Бонуи ҳунар

Норак яке аз мавзеъҳои дилрабо ва зебои кишвар буда, бо фарҳангу асолати мардумонаш, бо шеваи хоси гуфтору маишати рӯзгордорӣ, меҳмоннавозию лутфи латифаш вижагиҳои хос дорад. Ин макони дилнишин на танҳо бо табиати зебо, балки бо ҳунарҳои қадимааш таваҷҷуҳи сайёҳонро ба худ ҷалб намудааст.

Зимни сафари хидматӣ ва ҳамсуҳбат шудан бо бонувони ҳунарманди  ин шаҳри дилоро маълум гардид, ки ин минтақа макони ҳунармандони мардумист. Хусусан занон ва духтарон дар ин минтақа бо ҳунарҳои суннатии қадима аз қабили қуроқдӯзӣ, чакандузӣ, гулдузӣ, куртадӯзӣ, рафидадӯзӣ, шероздӯзӣ, мӯҳрабофӣ, ки он аз модару бибиҳояшон ҳамчун мерос боқӣ мондааст, машғул мегарданд. Зеро ҳунарҳои мардумӣ дар фарҳанги ҳар як халқу миллат падидаи ҷолиб буда, хусусан занон ва духтарон тавассути ин ҳунарашон зиндагиашонро пеш мебаранд. Талабот ба ин гуна маҳсулот махсусан дар деҳот бисёртар ба назар мерасад. Занони боҳунар кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки ба ҷавондухтарон ин ҳунарҳои нодирро омӯзонанд.

Ҳунарҳои мардумӣ дар фарҳанги ҳар як халқу миллат падидаи ҷолиб ба ҳисоб меравад. Яке аз ҳунарҳои қадимаи тоҷикон муҳрабофӣ буда, дар феҳристи миллии мероси фарҳанги ғайримоддӣ, бахши “Касбу ҳунарҳои суннатӣ” таҳти рақами Е106 сабт карда шудааст. Ин ҳунар асосан хоси занон буда, заҳмати зиёдеро талаб мекунад. Дар маҳаллаи Барқчиёни шаҳри Норак Фарзона Пироваро ҳама мешиносанд. Дар баробари тӯли чор сол дар вазифаи мудири клуби деҳотии шаҳри Норак фаъолият намуданаш ӯ ҳунари суннатии мӯҳрабофиро пеша гирифтааст. Дар шаҳри Норак мактаби ҳунармандони ин ҳунарро ташкил намуда, шогирдони зиёдеро аз зумраи ҷавондухтарон тарбия менамояд. Соли 2024 барои Фарзонаи ҳунарманд соли фаромӯшнашуданист. Ӯ дар озмуни шаҳрии “Ҳунарҳои мардумӣ ва дизайни муд” иштирок намуда, бо намунаи камзулчаи атласии аз муҳра тайёркардааш сазовори ҷои сеюм гардид. 

Ба гуфтаи Фарзона, ҳавасаш ба ҳунари дастӣ аз бозиҳои кудакӣ сарчашма гирифтааст. Даврони хурдсолӣ вай бо коғазҳои рангоранги ширинӣ (фантик) бозӣ мекард, онҳоро таҳ карда, бо ҳам мепайваст ва аз онҳо гарданбанду дастмона месохт. Оҳиста - оҳиста ҳамин ҳавас ба ҳунари воқеии муҳрабофӣ табдил ёфт. Ҳамчунин модари Фарзона ба ҳунари бофандагӣ ва шерозбофӣ машғул буд, ки ин ҳам сабаб шуд то ин касбро пеша кунад. Аввалин маҳсулоти омоданамудааш  гарданбанду дасмона, гӯшвор, сумка, гулдон, сандуқчаи ороишот, гаҳворача, камзулча ва тоқӣ буданд. Ин маҳсулотро дар ҷашни Сада, дар майдони Қасри фарҳанги шаҳри Норак ба намоиш гузошт ва диққати сокинону сайёҳонро ба ҳунари худ ҷалб кард. Аз ҳамонҷо маҳсулоти омодасохтааш ба фурӯш рафт. Айни ҳол на дар бозор балки тариқи фармоиш маҳсулоти лозимиро омода сохта, ба харидорон мерасонад. Талабот ба ин гуна маҳсулот бисёртар дар байни наврасону ҷавондухтарон ва гуларӯсон ба назар мерасад. Онҳо гарданбанду дасмона ва тоқию сумкаҳоро дар ҷашнҳои тую арӯсӣ ва Наврӯз ба бар мекунанд.  Мувофиқи гуфтаи Фарзона “Сайёҳони хориҷие, ки ба ин минтақа сафар мекунанд, аз дидани маҳсулоти зебои аз муҳра бофташуда ба ҳайрат меоянд ва бо шавқи зиёд тарзи омода намудани онҳоро мупурсанд. Аксари сайёҳон ин маҳсулотро харидорӣ карда ҳамчун дастовез, ба ватанашон мебурданд.”

Фарзона мегӯяд, ки барои омода намудани ҳар як маҳсулот  аз муҳра, вобаста аз мураккабии нақшу тарҳ, аз чанд соат то якчанд рӯз сарф мешавад, зеро ҳар нақшу тарҳ дастӣ иҷро карда мешавад. Ба гуфтаи ӯ пеш аз оғози кор ҳар як нақш сараввал дар зеҳн тарҳрезӣ мегардад ва сипас бо интихоби муҳраҳои мувофиқ ва зиҳ (тор) дастӣ бофта мешавад. Барои нақшҳои нозуку мураккаб, ба монанди гули атлас, аз зиҳи хеле борик истифода мебарад ва бо дастгоҳи худсохт “дукон” риштаҳоро тор мекашад, то нақш мустаҳкам ва зебо  барояд. Тибқи гуфтаи ӯ барои омода намудани як сумкаи андозааш 20х15 муҳра дар ҳаҷми 500 грамм сарф мегардад. Барои омода намудани сумка,гаҳворача, сандуқчаи ороишот, гулдон аз муҳраҳои андозаашон калонтар ва барои омода намудани камзулча, гушвору дастмона, тоқӣ, гарданбанд аз муҳраҳои андозаашон хурд истифода бурда мешавад. Муҳимтарин шарти ин ҳунар сабру тоқат ва диққати баланд аст, зеро як хатогии хурд, метавонад намуди зоҳирии нақшро хароб созад. Фарзона инчунин иброз дошт, ки имрӯзҳо шумораи духтароне, ки мехоҳанд ин ҳунарро аз ӯ биомӯзанд зиёд шуда истодааст. Айни ҳол Пирова Шоҳина, Юсуфова Самира, Солеҳова Муниса ва  чанд нафари дигар ҷавондухтаронро  ин ҳунарро меомӯзонад. Онҳо низ дар чорабиниҳо ва намоишҳои ҳунармандон, ки дар ҷамоату деҳоти шаҳри Норак  баргузор мегарданд, фаъолона иштирок намуда, ҳунари худро ба намоиш мегузоранд.

Бо ташаббусу дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳунармандон шароит фароҳам оварда шуд, то ки маҳсулоти худро дар  ҷашнҳои миллӣ, монанди ҷашни Сада, Наврӯз, Меҳргон ва Тиргон ба намоиш гузоранд, ки ин иқдом  дар ҳифз ва тарғиби ҳунарҳои мардумӣ саҳми босазо мегузорад.

 

Сайобидзода Мунира

Ходими илмии маркази мероси фарҳангии тоҷикони

 Пажӯҳишгоҳи илмӣ – тадқиқотии Вазорати Фарҳанг

   

барчасп: