтарон аз синни 7-8-солагӣ таҳти назорати модарон ва бибиҳои худ ба омӯзиши аввалин унсурҳои ҳунарҳои дастӣ, аз ҷумла ресандагӣ ва рӯймолдӯзӣ ҷалб карда мешуданд. Ин раванд бештар дар рафти омодагӣ ба тӯйҳо ва ҷамъомадҳои занона (гапхӯракҳо) суръат мегирифт ва хусусияти дастаҷамъӣ дошт”.

Ин нишон медиҳад, ки ҳунарҳои мардумӣ қисми таркибии ҳаёти иҷтимоӣ ва ойинҳои мардумӣ буда, интиқоли онҳо хусусияти омӯзишӣ дорад. Дар гузашта яке аз маросимҳои калидӣ, ки дар он интиқоли ҳунари бонувон ба таври рамзӣ ва амалӣ сурат мегирифт, ойини “Бибисешанбе” буд. Ин маросим ба поси хотири пири ҳунарҳои занона (хусусан ресандагӣ ва бофандагӣ) барпо карда мешавад. Дар рафти ин ойин занони соҳибтаҷриба на танҳо қиссаву ривоятҳои тарбиявӣ мегуфтанд, балки ба духтарони ҷавон тарзи дурусти омода кардани ресмон ва дигар нозукиҳои ҳунарро нишон медоданд.

Маросими дигаре, ки дар рушду густариш ва интиқоли ҳунари қадимии тоҷикон гулдӯзӣ алоқамандӣ дорад “ҷиҳози хона” ном дошта, бевосита ба таҳияи анвои гулдӯзии арӯси оянда равона мегардид. Анъанаи номбурда ҳатто чанд сол қабл аз тӯйи духтар оғоз меёфт. Бибҳо, модар, хоҳарон ва занони ҳамсоя дар як ҷо ҷамъ омада, ба дӯхтани чодару сӯзаниҳо ва кӯрпачаҳои гулдор машғул мешуданд. Духтари ҷавон дар ин раванд бевосита иштирок карда, ҳар як нақшу нигор ва рамзи онҳоро аз худ мекард. Хусусан тасвирҳое, ки махсусан ба гулдӯзиҳои арӯси оянда пешбинӣ мешуданд, рамзҳои фалсафиву ҳаётӣ дошта, ҳар кадом бо зиндагии ширину давомдор ва фаровони духтар алоқаманд мегардиданд. Масалан, нақши офтоб рамзи ҳаётро ифода мекард ва анор бошад, рамзи серфарзандӣ, баракат ва зиндагии осударо дошт.

Дар ҷомеаи суннатии тоҷикон интиқоли ҳунар танҳо бо доираи оила маҳдуд намешуд. Агар духтар ба кадом як намуди ҳунар, масалан, зардӯзӣ ё қолинбофӣ шавқу рағбати махсус дошта бошад, ӯро ба назди устоди шинохтаи деҳа ё гузар мебурданд. Ин раванд бо як маросими хос, ки онро “Сартарошон” ё “Даргоҳбинӣ” меномиданд, оғоз меёфт. Модар ё бибии духтар бо ҳамроҳии тӯҳфаи рамзӣ (одатан нони гарм, шириниҳо ва матоъ) ба хонаи устод рафта, ҷумлаи машҳури фарҳанги устод-шогирдиро ба забон меоварданд: “Гӯшташ аз шумо, устухонаш аз мо”. Ин ибора на ба маънои зӯроварӣ, балки ба маънои супоридани масъулияти пурраи тарбияи маънавӣ ва касбии шогирд ба устод буд.

Муҳаққиқи тоҷик Дилшод Раҳимӣ дар ин бора чунин қайд мекунад: “Мактаби устод-шогирд дар байни занони тоҷик дорои кодекси ахлоқии махсус буд. Шогирд на танҳо техникаи дӯхт ё бофтанро меомӯхт, балки тарзи муомила бо мизоҷон, сабр, покизагӣ ва эҳтироми пирони ҳунарро низ аз худ мекард. Танҳо пас аз гузаштани имтиҳони ҷиддӣ ва омода кардани як кори мустақил, маросими “Дуои устод” барпо мешуд ва шогирд ҳуқуқи мустақилона кор карданро пайдо мекард”. Мактаби анъанавии “устод-шогирд” дар интиқоли ҳунари гулдӯзии занони тоҷик на танҳо маҳорати касбӣ, балки низоми мукаммали тарбияи ахлоқӣ, сабр ва одоби муоширатро таъмин менамуд.

Интиқоли ҳунарҳои бонувон тавассути расму ойинҳо танҳо як раванди технологии омӯзиши касб набуда, он як шакли интиқоли ҷаҳонбинӣ, фалсафа ва устураҳои қадимаи миллат ба шумор меравад. Ҳар як нақше, ки бонувон дар рӯи матоъ, қолин ё кӯза меофариданд, маъно ва таърихи хоси худро дошт. Дар рафти маросимҳои дастаҷамъонаи ҳунармандӣ, занони калонсол ба ҷавонон рамзи нақшҳоро чунин шарҳ медоданд:

  • Нақши “чархи фалак” ё “офтоб” дар сӯзаниҳо ва чаканҳо ҳамчун рамзи ҳаёти ҷовидонӣ, рӯшноӣ ва эмин доштан аз чашми бад дӯхта мешуд.
  • Нақши “бодом” ва “қаламфур” рамзи боварҳои қадимаи тотомистӣ ва анимистӣ буда, ҳамчун тӯмор (тумор) барои ҳифзи оила аз балоҳо хизмат мекард.
  • Нақши “Анор” рамзи фаровонӣ, баракат ва серфарзандӣ маҳсуб меёфт, ки онро бештар дар ҷиҳози келинҳои ҷавон истифода мебурданд.

Тавассути ин нақшҳо, бонувони тоҷик таърихи нонавиштаи миллати худро аз як насл ба насли дигар убур медоданд. Ин нуктаро санъатшинос Лариса Додхудоева дар асарҳои худ таъкид карда, қайд мекунад, ки «ҳунари дастии зани тоҷик — ин матни рамзиест, ки ниёзи ба хондани илмӣ ва этнографӣ дорад”.

Дар шароити муосир, ки ҷомеа ба сӯи навсозӣ ҳаракат менамояд, воситаҳои суннатии интиқоли ҳунарҳо бо як қатор мушкилот рӯбарӯ шудаанд. Ойини “Бибисешанбе” ё ҷамъомадҳои дастаҷамъонаи занона имрӯз дар шаҳрҳо ва ҳатто деҳоти калон мавқеи пешинаи худро гум кардаанд. Рӯй овардани ҷавонон ба технологияҳои рақамӣ ва маҳсулоти арзони корхонаҳои саноатии хориҷӣ  хавфи фаромӯш шудани технологияҳои асили миллиро ба вуҷуд меорад.

Бо вуҷуди ин, дар Тоҷикистон бо шарофати сиёсати фарҳангии давлат ва эълон гардидани соли 2018 ҳамчун “Соли сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, дар заминаи он Қарори солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” таваҷҷуҳ ба ин соҳа дубора зиёд шуд. Аксари ҳунармандони мардумӣ имконият пайдо карданд, ки ҳунарҳои қадимии аҷдодиашонро эҳё карда, анъанаи миллии худро рушду такомул бахшанд.

Ин имконият дод, ки имрӯз шаклҳои нави интиқоли ҳунар ба вуҷуд оянд:

  1. Марказҳои омӯзишии муосир – Дар шаҳру ноҳияҳо ва деҳот марказҳои ҳунармандӣ таъсис ёфтаанд, ки анъанаи “устод-шогирд”-ро дар шакли замони касбӣ амалӣ мекунанд.
  2. Фестивал ва намоишгоҳҳо – Чорабиниҳое чун “Ҷилваи чакан”, “Сад ранги чакан”, “Кадбону”, “Дастони моҳир” “Чакани ҳусн”, “Иди атласу адрас” ва намоишгоҳҳои байналмилалии ҳунармандон ба воситаи нави ҳавасмандгардонии ҷавонон ба омӯзиши ҳунар табдил ёфтаанд.

Таҳқиқи масъалаи интиқоли ҳунарҳои бонувон тавассути расму ойинҳои мардумӣ нишон медиҳад, ки дар ҷомеаи суннатии тоҷикон як сиситемаи мукаммал ва санҷидашудаи педагогӣ ва иҷтимоӣ мавҷуд буд. Расму ойинҳое чун “Бибисешанбе”, “Ҷаҳони хона” ва маросимҳои касбии усули “устод-шогирд” на танҳо ҳамчун воситаи интиқоли технологияи амалии касб, балки чун мактаби тарбияи маънавӣ, эстетикӣ ва ҳифзи ҷаҳонбинии миллии тоҷикон хидмат мекарданд.

Дар шароити муосир, барои нигоҳ доштани ин мероси ғайримоддии фарҳангӣ, танҳо такя кардан ба шаклҳои суннатии оилавӣ кофӣ нест. Лозим аст, ки

  • равандҳои суннатии интиқол, яъне анъанаи “устод-шогирд” бо барномаҳои таълимии муассисаҳои ҳунарию касбӣ ва олии кишвар омезиш ёбанд;
  • рамзшиносӣ ва фалсафаи нақшҳои миллии бонувон (дар санъати чакандӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, қолинбофӣ) ба таври васеъ тавассути воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ миёни насли ҷавон тарғиб карда шавад.
  • ҳифз ва убур додани ин ҳунарҳо ба наслҳои оянда кафолати устувории ҳувияти миллии мо дар замони ҷаҳонишавӣ мебошад.

Носирова Лайло

барчасп: