БА КОРМАНДОНИ ОСОРХОНАҲО ХАТИ НИЁКОН ОМӮЗОНДА ШАВАД

Исфара яке аз шаҳрҳои қадима ва ободу зебои вилояти Суғд буда, дар ҳавзаи қаторкӯҳҳои Туркистон ҷойгир аст ва бо вилояти Боткони Кирғизистон ва Фарғонаи Узбекистон ҳамсарҳад аст. Аз байни шаҳр дарёи шӯху софу пуртуғёни Исфара ҷорист, ки заминҳои кишоварзиро шодоб мегардонад.

Тибқи баъзе ривоятҳо гӯё Искандари Мақдунӣ зимни забти Осиёи Миёна, аз даште гузашта ба мулке расид, ки он ҷо монанди биҳишт буд – дарёи шӯхобу шириноб, ҳамаҷо сабзу хуррам. Ҳамин дам Искандар нидо баровард: "Ас бара" – Чи зебо! Номи Исфараи имрӯза гӯё аз ҳамон Асбара гирифта шуда бошад.

Шаҳр бо номи Исфара бори аввал дар асари «Таърихи Табарӣ» (асри Х) зикр шудааст. Бобоҷон Ғафуров дар китоби хеш “Тоҷикон» оид ба Исфара маълумот додааст. То ғалабаи Инқилоби Октябр Исфара тобеи хонигарии Қӯқанд буд. Соли 1929 ба ҳайати ҶШС Тоҷикистон дохил шуда ва соли 1952 номи шаҳрро гирифт.

Рӯзи аввали сафари хидматӣ баъди нисфирӯзӣ ба қасри фарҳанги шаҳри Исфара, ки дар маркази шаҳр воқеъ гардида буд ворид шудем. Бо мудири бахши фарҳанги шаҳри Исфара Сабурхон Амонуллоев вохӯрда, оид ба вазъи кунунии фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ, мушкилот ва дастовардҳо дар замони муосир ҳамсуҳбат гардидем. Рӯзҳои минбаъда ба фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ чун Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии шаҳри Исфара, китобхонаи марказӣ, Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Сайфуддини Исфарангӣ шинос ва аз ҳолати кунунии онҳо бохабар шудем. Ҳамзамон бо пурсишномаҳои тадқиқотӣ-сотсиологӣ кормандонро ҷалб намудем.

Дар бахши фарҳанг 3 осорхона: Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии шаҳри Исфара, Осорхонаи адабии Лутфулло Бузургзода дар Ҷамоати деҳоти Навгилем ва Осорхонаи драмматург Абдусалом Атобоев дар Ҷамоати деҳоти Шаҳрак фаъолият дорад. Бозёфтҳои ҳафриёти (археологӣ), ки аз гузаштаи дуру наздики шаҳр дарак медиҳанд, дар осорхонаи Исфара маҳфузанд. Дар осорхонаҳо 4462 адад нигораҳо ва 124 адад гӯшаҳо мавҷуд аст, ки далели таърихи гузаштаю имрӯза ва фарҳанги ниёгони мардуми шаҳри Исфара мебошад.

Осорхонаи таърихӣ кишваршиносии шаҳри Исфара аз 8 толор: толори табиат, толори асрҳои миёна, толори дунёи қадим, толори таърихи нав ва шӯъбаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ, гӯшаи этнографӣ, толори давраи Истиқлол, толори иштирокчиёни ҷанги Афғонистон ва барқароркунандагони сохти конститутсионӣ, толори илмӣ мавҷуд аст. Дар назди осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ ҳамчунин комиссияи ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ барои назорати 162 адад ёдгориҳои таърихиву меъморӣ ва директори кулли осорхонаҳо барои назорати осорхонаҳои давлатӣ, соҳавӣ ва шахсӣ фаъолият доранд.

Директори осорхона Зайнура Додоҷонова зимни суҳбат иброз дошт, ки осорхона дар бинои таърихӣ – Қалъаи Ӯрда ҷойгир буда, онро ҳанӯз соли 1912 Империяи Русия сохтааст. Бино садамавӣ буда, шифти он соли 2010 ва тирезаҳояш соли 2019 аз нав карда шуд. Дар осорхона муҷассамаи Нано-олиҳаи фаровонӣ, ки ба асрҳои пеш аз милод тааллуқ дорад, маҳфуз аст. Он ҳанӯз соли 1992 аз деҳаи Қалъачаи Мазори Ҷамоати деҳоти Шаҳрак ёфт шуд. Чанде қабл як сокини шаҳр зимни кандани таҳхона шамшери биринҷиеро ёфта, онро ба осорхона тақдим намуд, ки тибқи гуфти мутахассисон таърихи беш аз 4 ҳазорсоларо дорад. Ҳамчунин, дар осорхона беш аз 60 китобу дастхатҳо мавҷуд аст, ки то ҳол омӯхта нашудаанд.

Аз ин рӯ пешниҳод менамоям, ки минбаъд ба кормандони осорхонаҳо хати ниёкон омӯзонда шавад, ҳамзамон дар курсҳои хатшиносӣ таҳсил намоянд. Ҳоло ҳам дар хонаҳои мардум дастхату китобҳои қадима хеле зиёданд. Ҷамъоварӣ ва таҳияи чунин ганҷи ниёкон ба зиммаи кормандони осорхонаҳо гузошта шавад.

Мавриди зикр аст, ки дар ноҳия 22 китобхонаҳо фаъолият дорад. Аз ҷумла 1-то китобхонаи марказӣ, 4-то китобхонаи шаҳрӣ, 16-то китобхонаҳои деҳот ва 1-то китобхонаи бачагона фаъолият бурда истодаанд.

Давоми шаш моҳи соли равон ба китобхонаҳои марказонидашудаи шаҳри Исфара аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара 656 нусха китоб бо маблағи 18000 сомонӣ ва аз тарафи шахсони алоҳида 461 нусха китоб бо маблағи 2829 сомонӣ, аз тарафи соҳибкор 112 нусха китоб бо маблағи 1520 сомонӣ ҷамъоварӣ карда шуд, ки дар маҷмӯъ 1229 нусха китоб бо маблағи 22349 сомониро ташкил медиҳад.

Барои соли 2026 ба маблағи 16623 сомонӣ ба 28-нусха номгӯи рӯзномаю маҷаллаҳо (7-нусха маҷалла, 21-нусха рӯзнома) аз ҳисоби маоши кормандон ба китобхонаҳо обуна шуданд.

Дар китобхонаи марказии ба номи А. Лоҳутӣ воситаҳои техникаи муосир ҳамагӣ 7 дона: Аз ҷумла 5дона-компютер, 1 дона-принтер ва 1 дона–сканер мавҷуд аст. Захираи китоб то ба имрӯз ба 183121 мерасад.

Назар ба гуфти мудири бахши фарҳанги шаҳри Исфара С. Амонуллоев дар назди бахши фарҳанг 4 мактаби санъат ва 1 мактаби рассомии бачагона фаъолият мекунанд, ки дар он 78 нафар омӯзгорон ба 761 нафар хонандагон дарси маҳорат меомӯзанд, ки аз онҳо 37 нафар бо маълумоти олии тахассусӣ, 24 нафар бо маълумоти миёнаи махсус, 17 нафар миёнаи умумӣ мебошанд.

Ҳамчунин муассисаҳои таълимии бахши фарҳанг барои тарбияи насли наврас дар ҷодаи санъат фаъолияти таълимиро дуруст ба роҳ монда, ҷиҳати омода намудани мутахассисони соҳаи мазкур саҳми назаррас гузошта истодаанд.

Дар нимсолаи аввали соли 2026 хонандагон ва омӯзгорон дар баргузории консертҳо, чорабиниҳои фарҳангӣ ва чорабиниҳои умумишаҳрӣ саҳми арзандаи худро гузоштанд.

Мавриди зикр аст, ки дар шаҳри Исфара аз соли 2006 инҷониб ансамбли халқии «Шашмақом» расман ба фаъолият сар кард. Аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара 15,5 воҳиди корӣ ҷудо карда шуд, ки то ба имрӯз дар ҳайъати он 15 нафар ҳунармандони касбӣ кор карда истодаанд. Имрӯз ба ансамбл устоди ҳунар, донандаи хуби санъати шашмақом, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Исроилҷон Файзидинов роҳбарӣ менамояд. Роҳбари мусиқии ансамбли халқии «Шашмақом» Шарипов Зафар буда, дар ҳайати он 8 навозанда, 7 нафар овозхон кор мекунад.

Зикр гардид, ки ҳайати ансамбли шашмақом дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявию, вилоятӣ ва шаҳри мунтазам иштирок менамоянд.

Ҳанӯз соли 2011 бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара дар назди бахши фарҳанг бо роҳбарии Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, устоди рақс Гавҳар Мирҷумаева ансамбли рақсии «Зумрад» ташкил карда шуд. Ансамбл бо толори машқ, сару либоси корӣ ва саҳнавӣ таъмин мебошад.

Роҳбари ансамбл ният дорад, сафи духтаронро дар ансамбл зиёд намуда, дар чорабиниҳои шаҳрӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва берун аз кишвар бо барномаҳои рақсии рангини худ баромад намуда, номбардори Тоҷикистони азиз бошад.

Ансамбли рақсии «Зумрад» дар ҳамаи чорабиниҳои фарҳангӣ, сиёсиву оммавӣ, ҳамчунин таҷлили иду ҷашнҳои милливу давлатӣ фаъолона иштирк менамояд.

Боиси таассуф аст, ки боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Сайфуддини Исфарангиро дар ҳолати хеле бад ва мағшуш дарёфтем. Дар роҳравҳо ва атрофи онҳо ҳар гуна партовҳо ба назар мерасад ва гӯё моҳҳо норуфта бошад. Қуттиҳо аз партов лабрезанд. Дарахтону сабзаҳо аз беобӣ моил ба хушкшавианд. Дар боғ ҳатто як гул ҳам дида намешавад. Трактору аробаи шалақу зангхурдаи аз замони шӯравӣ бамеросмонда намои боғро боз ҳузновар нишон медиҳад. 3 адад чархофалакҳои зангзадаву кайҳо аз фаъолиятмонда чун “Хушманзар”, “Ҷуфтқаиқи калон” ва “Бобуна” аз он дарак медиҳанд, ки замоне боиси хушнудӣ ва шодиву фараҳи сокинону меҳмонони шаҳр, хусусан кӯдакон буданд. Харакҳои шикаставу кайҳо рӯи рангро надида ва гирду атрофи пур аз партовҳои муҷассамаи шоир аз бемасъулиятии кормандони соҳаи фарҳанг дарак медиҳад.

Чун ин ҳолатро ба мудири бахши фарҳанг арза доштем, дар посух иброз дошт, ки ба наздикӣ ин вазифаро ба уҳдааш гузоштаанд ва мекӯшад, ки бо ба иҷора додани боғ ба соҳибкор онро ободу шукуфо гардонад.

Мунаввари САФАР,

ходими пешбари

илмии ПИТФИ

 

 

барчасп: