ИСТИФОДАИ ПАРГИЧ (ҲАМЕЛ) ДАР ФАРҲАНГИ МАРДУМ

Арҷгузорӣ нисбат ба арзишҳои фарҳанги миллӣ ин нигоҳдории урфу одат ва анъанаҳои ҳамон қавму миллат мебошад. Дар байни мардуми тоҷик як зумра анъанаҳое мавҷуданд, ки таърихи тўлонӣ дошта, имрўзҳо низ аз насл ба насл интиқол ёфта, моҳияти худро аз даст надодаанд. Тўли зиндагии хеш одамон кўшиш мекунанд, ки ба ҳар роҳу восита нисбати якдигар эҳтироми худро амалан, зоҳир намоянд. Масалан, меҳмоннавозӣ кардан, ба якдигар туҳфа намудан, хушмуомила будан ва ғайраҳо.  

Зимни экспедитсияи мардумшиносӣ дар водии Бартанг як анъанаи хуберо мушоҳида кардем, ки овехтани ҳамел аз мағзи донаи зардолў ба гардани ашхоси соҳибэҳтиром мебошад.  Дар водии мазкур ҳамели аз мағзи донаи зард-олуро «паргич» мегўянд. Паргич (ҳамел)  аз мағзи донаҳои зардолў ва ғулунг омода карда мешавад. Барои омода кардани паргич аввал, донаҳои зардолуи пухтарасидаро, ки мағзаш талх набошад ҷамъ намуда, тавассути сўзан бо ришта аз байнашон мегузаронанд.  Сипас нўги ду риштаро бо ҳам пайваст карда, онро дар соягӣ хушк мекунанд. Муддати 8 то 10 рўз донаҳои мағзи зардолў ба пуррагӣ хушк мешавад. Мардум чунин меандешанд, ки агар донаҳо чи қадар бисёр хушк шавад, ҳамон қадар болаззат мешавад ва барои захира кардан низ хеле мувофиқ мешавад. Таҷрибаҳои мардум нишон медиҳад, ки агар донаҳоро дар офтоб хушконанд, таъмаш дигар мешавад, ба ақидаи мардумаш офтоб маззаи донаро мегирад ё худ офтобзада мегардад.  Баъзан, дар байни донаҳои мағзи зардолў ғулунгро (зардолўи хушк) якто пас мегузаронад, тибқи нақли гўяндаҳо гузаронидани ғулунг баъдтар пайдо шуда, ду ҷанба дорад: якум барои рангорангӣ (ороиш) ва дуюм, барои шахсони  ниҳоят соҳибэҳтиром ва иззатманд  истифода карда мешавад.

Яке аз анъанаҳое, ки сокинони деҳаи Рошорви ҷамоати деҳоти Савноби ноҳияи Рўшон  то имрўз зинда медоранду амалӣ менамоянд, ин овехтани паргич ба гардани ашхоси қадрдону азиз мебошад. Ҳангоми пажўҳишҳои майдонӣ дар водии Бартанг мушоҳида кардем, ки ин анъана на дар ҳамаи минтақаҳои водии мазкур боқӣ мондааст.

Сокини деҳаи Рошорв Некқадамова Кабитсор (соли тав. 1971) мегўяд: «Аскарбачаҳое, ки ба хизмати ҳарбӣ мераванд ё бармегарданд ё нафароне, ки солҳои тулонӣ берун аз кишвар буданду баъди интизориҳои зиёд ба Ватан бармегарданд ва ё он шахсоне, ки барои миллату Ватани хеш корҳои назаррасеро анҷом додаанд,ҳангоми пешввози онҳо паргичро ба гарданашон овезон мекунанд». Ё дар ҳолати ягон нафар дўсти қарин ё фардеро, ки муддати зиёд  надида бошанд, барояш паргичро ҳамчун тўҳфа мефиристанд. Агар ба сафар раванд, ҳатман паргичро ҳамроҳи худ мегиранд, ки ин амал аз муқаддас будани он дарак медиҳад.

Анъанае миёни мардуми минтақаи мазкур вуҷуд дорад, ки  духтарҳо метавонанд аз номи худашон ба писарҳо ва дугонаҳояшон паргич тўҳфа кунанд, аммо писарҳо ба духтарҳо ва рафиқонашон бештар аз номи модарҳояшон тўҳфа намоянд. Паргичро кўдак ба кўдак ҳуқуқи тўҳфа кардан надорад, аммо калонсолҳо ба кўдакон метавонанд тўҳфа кунанд. Ҳамон  вақте ки синни  духтаракон аз даҳ сол боло шуд, метавонанд ба бародаронашон дар ҳар ҳолат тўҳфа намоянд. Зеро ин мардум чунин андеша доранд, ки дўхтан хоси занон мебошад. Паргичро ҳам бо сўзан мегузаронанд, аз ин сабаб эҳдо кардан аз ҷониби занҳо бояд сурат гирад.

Маънои ба гардан паргич  овезон карданро сокини деҳаи Басиди ҷамоати деҳоти Басид Маҳрамова Давлатмоҳ (соли тав. 1964) чунин шарҳ дод: «Рамзи ҳалқа будани паргич пайвастагии доимӣ мебошад. Мағзи донаи зардолў рамзи қуввату тавоноии ҳар як инсон дониста шудааст. Дар маҷмўъ маънои якҷоя будан ва қуввату тавоноиро нигоҳ доштан ба ҳисоб меравад. Ҳар вақте ки ба гардани касе паргичро меовезанд ин шаҳодат аз он медиҳад, ки доимо дар ҳалқаи якдигар пурқуввату тавоно буданро ифода мекунад».

Нисбати овехтани паргич дар гардани одамон баъзе бовару эътиқодот миёни мардум мавҷуданд, Азалмо Наҷмонова (соли тав. 1962) сокини деҳаи Рошорв дар ин маврид чунин андеша дорад, ки агар шахсеро дар рўзи тўяш ба  гарданаш паргичро барзиёд овезон кунанд, маънои шахси бениҳоят бомаърифат, хушмуомила, дорои ахлоқи ҳамида ва дўстдори мардум буданро ифода мекунад. Бо ин амал мехоҳанд, иброз кунанд, ки ҳамеша дар ҳалқаи дўстон ва бародаронашон ҷой дошта бошад.

 Ҳангоми ҷашни арўсӣ паргичро аксаран, дар гардани домод овезон мекунанд. Вақте ки арўсро аз хонаи падараш ба хонаи домод гусел мекунанд, пеш аз баромадан аз хона, ин амалро анҷом медиҳанд. Бо ин амал мехоҳанд, исбот кунанд, ки домодашон чи қадар соҳибэҳтиром ва наздиктарин шахсе барояшон аст. Агар домодро  ҳамсояҳо ба гарданаш паргичҳои бисёре овезон кунанд, ин маънои онро дорад, ки мардуми деҳот ўро хеле зиёд дўст медоранд. Ва ё баръакси ҳол маънои онро ифода мекунад,  домодшаванда ба мардуми маҳал он қадар маҳбуб нест.  Ин нозукиҳое аст,  аҳли деҳа бештар аҳамият медиҳанд. Табиист, ки аз аҳли хонавода низ ба гардани домоду арўс паргич меовезанд ва ин ду навҷавонро барои ба зиндагии мустақилона қадам гузоштанашон, табрик мекунанд.

Ин анъанаро мардуми деҳот кори хайру савоб медонанд ва бо ин роҳ мехоҳанд, ҷавонону наврасонро тарбия кунанд. Аз ин лиҳоз, аксарияти  ҷавонон мехоҳанд дар рўзҳои хурсандиашон аз мадди назари мардум дур намонанд. Ба ин хотир корҳои некро бештар анҷом дода, мекўшанд дар маркази таваҷҷуҳи ҳамсоя ва хешу ақрабо ҳамчун як инсони комил ва бомаърифат шинохта шаванд. Чунин анъанаҳо метавонад ба тарбияи насли наврас  таъсири мусбии худро расонад.

Анъанаи дигаре дар байни мардум вуҷуд дорад, ки агар кўдакро бори аввал ба хонаи ҳамсоя баранд, соҳибхона ба гарданаш паргич меовезад. Ё баръакс агар ҳамсоя ба хонае, ки дар он ҷо тифле таваллуд шуда бошад, барои бори аввал диданаш ба гардани кўдак паргич меовазад. Ин урфу одат ифодагари дўстию рафоқат, эҳтироми ҳамсоядорӣ, иттиҳоду сарҷамъӣ нисбати ҳамдигар мебошад.

Анъанае, ки ҷолиб аст, ҳангоми ба қурбонӣ омода кардани гўсфанд ба гарданаш паргич овезон мекунанд. Дар ин маврид халифаи деҳаи Рошорв Ҷаноб Сангилиҷов (соли тав. 1962) мегўяд: «Тўҳфа кардани паргич як анъанае мебошад, ки ба таври густурда дар байни мардум роиҷ аст. Ҳатто дар иди Қурбон, ҳангоме  ки гўсфандро забҳ мекунанд,  дар гарданаш  паргич мегузоранд». Миёни мардум чунин ақидаҳо вуҷуд дорад, ки агар гардани гўсфанд холӣ бошад ифодагари он аст, ки  қурбонӣ аз ин дунё холӣ меравад. Дар ин ҷо паргич ҳамчун рамзи фаровонӣ истифода бурда мешавад.

Бинобар ин мардум ҳамеша дар ин маросим, махсусан, барои қурбонишаванда 4-то паргич  тайёр карда як ҷо мегузоранд, то ин ки дар зарурат аз он истифода кунанд. Аз рўи бовару ақидаҳои мардум ҳеҷ кас ҳақ надорад доне аз паргичро, ки маҳз ба номи қурбонӣ таёр карда шудааст пеш аз ба анҷом расидани маросим аз он истеъмол намояд. Ҳамаи паргичҳоро дар рўзе, ки гўсфандро қурбонӣ мекунанд, ба мардум тақсим карда медиҳанд. Ин амал шаҳодат аз он медиҳад, ки мардуми ин минтақа ҳам ба паргич ва ҳам ба гўсфанди қурбонишаванда эҳтироми зиёд доранд.

Дар маҷмўъ, овехтани паргич (ҳамел) дар гардани ашхоси соҳибэҳтиром миёни мардуми водии Бартанг мавқеи намоёнеро ишғол карда, барои нигоҳ доштани фарҳанги дўстӣ ва арҷгузорӣ намудан нисбати якдигар саҳми арзандае дорад, ки инъикоскунандаи рамзи дўстиву рафоқат, фаровонӣ ва пирўзӣ мебошад. Чунин мепиндоранд, анъанаҳои хуби гузаштагонро  барои насли наврас ба мерос гузоранд ва дар роҳи тарбияи ҷавонон саҳмгузор бошанд.

Акобир АБДУЛЛОЕВ

 

барчасп: