Activities calendar

31 августа 2026

ҲУНАРИ ПӮСТИНДӮЗӢ ДАР ЗАФАРОБОД

Ҳунарҳои суннатӣ як ҷузъи фарҳанги мардуми тоҷик ба шумор рафта, рӯз аз рӯз миёни халқ сайқалу густариш  ёфта, ҳамзамон мавқеи хосса пайдо карда истодааст. Дар натиҷаи заҳмату эҷоди ҳунарманд ва интиқоли он ба наслҳои оянда ҳунар рушд карда, навовариҳои зиёде ба бор меорад. Метавон қайд намуд, ки дар рушди мухталифи навъҳои касбу ҳунар ва таҷрибаву малакаҳо нақши ҳунармандон хеле бориз аст. Дар радифи дигар касбу ҳунарҳои анъанавӣ пешаи пӯстиндӯзӣ ҳунари нодире мебошад, ки заҳмати зиёдеро тақозо мекунад.

барчасп: