БОЗМОНДАҲОИ ҶАШНИ ТИРГОН ДАР ВОДИИ ҲИСОР

Мардуми тоҷик аз қадимулайём  соҳибтамаддун  буда, дар гузаштаи дур якчанд ҷашну идҳое доштанд, ки бузургтарини онҳо Наврӯз, Меҳргон, Сада ва Тиргон маҳсуб меёфт. Ҷашнҳои зикргардида ба чор унсури табиат ва чор фасли сол иртибот доранд: Наврӯз ба баҳор ва хок, Меҳргон ба тирамоҳ ва ҳаво, Сада ба зимистон ва оташ, ҷашни Тиргон ба тобистон ва об.

Қобили зикр аст, ки имрӯзҳо ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон ва Сада дар Тоҷикистон бо тамоми махсусиятҳояшон таҷлил карда мешавад. Ва мардум дар бораи ин ҷашнҳои номбаргардида каму беш тасаввурот доранд, аммо роҷеъ ба ҷашни аз ёд рафтаи ниёгонамон – Тиргон маълумот камтар доранд. 

Соли 2019 дар як ҳамоиши байналмилалӣ, ки дар Душанбе баргузор гашт, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон боифтихор аз ҷашни Тиргон ном гирифтанд. Минбаъд доир ба ин ҷашн дар доираҳои илмию фарҳангӣ, дар матбуот бештар маълумот дода шуд. Соли 2025 бори нахуст Тиргон расман ба тақвими ҷашнҳои Тоҷикистон ворид гашта, таҷлил шуд.

Тибқи сарчашмаҳо таърихи пайдоиши ҷашни Тиргон дар қиссаҳои эронӣ чунин оварда мешавад: «Дар ин рӯз дар мавзеи Табаристон шоҳи пешдодӣ Манучеҳр аз Афросиёб шикаст хӯрд ва Афросиёб Манучеҳршоҳро дар Табаристон ба муҳосира даровард. Ин муҳосира муддате давом ёфт, чунон ки шоҳу сипоҳонаш аз норасоии хӯрок азият мекашиданд. Дар гуфтугӯе, ки барои сулҳ миёни Афросиёб ва Манучеҳр воқеъ шуд, шоҳи Эрон пешниҳод кард, ки  марз байни ҳар ду кишвар ба андозаи масофати партоби як тир аз сӯи тирандозе аз сипоҳаш таъйин шавад. Шоҳи турониён ин пешниҳодро қабул кард.

Яке аз эзадони амшоспанд Испандармаз ба шоҳи Эрон паём овард, ки дастур диҳад, то камоне бо вижагиҳои лозим бисозад ва партобкунандаи онро низ ном бурд, чунон ки моҷарояш дар Авесто зикр шудааст. Бо фармони шоҳ он мардро, ки Ораш ном дошт, ҳозир карданд. Марде буд диндору неккирдор. Манучеҳр мақсадро ба ӯ фаҳмонда гуфт: бояд ин чӯббаи тирро бо ин камон партоб кунӣ. Ораш омода гашт, пӯшок аз тан бадар овард ва бо хитоб ба шоҳу мардумон гуфт: «Пайкари маро бубинед, ки аз ҳар захм ва айбе муназзаҳ (пок) аст. Медонам, ки чун бо ҳамаи неру тире бияндозам, пайкарам пора-пора хоҳад шуд ва хоҳам мурд. Аммо ин корро мекунам». Пас бараҳна шуд ва он камони бузургу сангинро бо неруе, ки Худованд ба вай бахшида буд, ончунон кашид, ки то ниҳояти зеҳ боз шуд, тирро раҳо сохт. Он гоҳ чуноне ки гуфта буд, баданаш пора-пора шуду бимурд.

Бо фармони Худованд бод он тирро аз кӯҳи Рӯён ба дуртарин нуқтаи Хуросон, ҷое миёни Фарғона ва Табаристон бурд ва тир ба дарахти гирдуи (чормағзи) бузурге қарор гирифт. Масофат чунон буд, ки гӯянд ҳазор фарсанг мешуд ва Манучеҳру Афросиёб бад-ин марз бо ҳам сулҳ  карданд ва аз ҳамон ҷойи нишасти тир марзи Эрону Турон муқарар шуд. Аз он замон сар карда, мардумон ба ёдбуди чунин ҳодисае, ки дар рӯзи Тир аз моҳи Тир рух дода буд, ҷашни Тиргон барпо карданд».

Ҷашни Тиргон дар Тоҷикистон соли дуввум аст, ки таҷлил мегардад, аммо баъзе расму ойинҳо ва ақидаву боварҳое мавҷуданд, ки метавон онҳоро ба  ҷашни Тиргон нисбат дод. Масалан, маросимҳои даъват ва манъи борон ва  якчанд бовару андешаҳо нисбати рангинкамоне, ки баъди борони баҳорӣ дар осмон пайдо мегардад, мавҷуданд. Роҷеъ ба ин муҳаққиқ Раҳимӣ Д. чунин ибрози андеша менамояд: «Агарчи дар фарҳанги омиёнаи тоҷикон ҷашни Тиргон ва устураи Тиштар ё Тир аз байн рафта буданд, аммо баъзе пораҳои он дар бовару таъбиру ифодаҳо боқӣ мондаанд. Чунончи, дар лаҳҷаҳои тоҷикӣ рангинкамоне, ки ҳангоми офтоб-борон ва ё баъд аз борон дар осмон намоён мешавад, «тиру камон» меноманд. Воқеъан, ҳам рангинкамон ба сурати камон аст, аммо тираш куҷост? Аслан, ин ибораи қадимӣ буда, шакли дурусташ «Тиркамон» аст, яъне камони эзади Тир. Зеро Тир (Тиштар) эзади борон аст ва чи тавре болотар зикр шуд, дар устураю афсонаҳои бостонӣ омадааст, ки ӯ бо деви хушксолӣ Апаоша дар набард аст. Ин рангинкамони пас аз  боронро, албатта, ниёгони мо камони ҳамон эзади паҳлавон Тир медонистанд».

Зимни эскспедитсияи мардумшиносӣ ба водии Ҳисор дар деҳаи Хуҷии болои ноҳияи Шаҳринав анъанаеро дучор омадем, ки ёд аз ҷашни Тиргон аст. Дар саргаҳи деҳа ду чашмае ҷорӣ мегардад, ки якеаш оби муқарарӣ ва дигаре оби маъданӣ мебошад. Атрофи чашмаҳоро дарахтон иҳота намудааст, ки боду ҳаво ва табиати зебо дорад. Ин мавзеъро мардуми гирду атроф бо номи «чашмаи моҳиён» мешиносанд, зеро гирди чашмае, ки оби  ширин аз он ҷорӣ мегардад, ҳавзи хурдакаки пур аз моҳичаҳо мебошад. Дар наздикии чашмаҳо мазори куҳнае мавҷуд аст. Мувофиқи нақли мироб Ғуломов Амонулло (соли тав. 1950) дар ин мазор яке аз «чилтанҳои пок» хобидааст. Мардум ба зиёрати ин мазор омада, аз оби ин чашмаҳо истеъмол мекунанд. Ҳатто ҳамроҳи худ аз ин об барои муолиҷаи бемориҳои меъда, рӯда ва ҳатто аз рӯи ихлос барои кушоиши бахт ва корҳояшон мебаранд.

Аз ҳама анъанаи ҷолибе, ки мушоҳида гардид, ҷамъ омадани мардуми гирду атроф дар шаш рӯзи  чоршанбеи миёнаи фасли тобистон дар ин мавзеъ мебошад. Мардум ин ҳамоишро сайл (сайр) ё худ сайли об мегӯянд. Дар чунин рӯзҳо мардум аз ҳар гӯшаву канори ҷумҳурӣ ҷамъ омада бо якдигар мулоқот мекунанд. Дар зери сояи дарахте як гурӯҳи занони сину соли гуногун давра нишаста, маросими «мушкилкушо»-ро баргузор мекунанд. Одамони ҳоҷатманд ҳамроҳи худ кӯлча, мавиз,  қанд ва ҳар гуна хӯрданиҳоро оварда, рӯи дастурхон мегузоранд. Баъди «мушкилкушо» хондану дуову фотиҳа кардани занҳо қисме аз овардаи худро гузошта ва қисме аз онҳоро ҳамроҳи худ мебаранд. Баъзе занони маҳаллӣ аз хонаҳояшон маҳсулоти хӯрока оварда, дар ҳамон ҷо таом омода мекунанд.

Дар даромадгоҳи ин мавзеъ тоҷирони сайёр молу маҳсулоти гуногун оварда, ба савдо машғул мешаванд. Баъзеашон анвои хӯрданӣ ба монанди яхмос, хурӯсқанд ва ҳар гуна хӯрданиҳои тезтайёр мефурӯшанд. Ширинкорон бо хурдсолон  бозиҳои шавқовар  гузаронида, инчунин, санъаткорон бо дастаи ҳунариашон сурудхонӣ намуда, хотири иштирокчиёнро шод мекунанд. Як гурӯҳи бачаҳо ба якдигар ба таври ҳазлу шухӣ обпошӣ карда, бозиҳои гуногуни фароғатӣ анҷом медиҳанд.

Дар маҷмӯъ, метавон гуфт ки ҷашни «Сайри об»-и сокинони водии Ҳисор ба хотири гиромидошти неъмати илоҳӣ – об буда, анъана ва урфу одати қадимаи ниёгонро ҳифз намуда, барои насли оянда ба мерос мегузоранд.

Зафар   Ҳусейнзода

 

 

 

 

 

 

 
барчасп: