“Шашмақом”- асари мураккабу мушаххаси гуногунсатҳу серпаҳлӯ ва силсилавии мусиқии халқи тоҷик мебошад. Санъати бою рангини шеъри форсӣ-тоҷикӣ дар давру замонҳои гуногун, яке аз омилҳои муҳим ва асосии рушди санъати мусиқии мардумиву ҳирфавии миллати тоҷик буд, ҳаст ва мемонад. Намудҳои шеъриву мусиқӣ - “Соқинома”, “Тарона”, “Муноҷот” ва монанди инҳо дар асрҳои XIX дар Мовароуннаҳр маъмул буда, дар ташаккулу таҳаввули “Дувоздаҳмақом” ва меросбари он “Шашмақом” нақши назаррас гузоштаанд. Дар санъати мақомхонӣ омезиши мусиқии хубу шеъри баланд хело муҳим аст.
Аввалин бор истилоҳи “Шашмақом” дар як рисолаи мусиқии муаллифаш номаълум (с.1847) оварда шудааст. Ин шоҳасари халқи тоҷик дар шакли пурраю мукаммали имрӯзааш дар нимаи дуюми асри XVIII пайдо шуда, барои омӯзиши он дар нимаи дуюми а. XIX имконият ва шароити мусоид фароҳам омадааст.
“Шашмақом” тавассути заҳматҳои мусиқидонон, ҳофизону навозандагон то солҳои 20-ми асри гузашта, аз рӯи қонунҳои хоси силсилавӣ, иҷроӣ, таснифӣ, раванди таълимии аз устод ба шогирд амал намудаву рушд кардааст. Донандагони бузурги “Шашмақом” дар охири асри XIX ва ибтидои асри XX - Қории Каромати Дилкаши Танбурӣ, Бобоҷалол Носирзода, Бобоғиёс Абдуғанизода, Мирзо Назрулло, Левӣ Бобохон ( “Левича”), Абдумулло Ҳалим, Устод Шодии Азиз, Домулло Ҳалим, Содирхони Ҳофиз, Ҳоҷи Абдулазиз буданд, ки ин махзани мусиқии халқии тоҷикро ҳифз намуданд ва ба наслҳои оянда интиқол доданд.
Дар ҳар як даври таърихӣ, новобаста аз идеология ва афзалиятҳои он - низоми устод – шогирд мавқеи сазовор дошт. Тавассути мактаби “устод – шогирд” аз ҷониби донанда ва иҷрокунандаи “Шашмақом” -устод тамоми назокату зебоӣ, бадеият, таҷрибаи бои илмию амалӣ ва нозукиҳои ин шоҳасар ба шогирд омӯзонида шуда, дар баробари ин “Шашмақом” на ба шакли асари қолабӣ, балки ҳамчун вуҷуди зиндаву эҳёшаванда ва инкишофёбанда таълим дода мешуд. Ин тарзи омӯзиш на танҳо донишу малакаи шогирдро инкишоф дода мустаҳкам менамуд, балки маҳорати эҷодкории ӯро ривоҷ дода, боиси дар тафаккури вай ба вуҷуд омадани равия ва шаклу намудҳои нави осори мусиқии классикӣ мегардид. Аз ин рӯ, устод ҳангоми интихоби шогирд, ҳатман ба маҳорати иҷрокунандагӣ, овоз, шунавоии мусиқӣ, малакаи эҷодкорӣ, истеъдоди табиӣ доштани вай аҳамият медод. Устод донандаи хуби илмӣ-назариявии “Шашмақом” буда, аз ҷиҳати амалӣ низ суруду навоҳои онро дар сатҳи баланд иҷро менамуд. Ҳамзамон дониш, маҳорату малака, нозукиҳои таҷрибаи дар тӯли солҳо ба даст овардаашро ба шогирд меомӯзонд.
Аз таърих медонем, ки пас аз ғалабаи Инқилоби Октябр ва дар ҳудуди Осиёи Марказӣ таъсис ёфтани ҷумҳуриҳои алоҳида марказҳои таърихиву тамаддуни тоҷикон - шаҳрҳои Бухорою Самарқанд дар марзи бегона монданд. Аз ин рӯ, беҳтарин зиёиёни тоҷик, ки ба тақдири ояндаи халқи хеш бетараф буда наметавонистанд, барои барпой нигоҳ доштани илму фарҳанги ҳазорсолаи ин мардум ба маркази нави миллати тоҷик - шаҳри Сталинобод -Душанбеи имрӯза омаданд. Дар байни ин фидоиён–донандагони барҷастаи “Шашмақом” ва беҳтарин намояндагони мактаби иҷроии Бухоро - Бобоқул Файзуллоев, Шоҳназар Соҳибов, Фазлиддин Шаҳобов низ буданд. Онҳо барои барҷо мондани мусиқии классикии мо -“Шашмақом”, ташвиқи он, заҳмат кашида, хизмати мондагорро ба сомон расонидаанд.
Солҳои 20-асри XX аз ҷониби олими мардумшинос оҳангсоз ва мусиқидони рус В.А. Успенский сабти нотавии “Шашмақом” оғоз гардид. Ӯ бо охирин устодони ин шоҳасари мусиқӣ дар даҳсолаҳои аввали асри XX - Бобоҷалол Носирзода ва Бобоғиёс Абдуғанизода ҳамкорӣ намуда, суруду навоҳои онҳоро ба нота гирифт ва маҳсули заҳматҳои вай с. 1924 бо номи “Шесть музыкальных поэм”- “ Шаш достони мусиқӣ” дар Маскав ба чоп расид, ки кори хеле бузургу муҳим буд. Бо хиёнату дахолати баъзе аз пантуркистону душманони миллати тоҷик матни “Шашмақом”, ки пурра ба забони тоҷикӣ буд ба табъ нарасид- танҳо оҳангҳои он нашр гардиданд. Ба ин нигоҳ накарда, асари мазкур барои таҳқиқу омӯзиши мақомҳо, фазои нави таҳқиқӣ ба вуҷуд овард. Худи ҳамон сол дар Бухоро мактаби мусиқии Шарқ таъсис ёфта, як идда донандагони мақом ба таълими асосҳои назариявии мақом ва мақомсароӣ сафарбар шуданд.
Соли 1926 бо ташаббуси олимони мусиқидони рус - В.Успенский ва Н. Миронов дар Самарқанд - Донишкадаи мусиқӣ ва хореография таъсис дода шуд. Барои таълими асосҳои мақомхонӣ - Бобоҷалол Носирзода, Ҳоҷи Абдулазиз, Мулло Туйчӣ, Домулло Ҳалим, Устод Шодӣ, Мирзо Назрулло ҷалб шудаанд.
Дар асри XX иқдомҳои бузург, доир ба “Шашмақом” ба сомон расонида шуданд. Ба ғайр аз нашри аввалини адворӣ аз тарафи В.А. Успенский, аз ҷониби устодон Бобоқул Файзуллоев, Шоҳназар Соҳибов, Фазлиддин Шаҳобов ташкил намудани Ансамбли академии мақомхонон дар ш. Душанбе- с. 1946; таъсиси Дастаи касбии мақомхонон дар назди Кумитаи радио ва телевизиони тоҷик-с. 1954; бо ташаббус ва дастгириву раҳнамоии бевоситаи устодон - С. Айнӣ, Б. Ғафуров гирдоварӣ ва ба нотагирии “Шашмақом” (1947), чопи он иборат аз 5 ҷилд дар Маскав дар тӯли 17 сол (с. 1950-1967); таъсиси гуруҳи мақомхонон дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон - с.1955; сабти аудио ва видиоии оҳангу таронаҳои “Шашмақом” - дар телевизиону радиои тоҷик ва амсоли инҳо, танҳо ба хотири маҳфуз доштани ин асари барҷаста анҷом дода шудаанд. Анъанаҳои таълимиву иҷроии санъати мақомсароиро, ки тӯли садсолаҳо бо заҳмати пайвастаи ҳазорон устодону донандагони илму амали мақом ба даст омада буданд - хавфи аз байн рафтан таҳдид менамуд.
Хушбахтона, баъди истиқлолияти давлатӣ ба даст овардани Тоҷикистон ҳамаи ин камбудиҳо аз назари дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти кишвар-муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар канор намонд. Бо фармони ӯ 12 майи с. 2000 ба дастаи касбии мақомхонон дар назди Кумитаи радио ва телевизиони тоҷик - мақоми давлатӣ ва номи устод Фазлиддин Шаҳобов дода шуд. Ҳар сол 12 май-рӯзи “Шашмақом”, таҷлил мегардад. Дар партави ин фармон дар шаҳрҳои Кӯлобу Хуҷанд, Панҷакенту Истарафшан, Исфараву Қурғонтеппа, Конибодому Ҳисор, ноҳияҳои Файзободу Айнӣ, Рашту Ашт дастаҳои мақомсароён ташкил дода шуд, ки ин дар рушди минбаъдаи мақом ва мақомсароӣ дар мамлакат заминаи боэътимод ба вуҷуд овард. С.2003 бо пешниҳоди Ҳукумати Тоҷикистон Созмони фарҳангии байналмиллалӣ-ЮНЕСКО “Шашмақом”-ро-мероси фарҳанги ғайримоддӣ эълон намуд.
Ансамблҳои гуногун ва ҳунармандони мақомсаро, пайваста тавассути радио ва телевизионҳои мамлакат ва дар саҳнаҳои гуногун бо барномаҳои консертӣ баромад намуда, дар тарғиб ва ба мардум расонидани суруду навоҳои “Шашмақом”,- саҳми арзанда мегузоранд. Ин ҳама аз рушди “Шашмақом”, дар кишвари мо ва афзудани эътибори он дар арсаи байналмиллалӣ шаҳодат медиҳад. Ин дастовардҳои бузург - аз файзи миллӣ ва истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизи мост.
“Шашмақом”-шоҳасари мукаммали силсилавии касбии классикии тоҷикон буда, аз навову суруду таронаҳои мардумии тоҷик сарчашма мегирад. Ин хориқаи эҷоди аҷдодон, боиси ифтихори мо буда, бори дигар аз фарҳангпарвар будани миллати куҳанбунёди тоҷик ба ҷаҳониён дарак медиҳад. Имрӯз мо бояд, онро шунавем, омӯзем, таҳқиқ кунем, инкишоф диҳем ва ҳифз намуда, ба наслҳои оянда ба мерос гузорем.
Мақола дар асоси мақолаи Зубайдӣ Абубакр “Нигоҳе ба ташаккул ва таҳаввули “Шашммақом” (Осор ҷ.4 с.83-115) омода шудааст.
Саида Рустамова мусиқишинос

