МУРУРЕ БА ТАЪРИХИ РУШДИ ИЛМИ ТОҶИК ДАР ГУЗАШТА

Пайдоиш ва ташаккули илм дар байни мардуми мо таърихи ниҳоят қадима дорад. Решаҳои он ба китоби мақаддаси «Авесто» ва ҳатто аз он пештар рафта мерасад. Аз ин китоби муқаддаас дар бораи пайдоиши оламу одам ва асрори коинот маълумот пайдо кардан мумкин аст, ки заминаи устувори илмӣ доранд. Дар замони салтанати Ҳахоманишиҳо, Парфиянҳо ва Сосониён Эрони Қадим аз марказҳои бузурги тамаддуни ҷаҳонӣ ба ҳисоб мерафт, ки дар он илмҳои тиббу нуҷум ва риёзиву фалсафа ба авҷи тараққёт расида буданд. Ба хусус, таъсиси маркази илмии Гундишопур дар замони салтанати Сосониён (асрҳои (III-VII пеш аз мелод) дар таърихи илм ҳодисаи беназир мебошад, ки ҳамчун бузургтарин академияи илмҳо дар олам ёд мешавад. Ин маркази илмию таълимӣ анъанаҳои илмии Юнону Ҳинд ва Эрони Қадимро махсусан дар соҳаҳои тиббу нуҷум муттаҳид карда буд. Дар марказҳои бузурги илмӣ таълиму таҳқиқ тавъам ба роҳ монда шуда, забони форсии миёна ё паҳлавӣ то давраи паҳн гардидани ислом ҳамчун забони асосии илм ба ҳисоб мерафт. Тамаддуни Эрони Бостон илмҳои мухталифро аз минтақаҳои ҳамҷавор фаро гирифта, олами атиқа ва Шарқи Қадимро ҳамчун пул ба ҳам пайваст мекард. Ба ибораи дигар, ниёгони мо то пайдоиши Ислом дар пешрафти илмҳои табиӣ саҳми назаррас гузошта буданд, ки ин ба дастовардҳои илмӣ дар замони баъд аз пайдоиши дини ислом, ки дар таърих бо номи «Асри тиллоии исломӣ» ёд мешавад, заминаи боэътимод ба вуҷуд овард.

Баъд аз паҳн гардидани ислом низ илму дониши мардуми мо рў ба таназзул наниҳод, балки ба маҳаки асосии «Асри тиллоии исломӣ», ки солҳои 762-1258 ро дар бар мегирад, табдил ёфт. Донишмандони тоҷику форс дар пешрафти илмҳои мухталифи замон саҳми назаррас мегузоштанд. Ҳарчанд дар ин давра забони арабӣ ҳамчун забони бйналмилалии илм мақоми хос пайдо карда, қисми зиёди осори илмӣ бо ин забон таълиф мегардид, мустақилият ва ҳуввияти фарҳангии донишмандони тоҷику форс таъмин буд ва эшон ҳамчун қисми назарраси элитаи ақлонии замон эътироф гардида буданд. Дар Осиёи Миёнаву Хуросон шаҳрҳои Бухорову Самарқанд ва Марв ҳамчун марказҳои бузурги илму дониш эътироф гардида, нақши маркази илмии Дор-ул-ҳимати Баѓдод дар синтези анъанаҳои илмие, ки дар Юнону Ҳинди Бостон ва Сурия арзи вуҷуд доштанд, бузург дониста мешавад. Ин дар навбати худ ба пешрафти илмҳои мухталиф дар асрҳои миёна такони чиддӣ бахшидааст. Донишмандоне ба монанди Абуалӣ ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Муҳаммал Ал-Хоразмӣ, Муҳаммад Закариёи Розӣ, Абунасри Форобӣ, Носири Хисрав, Умари Хайём, Аҳмади Дониш ва даҳҳо нафари дигар дар пешрафти тибби илмӣ, фалсафа, нуҷум, ҷуѓрофия, кимиё, риёзиёт ва ѓайра саҳми назаррас гузоштанд. Осори илмии гузаштагони мо ҳиссаи муҳими хазинаи тамаддуни ҷаҳониро ташкил дода, ба пешрафти илми дигар халқҳои олам низ замина гузоштааст.

Пешрафту дастовардҳои илми тоҷикро дар солҳои ҳокимияти шуравӣ низ инкор кардан нашояд. Дар ин давра илми тоҷик аз донишҳои қадимаи энсиклопедӣ ва шукуфоии асримиёнагӣ то ба дараҷаи илмҳои муосири замонавӣ ташаккул ёфт. Аввалин марказҳои илмӣ дар Тоҷикистони Шуравӣ дар ибтидои солҳои 30-юми асри гузашта таъсис ёфта буданд. Дар ин давра дар қаламирави ҷумҳурӣ 13 муассисаи илмӣ дар соҳаҳои геология, биология, кишваршиносӣ ва айра амал мекард. Аз ҷумла таъсиси базаи Тоҷикистонии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шуравӣ дар соли 1932 ва расман дар соли 1933 ба фаъолият шуруъ намудани он дар таърихи навини илми тоҷик ҳодисаи фаромўшнашаванда ба ҳисоб меравад. Дар ҳамин давра ҳамчунин нахустин намояндагони илми тоҷик ба таври расмӣ соҳиби дарҷаи илмӣ гардидаанд. Дар солҳои 40-уми асри гузашта ин база ба филиали Академияи илмҳои ИҶШС дар Тоҷикистон табдил дода мешавад, ки дар ҳайати он 7 институти мустақили илмӣ амал мекард. Маҳз дар заминаи ҳамин филиал 14 апрели соли 1951 Академияи илмҳои Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки минбаъд он ба маркази пажуҳишҳои бунёдӣ табдил ёфта, дар пешрафти илмҳои мухталифи академӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ заминаи мусоид фароҳам овард. Дар ин давра илмҳои шарқшиносӣ, зилзиласанҷӣ, геология ба таври назаррас пеш рафтанд ва рушди илмҳои кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ таъмин гардид. Дастовардҳо дар илмҳои археология, шарқшиносӣ ва астрофизика на танҳо дар ҷумҳурӣ, балки дар қаламрави Осиёи Миёна бесобиқа арзёбӣ мешуданд. Дар ҷодаи назорати метеорҳо ва таҳқиқи таъриху адабиёт низ комёбиҳо беназир буданд. Бо таъсиси институтҳои илмӣ-таҳқиқотии физика, математика, химия, сохтмони ба заминларза тобовар, проблемаҳои об, таъриху этнография дар солҳои 50-уму 60-уми асри гузашта на танҳо пешрафти соҳаҳои зикршудаи илм таъмин гардид, балки мутахассисони баландпояи илмӣ тарбия карда шуданд.

Солҳои 70-уму-80-уми асри гузашта дар илми тоҷик марҳилаи рушди пужуҳишҳои бунёдӣ дар соҳаҳои мухталифи илм, таъсиси муассисаҳои нави илмӣ ва дар истеҳсолот ҷорӣ гардидани даҳҳо дастоварди олимони тоҷик ба ҳисоб меравад. Дар ин давра илмҳои таъриху филология ба таври бесобиқа рушду нуму ёфта, дастовардҳои олимони тоҷик дар ҷодаи таҳқиқи кометаву метеорҳо ва дигар ҷирмҳои осмонӣ шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо намуданд. Комёбиҳои олимони тоҷик дар соҳаи пешгўйии заминларза ва омўзиши сохти амиқии қишри замин дар собиқ Иттиҳоди Шуравӣ беназир буданд. Дар соҳаҳои таъриху филология, шарқшиносӣ, селексияи зироатҳои кишоварзӣ дастовардҳои нав ба миён омаданд. Дар самтҳои гидроэнергетика ва саноати сабук технологияҳои нав коркард гардида, илм ба омили муҳимми пешрафти иқтисоди ҷумҳурӣ табдил ёфт.

Ҷумъазода Меҳроб, доктори илмҳои

филология, ходими пешбари

шуъбаи ВАО ва табъу нашр

 

барчасп: