Фаъолият ва рушди китобхонаҳои шаҳри Норак

Дар шароити рушди ҷомеаи иттилоотӣ китобхонаҳо ҳамчун муассисаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мавқеи муҳимро ишғол менамоянд. Онҳо дар нигоҳдорӣ ва ҳифзи мероси хаттӣ, паҳн намудани дониш, тарбияи маънавии ҷомеа ва рушди фарҳанги китобдорӣ нақши назаррас доранд.

Китобхонаи марказии шаҳри Норак 4 феврали соли 1984 таъсис ёфта, ба шабакаи марказонидашудаи китобхонаҳои шаҳр дохил мешавад. Аз рӯзҳои аввали фаъолият ҳадафи асосии китобхона хизматрасонии босифат ба аҳолӣ, тарғиби китобу китобхонӣ ва ҷамъовариву ҳифзи мероси хаттӣ мебошад. Бо мурури замон китобхона фаъолияти худро васеъ намуда, шумораи хонандагон ва фонди китобҳои худро афзоиш додааст. Китобхона пайваста бо адабиёти нав пурра гардида, имконияти дастрасии хонандагонро ба манбаъҳои гуногуни дониш фароҳам меорад.      

Дар шаҳри Норак 16 китобхонаи оммавӣ фаъолият  дорад, ки аз ин ҳисоб 1 китобхонаи марказии шаҳр, 2 китобхонаи бачагона, 6 китобхонаҳои шаҳрӣ ва 7 китобхона-филиалҳо дар деҳот ҷойгир буда мунтазам ба аҳолӣ хизмат мерасонанд. Китобхонаҳои шаҳр муттамарказонидашуда буда, дар мувозинати бахши фарҳанг мебошанд. Китобхонаи марказии шаҳри Норак ба номи “Дӯстии халқҳо” дар ҳудуди Боғи марказии шаҳр дар кӯчаи 50-солагӣ фаъолият мекунад. Айни замон шумораи умумии хазинаи китобии Китобхонаи марказӣ 65125 нусхаро ташкил медиҳад, ки аз ин шумора 6483 нусха китобҳо ба забони тоҷикӣ ва 58642 нусха ба забони русӣ мебошанд.

Дар шаш моҳи соли 2026 ба захираи китобхонаҳо 404 нусха китоб ворид гардидааст, ки аз ин шумора 185 нусха китоб бо таври ройгон аз корхонаву муассисаҳои шаҳри Норак, 172 нусха китоб аз ҷониби ҶДММ сохтмон иншооти вилояти Хатлон ба маблағи 4984 (чор ҳазору нуҳсаду ҳаштоду чор) сомонӣ ва 47 нусха китоб аз буҷаи бахши фарҳанги раёсати Мақомоти Иҷроияи Ҳокимияти давлатии вилояти Хатлони шаҳри Норак харидорӣ гардидааст. Дар Китобхонаи марказӣ шуъбаи хизматрасонӣ, шуъбаи методӣ, шуъбаи эҳтиётӣ ва шуъбаи дастхатҳо фаъолият мекунад.  

Дар давоми шаш моҳи соли 2026 шумораи хонандагон ба 1552 нафар расиданд ва миқдори ташрифи онҳо 4674 маротибаро ташкил медиҳад. 30 чорабиниҳои оммавӣ бо 90 нафар иштирокчиён баргузор карда шудааст, ки аз он ҷумла вохӯриҳо, конференсияҳо, субҳи адабӣ, соати назм, суҳбатҳо, намоишҳои китобӣ ва хониши баланд мебошанд. Ин чорабиниҳо ба рушди фарҳанги мутолиа, баланд гардидани маърифати ҷавонон ва тарбияи ҳисси ватандӯстӣ мусоидат менамоянд.

Инчунин дар Китобхона хизматрасонии сайёр ташкил карда шудааст, ки хонандагон имконияти истифода бурдани китобҳоро берун аз китобхона дошта бошанд. Аз ҷумла китобдорони Китобхонаи марказӣ китобҳоро ба деҳаҳо, мактабҳо, боғчаҳо ва дар назди масҷидҳо бурда мерасонанд, ки хонандагон имконияти истифода намудани онҳоро дошта бошанд. Китобхонаи сайёр яке аз роҳҳои хуби паҳн намудани китобу дониш дар байни мардум мебошад, ки барои рушди фарҳанги китобхонӣ ва маърифати ҷомеа хизмат мекунад. Китобдорон дар Китобхона 300 нусха китобҳои электрониро ҷамъоварӣ намудаанд, ки ин барои гирифтани дониш, баланд бардоштани савияи маърифатӣ ва рушди ҷаҳонбинӣ нақши муҳим дорад.

Толори шуъбаи хизматрасонӣ озодаву барҳаво буда, адабиётҳо бо тартиби таснифоти китобдорӣ-библиографӣ ҷобаҷогузорӣ карда шудааст. Дар шуъбаи хизматрасонӣ феҳристи алифбоӣ, феҳристи мураттабӣ ва картотекаҳо дар мавзуҳои “Пешвои мо ифтихори мо”, “Об неъмати бебаҳо”, “Тоҷикон” шиносномаи миллати тоҷик, “Модар офарандаи ҳаёт” “Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст” ва “Парчам шукӯҳи озодии мо” мавҷуд аст. Ҳамзамон, дар ин шуъба дар мавзуҳои “Шоҳномахонӣ”, “Номинатсияи адабиёти классикӣ”, “Адабиёти муосир”, “Адабиёти ҷаҳон”, “Гӯшаи рӯйхатҳои ҳуқуқ” ва китобҳои “Пешвои муаззами миллат” намоиши китобҳо ташкил карда шудааст. Инчунин донишномаҳои умумӣ, донишномаи кӯдакон ва наврасон, луғатҳо, маълумотномаҳо ва дастурҳои библиографӣ низ мавҷуд аст. Китобдорони Китобхонаи марказӣ ба 26 номгӯи рӯзномаҳо обуна шудаанд. Бештари хонандагони Китобхонаро ҷавонон ташкил медиҳанд, аз он ҷумла хонандагони синни мактабӣ – 677 нафар, ҷавонон – 1552 нафар ва калонсолон – 1020 нафарро ташкил медиҳанд.

Китобхона дар ташкил ва баргузории намоиши китобҳо, маҳфилҳои адабӣ, вохӯриҳо бо адибон, конфронсҳо, озмунҳои “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” ва дигар чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ саҳм мегузорад. Ҳадафи ин чорабиниҳо баланд бардоштани фарҳанги китобхонӣ, ҷалби ҷавонон ба мутолиа ва тарғиби арзишҳои миллӣ мебошад. Дар фонди китобхона китобҳои бадеӣ, илмӣ, сиёсӣ, техникӣ, таърихӣ ва таълимӣ бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нигоҳдорӣ карда мешаванд. Яке аз хусусиятҳои муҳимми китобхона мавҷудияти шуъбаи нодири соядастҳо мебошад. Дар толори китобҳои соядаст 25773 китоб бо 66 забони ҷаҳон аз 46 кишвари дунё нигоҳдорӣ карда мешавад, ки аксари онҳо ҳамчун туҳфа аз ҷониби нависандагон, олимон ва муассисаҳои фарҳангии хориҷӣ тақдим гардидаанд. Ин ганҷина аҳаммияти бузурги илмӣ ва фарҳангӣ дошта, барои муҳаққиқон ва дӯстдорони китоб сарчашмаи арзишманд ба ҳисоб меравад. Китобхона ба хонандагон тавассути толори хониш ва абонемент хизмат мерасонад. Хонандагон метавонанд китобҳоро барои истифода дар толори хониш ё ба хона дастрас намоянд. Инчунин ба муҳаққиқон, омузгорон, донишҷӯён ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ хизматрасонии библиографӣ ва иттилоотӣ пешниҳод карда мешавад. Дар китобхона 8 адад компютер, 1 адад сканер ва 2 адад принтер ҳаст. Аз ин шумора 4 адад компютер корношоям мебошад. Дар Китобхонаи марказӣ 55 нафар корманд фаъолият менамоянд. Аз онҳо 12 нафар дорои маълумоти олии касбӣ, 20 нафар маълумоти олии ғайрикасбӣ, 21 нафар маълумоти миёнаи махсуси касбӣ ва 2 нафар маълумоти миёнаи умумӣ мебошанд. Ин нишондиҳандаҳо гувоҳи онанд, ки аксари кормандон соҳиби маълумоти касбӣ буда, барои иҷрои вазифаҳои китобдорӣ омодагии зарурӣ доранд. Бо вуҷуди ин, ҷалби кормандон ба курсҳои такмили ихтисос ва омузиши технологияҳои нави иттилоотӣ метавонад сатҳи хизматрасониро боз ҳам беҳтар намояд.

Дар ҷомеаи муосир китобхонаҳои бачагона дар тарбияи маънавию ахлоқии кӯдакону наврасон, рушди ҷаҳонбинӣ ва ташаккули шавқу рағбат ба китоб нақши муҳим доранд. Китобхонаи бачагонаи шаҳри Норак яке аз муассисаҳои фарҳангии шаҳр буда, фаъолияти худро ба баланд бардоштани фарҳанги китобхонӣ, рушди қобилияти эҷодӣ ва қонеъ намудани талаботи иттилоотии кӯдакону наврасон равона кардааст.

Китобхонаи бачагонаи шаҳри Норак дар ҳайати шабакаи китобхонаҳои марказонидашудаи шаҳр фаъолият намуда, ба кӯдакону наврасон хизмат мерасонад. Дар шаҳри Норак 16 китобхона фаъолият менамояд, ки аз онҳо 2 китобхонаи бачагона мебошад. Ин китобхонаҳо барои ҷалби кӯдакон ва наврасон ба мутолиаи китоб, рушди ҷаҳонбинӣ ва тарбияи маънавии насли наврас саҳми назаррас доранд.

Фонди китобхона аз адабиёти бадеӣ, афсонаҳо, достонҳо ва донишномаи кӯдакон ва наврасон иборат аст. Адабиётҳо бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ буда, барои гуруҳҳои синну соли гуногун мутобиқ аст.  

Китобхонаи бачагонаи №2 ва №15 ҳамчун филиал фаъолият менамоянд. Хазинаи китобии Китобхонаи бачагонаи №2, 10351 нусха адабиётро ва Китобхонаи бачагонаи №15, 6497 нусха адабиётро ташкил медиҳанд. Дар Китобхонаҳои бачагона адабиётҳо бо тартиби алифбо ҷобаҷогузорӣ карда шудааст.

Китобдори Китобхонаи бачагонаи №15 дафтарчаи хонандагии хонандагонро бо тартиби рақам ба қайд гирифтааст. Дар Китобхонаи бачагонаи №2 ташрифи хонандагон дар 6 моҳи соли 2026 ба 365 нафар расидааст, омаду рафти хонандагон 3714 маротибаро ташкил медиҳад ва шаш ҳазору панҷ (6005) нусха адабиёт ба истифодаи хонандагон дода шудааст. Дар Китобхонаи бачагонаи №15 ташрифи хонандагон дар 6 моҳи соли 2026 282 нафарро ташкил медиҳад, омаду рафти хонандагон 823, диҳиши китоб 1865 маротибаро ташкил медиҳад. Дар филиал-китобхонаҳо бахшида ба 90-солагии Алӣ Бобоҷон “Тоҷикистони ман” хониши баланд бо хонандагони хурдсол баргузор карда шудааст. Дар моҳи апрели соли 2026 бахшида ба фестивали ҷумҳуриявии “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” таҳти унвони “Фурӯғи маърифат” аз 2 то 9 апрел дар ҳамаи китобхона филиалҳо намоишҳои китобӣ бо номи “Пайравони Пешво”, “Файзи истиқлол”, “Сайри олами маонӣ”, “Каломи гӯё”, “Дастони моҳир”, “Худ бисоз бо мо бисоз”, “Дар олами афсона”, “Муҳаббати муқаддас”, “Дилам фидои кӯдакон” намоиши китобҳо ташкил карда шудааст. Инчунин субҳи бачагона зери мавзӯи “Китоб дӯсти беминнат”, хониши баланд зери унвони “Китоб сарчашмаи дониш” баргузор карда шудааст. Китобхонаи бачагонаи №15 дар мавзӯи “Оила асоси ҷомеа” бо хонандагони фаъоли китобхона суҳбат баргузор намудааст. Китобхонаҳои бачагонаи №2 ва №15 бахшида ба “40 Рӯзи ҳаёти кӯдакон” дар МТМУ-и №5 гӯшаҳои намоишӣ дар мавзуи “Сайри олами маонӣ”, “Дар олами афсона”, “Кӯдакон дунёи моанд” ташкил кардаанд. Санаи 1 июн бахшида ба рӯзи Ҳифзи кӯдакон дар Қасри фарҳанг чорабинии адабӣ-мусиқӣ баргузор гардидааст, ки дар он тарбиятгирандагони боғчаҳои №3, 5, 6, 8 ва хонандагони фаъоли китобхонаҳо баромад намудаанд. Китобдори китобхонаи бачагонаи №2 Нурова Зумрад дар бораи таърихи пайдоиши Рӯзи кӯдакон маълумот додааст.

Ҳамин тавр китобхонаҳои шаҳри Норак ҳамчун муассисаи фарҳангӣ, омузишӣ ва иттилоотӣ дар рушди фарҳанги китобхонӣ ва баланд бардоштани маърифати хонандагон саҳми арзанда доранд. Рушди хизматрасонии рақамӣ ва пурра гардонидани фонди китоб бо адабиётҳои тозанашр имкон медиҳад, ки фаъолияти китобхонаҳо боз ҳам беҳтар гарданд ва ба талаботи ҷомеа ҷавобгӯ бошанд. Ҳамзамон, барои баланд бардоштани савияи дониши хонандагон, ташаккули ҷаҳонбинӣ ва    тарбияи онҳо дар руҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, мусоидат намоянд.      

Раҷабова Азиза,

Ходими калони илмии шуъбаи фаъолияти китобдорӣ

 

 

 

барчасп: