Исфара яке аз шаҳрҳои қадим ва ободу хуррами кишвар аст. Исфара бо адибону пажуҳандагон ва созандагону навозандагони номвараш, бо мардуми заҳматкаш ва табиати зебояш маълуму машҳур аст. Исфара дар ин рӯзҳо чун дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар ба истиқболи 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ мебинад ва бе ҳеҷ шак онро бо дастовардҳои арзанда таҷлил хоҳад кард.
Мо ба мақсади воқиф шудан аз омодагии муассисаҳои фарҳангӣ ба истиқболи ин ҷашни пуршукуҳ ва дар доираи мавзуи «Таҳқиқи мушкилот ва дастовардҳои соҳаи фарҳанг ва санъат дар замони муосир» ба ин хуррамшаҳр омадем. Қасри фарҳанг дар маркази шаҳр воқеъ аст, тозаву озода ба назар расид. Бахши фарҳанги шаҳрро Сабурхон Амонуллоев ба уҳда дорад, ӯ вазъи кунунии муассисаҳои фарҳангӣ, дастовардҳо ва мушкилоти онҳоро медонад. Имрӯз дар Исфара 46 муассисаи фарҳангӣ фаъолият мекунад, аз ҷумла: 22 китобхона бо теъдоди 183121 китоб, 5 мактаби санъат бо 761 нафар хонанда, 3 осорхона бо 4462 таърихнигораҳо, 15 хонаи фарҳанг (клуб), 1 театри халқӣ ва 1 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ.
Ба гуфтаи С. Амонуллоев дар нимсолаи аввали соли 2026 дар ҳама муассисаҳои фарҳангӣ, аз ҷумла дар хонаҳои фарҳанг, осорхонаҳо, китобхонаи марказӣ ва китобхонаҳои ҷамоатҳо силсилаи чорабиниҳо, ба мисли вохӯриву шабнишиниҳо, барномаҳои театриву консертӣ, намоиши мусаввараҳо, дарс-намоишҳо, конференсияҳо, намоиши доимии китобҳо бахшида ба санаҳои муҳимми таърихӣ, семинар-машваратҳо ва инчунин суҳбату мулоқотҳо гузаронида шуданд.
Бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил намудани санаҳои муҳими таърихӣ, ба монанди Иди Сада, 33-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ, рӯзи Модар, ҷашни Наврӯз, иди Ғалаба, рӯзи "Шашмақом", рӯзи Ҷавонон, рӯзи Муҳофизати кӯдакон, Ваҳдати миллӣ аз рукнҳои муҳимми кори бахши фарҳанг шаҳр мебошад. Аз ҳисоботҳои бахши фарҳанг бармеояд, ки кормандони фарҳанги шаҳр ин иду маросимҳоро чун василаи муҳим ва таъсиргузор дар баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ, тарбияи ватандӯстӣ, зебоипарастӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, тарғибу ташвиқи санъати миллӣ, ҷалби васеи ҷавонону наврасон ба соҳаи фарҳанг ба кор мебаранд ва дар ин самт муваффақиятҳо низ доранд.
Бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани 35-солаги Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нақша чорабиниҳо МИҲД-и шаҳр дар муассисаҳои фарҳангии шаҳраку деҳоти Исфара ҳашарҳои ободонӣ гузаронида мешавад. Саҳни қасри фарҳанг бо ғайрату ҳиммати соҳибкор Ҷӯраев Ҷӯрабой сангфарш гардидааст, фаввораи назди қаср ба он шаклу шукуҳи ҷолиб бахшидааст. Дар толори калони Қасри фарҳанг мониторинги LD насб гардида, аз ҳисоби кормандони китобхона, мудирони клубу хонаҳои фарҳангӣ корҳои таъмирӣ гузаронида шудаанд. Китобхона ва клубу хонаҳои фарҳангӣ қисман таъмир шудаанд.
Дар ҷараёни сафар дар чанд муассисаҳои фарҳангии шаҳр будем ва бо кору фаъолияти онҳо шинос шудем. Ҳамчунин Осорхонаи таърихию кишваршиносии шаҳрро тамошо карда, аз пешрафти кори осорхона ва шумораи тамошобинон дар нимсолаи аввал воқиф гаштем. Осорхона ду филиал-осорхона дорад: осорхонаи адабии Лутфулло Бузургзода дар ҷамоати деҳоти Навгилем ва осорхонаи драматург Абдусалом Атобоев дар ҷамоати деҳоти Шаҳрак бунёд шудаанд.
Ҳангоми суҳбат директори осорхона Зайнура Додоҷонова изҳор намуд, ки бинои осорхона дар назар аввал хушнамо намояд ҳам, аммо дар асл таъмири ҷиддиро талаб мекунад, шифти он соли 2010 таъмир шуда буд, имрӯз боз таъмирталаб аст. Дар осорхона 60 дастнависи нодир нигоҳ дошта мешавад, мутаассифона, на ҳамаи онҳо омӯхта ва мазмуну мундариҷаашон муайян карда шудаанд. Роҳравҳои дохили осорхона танг буда, бинандагон озод гашта наметавонанд, витринаҳо ба талаботи замон ҷавобгӯ нестанд. Ҳарорати воситаҳои гармидиҳӣ дар фасли зимистон ниҳоят паст аст. Нарасидани мизу курсиҳо, компютер ва дигар воситаҳои техникӣ ба пешрафти кор монеа мегарданд. Бино ба гуфти директор айни ҳол дар осорхона як компютер мавҷуд аст, ки он ҳам бо маблағи дар озмун ба даст омада харидорӣ шуда буд.
Дар назди Осорхонаи таърихию кишваршиносӣ Комиссияи ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ амал мекунад, ки роҳбарии онро Абдуманон Рауфов ба уҳда дорад. 162 ёдгории таърихӣ, меъморӣ, фарҳангӣ ва ҷойҳои муқаддас зери назорати комиссияи мазкур мебошанд.
Китобхонаҳо ҳамчун марказҳои фарҳангӣ ва маърифатӣ фаъолиятро дуруст ба роҳ монда, дар тарбияи маънавии аҳолӣ саҳми назаррас мегузоранд. Аз ҷумла дар китобхонаи марказӣ низоми дурусти корбарӣ ба роҳ монда шудааст. Рафҳои китобмонӣ тозаву озода буда, ба гӯшаҳо ҷудо гардидаанд, масалан: гӯшаҳои “Фарзандони барӯманди Исфара”, “Терроризм хатари сулҳу субот”, “Китобҳо бо забони тоҷикӣ”, “Адабиёти бадеӣ”, “Китобҳо бо забони русӣ”, “Адабиёт бо забони ӯзбекӣ”, “Маводҳо”, “Қомусҳо”, “Номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адабиёти классикии тоҷик”, “Номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адабиёти муосири тоҷик ва осори шифоҳии халқи тоҷик”, “Суханварони Исфарамарз”, “Китоб сарчашмаи дарёи ақл”.
Дар рафти суҳбат маълум гардид, ки 8 филиали китобхона ҳоло таъмирталаб мебошанд.
Чун ҳолати боғи фарҳангию фароғатиро ба мудири бахши фарҳанг расондем, дар посух иброз дошт, ки ҳафтае қабл ин вазифаро ба уҳдааш гузоштаанд ва мекӯшад, ки боғро ба ягон соҳибкор ба иҷора диҳад, то дар оянда ободу шукуфон гардад.
Дар муқоиса бо дигар муассисаҳои фарҳангӣ Боғи фарҳангию фароғатии шаҳр, ки ба номи Сайфуддини Исфарангӣ – шоири маъруфи асрҳои XII-XIII ва яке аз намояндагони барҷастаи адабиёти классикии форсу тоҷик гузошта шудааст ва дар маркази шаҳр воқеъ аст, ҳоли бисёр ҳузнангез дорад. Тақрибан тамоми чархофалакҳо занг задаанд; фаввораҳо на танҳо об надоранд, балки корношоям шудаанд гӯем хато нахоҳад шуд; ҳудуди боғ, ҳатто атрофи муҷассамаи шоир пур аз партовҳо мебошад, қуттиҳо аз партов лабрезанд; харакҳо шикаставу кайҳо рӯи рангро надидаанд. Алафҳои боғ хушк шудаанд, ҳатто як гули шинонида ба чашм намерасад. Дарахтону сабзаҳо аз беобӣ қариб аст, ки хушканд. Тозагии боғ ва ҳолати санитарии он ба талабот ҷавобгӯ нест, шояд боғ моҳҳо боз рӯбучин нашуда бошад. Трактори фарсуда ва аробаи шалақу зангхӯрдаи аз замони шӯравӣ бамеросмонда намуди боғро бозҳам ҳузновар нишон медиҳанд.
Бояд гуфт, ки маҷмааи “Ҷаҳони нав” дар паҳлуи боғи фарҳангӣ-фароғатӣ воқеъ аст ва дар ҳақиқат, ҷавобгӯи замон аст. Ин боғ хусусӣ гардонида шудааст. Ду боғ ҳампаҳлу, аммо фарқ замину осмон. Бахши фарҳангии шаҳрро лозим меояд, ки оид ба ин масъала биандешад, то боғи фароғатӣ ҳусни шаҳри дилорои Исфараро нозеб накунад. Боғҳо аз қадимулайём ҷои сайру саёҳати мардум, ҷои аз ҳавои тоза нафас гирифтан, ҷои вохӯрӣ ва самимона суҳбат кардани ёру дӯстон, ҷои хастагию асабониятро рафъ намудан аст. Муҳимтар аз ҳама, онҳо симо, зебу зиннати шаҳру ноҳия мебошанд.
Хуб мешуд, ки бахши фарҳанги шаҳр дар оянда ба нуктаҳои зайл таваҷҷуҳ зоҳир мекард: а). таъмини муассисаҳои фарҳангии шаҳр бо таҷҳизотҳои техникии замонавӣ, ҷиҳози саҳнавӣ, компютер, созҳои мусиқӣ, курсиҳо; б). ҷиҳати баланд бардоштани тахассус ба курсҳои такмили ихтисоси кутоҳмуддат ҷалб намудани кормандони муассисаҳои фарҳангӣ; в). ҷалби ҳар чӣ бештари соҳибкорон ба соҳаи фарҳанг.
Дар баробари ҳамаи ин, беҳтар намудани шароити кор ва хизматрасонӣ ҳамеша бояд дар мадди назар бошад.
Шамсуддин АБДУЛЛОЕВ
мудири шуъбаи фарҳанг
ва санъатшиносӣ
Душанбе-Исфара-Душанбе

