Истиқлолият танҳо рӯйдоде аз тақвими таърих нест. Он марҳилаест, ки дар фазои он миллат имкони бознигарии гузашта, дарки арзишҳои миллӣ ва муайян намудани дурнамои ояндаи худро пайдо мекунад. Барои Тоҷикистон низ истиқлолият оғози марҳилаи нави давлатдорӣ буда, дар ин раванд фарҳанг, илм, китоб, санъат ва худшиносии миллӣ ба унсурҳои муҳими таҳкими давлатдории миллӣ табдил ёфтанд. Истиқлолияти давлатӣ яке аз муҳимтарин дастовардҳои таърихии миллати тоҷик ба шумор рафта, барои ташаккули давлатдории миллӣ, таҳкими худшиносӣ ва рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа заминаи мусоид фароҳам овард. Маҳз дар даврони истиқлол барои эҳё, ҳифз ва рушди арзишҳои миллӣ, фарҳанг, адабиёт, санъат, китобдорӣ ва дигар самтҳои ҳаёти маънавии ҷомеа имкониятҳои васеъ фароҳам омад.
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 сентябри соли 2026 дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Истиқлолияти давлатӣ – заминаи рушди фарҳанг ва эҳёи арзишҳои миллӣ» баргузор гардид. Чорабиниро директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, номзади илмҳои таърих Сафарзода Некрӯз Шодӣ ифтитоҳ намуда, оид ба аҳаммияти истиқлолияти давлатӣ дар рушди фарҳанг ва таҳкими арзишҳои миллӣ андешаронӣ намуд. Зикр гардид, ки истиқлолият барои миллати тоҷик марҳилаи нави давлатдориро оғоз бахшида, дар самти рушди фарҳанг ва ҳифзи мероси миллӣ имкониятҳои муҳим фароҳам овард. Дар ин замина саҳми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсус ва беназир арзёбӣ гардид.
Пасон сухан ба ходими пешбари илмии шуъбаи фаъолияти китобдории Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Шариф Комилзода дода шуд. Мавсуф дар мавзуи «Нақши Пешвои миллат дар баланд бардоштани суннатҳои китобдориву китобхонӣ» баромад намуда, нақши китобу китобхониро дар баланд бардоштани маърифати ҷомеа ва рушди фарҳанги миллӣ муҳим арзёбӣ кард. Ҳамзамон ба суханрониҳо ва мулоқоти Сарвари давлат бо зиёиён руҷуъ карда шуд, ки масоили марбут ба китобхониву китобхонаҳо махсус зикр гардид.
Дар идомаи ҳамоиш ходими пешбари илмии шуъбаи ВАО ва табъу нашри ПИТФИ Эшонқул Эшонқулов дар мавзуи «Рушди дипломатияи фарҳангӣ дар замони истиқлол» баромад намуда, ба масъалаи ҷойгоҳи фарҳанг дар муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва таҳкими робитаҳои фарҳангӣ чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷ таваҷҷуҳ зоҳир намуд.
Сипас, ходими пешбари илмии шуъбаи фарҳанг ва санъатшиносии ПИТФИ Мунаввар Сафаров дар мавзуи «Нақши истиқлолият дар таҳкими худшиносии миллӣ» суханронӣ карда, аҳаммияти истиқлолиятро дар эҳёи арзишҳои миллӣ, таҳкими худшиносӣ ва ташаккули ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ мавриди баррасӣ қарор дод. Мавсуф дар маърузааш аз осори Пешвои миллат ва дигар олимони классику муосир иқтибосҳо овард, ки суханрониро рангинтар сохт.
Ҳамзамон, ходими калони илмии Маркази мероси фарҳангии ПИТФИ Фазлиддин Ғуломов дар мавзуи «Фаъолияти театрҳои халқӣ дар даврони истиқлол» андешаронӣ намуда, доир ба нақши театрҳои халқӣ дар рушди ҳаёти фарҳангӣ, тарғиби арзишҳои миллӣ ва ҳифзи суннатҳои мардумӣ маълумот пешниҳод кард. Ф. Ғуломов аз натиҷаҳои сафарҳои хидматӣ ба шаҳру навоҳии кишвар далелҳо ва аз дидаву шунида ва қайдҳояш мисолҳо овард.
[03.09.2026 16:29] Ифтихор: Пасон, рӯнамоии китобҳои тозанашри ПИТФИ, ки дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ чоп шуда, бевосита ҳамин мавзуро аз дидгоҳҳои гуногун фаро мегиранд, гузаронда шуд. Доир ба китоби якум, ки “Доир ба рушди матбуоти даврӣ ва публитсистикаи тоҷик дар даврони истиқлол” унвон дошта, ба қалами профессор Мурод Муродӣ мансуб аст, худи муаллиф фикру ақидаҳояшро мухтасар ироа кард.
Бобати китоби дуюм, “Соҳибистиқлолӣ ва ҳифзи фарҳанги миллӣ” ходими пешбари илмӣ, дотсент Шариф Комилзода мухтасар суханронӣ ва муҳтавои асарро бозгӯ кард.
Дар анҷоми конференсия миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифта, масъалаҳои марбут ба рушди фарҳанг дар даврони истиқлол, ҳифзи арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани маърифати ҷомеа ва таҳкими худшиносии миллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Зикр гардид, ки Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун дастоварди бузурги таърихӣ барои рушди фарҳанги миллӣ ва эҳёи арзишҳои маънавии ҷомеа заминаи устувор фароҳам оварда, ҳифзу таҳкими онҳо вазифаи муҳимми ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад. Ҳамзамон аз ҷониби ходими пешбари шуъбаи фарҳанг ва санъатшиносӣ Саъдӣ Мирзо дар васфи Истиқлол ва Пешвои миллат шеърҳо қироат карда шуд, ки ба кори ҳамоиш шукуҳи хосса бахшид.
Ифтихор Юсуфӣ,
мудири шуъбаи ВАО ва табъу нашри ПИТФИ.


