Назаре ба фаъолияти китобхонаҳои ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

Китобхонаи марказӣ фаъолияти кории худро дар асоси Қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси вилояти Хатлон, фармоишҳои Вазорати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва бахши фарҳанги ноҳия ба роҳ монда, корҳоро дар асоси нақша-чорабиниҳо амалӣ менамояд.

Китобхонаи марказии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар кӯчаи Қ. Қурбонов ҷойгир аст. Дар ин ноҳия 16 китобхонаҳои оммавӣ фаъолият менамояд, ки аз ин ҳисоб 1 китобхонаи марказӣ, 1 китобхонаи шаҳрии шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ, 1 китобхонаи бачагона ва 13 китобхона-филиалҳо дар деҳот ҷойгир буда, мунтазам ба аҳолӣ хизмат мерасонанд. Китобхонаҳои ноҳия мутамарказонидашуда буда, дар мувозинати бахши фарҳанг мебошанд. Хазинаи китобии китобхонаи марказии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 17857 нусха китобро ташкил медиҳад, ки аз ин миқдор 3959 нусха китобҳо ба забони тоҷикӣ, 12859 нусха китобҳо ба забони русӣ, 1039 нусха китоб ба забони ӯзбекӣ мебошанд. Шумораи хонандагон – 8684 нафар, миқдори ташриф – 9790 маротиба, диҳиши китобҳо – 1372 нусхаро ташкил медиҳанд. Дар китобхонаи марказӣ 1 адад компютер ва 1 адад принтер ҳаст. Дар хазинаи китобии китобхона китобҳо бо тартиби алифбо ҷобаҷогузорӣ карда шудааст. Китобҳои хазинаи китобхона қисман мазмунан куҳна буда, талаботи хонандагонро қонеъ карда наметавонад. Инчунин маълум гардид, ки дар китобхонаи марказӣ қуттии феҳрист ҳаст, аммо дар дохилаш барга нест. Дар давоми соли сипаришуда барои харидории китоб маблағ ҷудо нашуда, китобҳои тозанашр ба китобхона ворид нашудааст. Китобдорони китобхонаи марказӣ мутахассисони ғайрисоҳавӣ буда, танҳо як нафар хатмкардаи Коллеҷи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи П. Буйдоқов аст. Боқимонда кормандони китобхона маълумоташон ғайритахассусӣ мебошад. Дар толори хониши китобхона дар рафҳои ҷевон китобҳо бетартиб гузошта шудааст. Китобҳоро мебояд аз рӯи соҳаҳои дониш ҷобаҷогузорӣ кард.

Китобхонаи марказӣ тибқи нақша бо хонандагони китобхона оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зери унвони “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” суҳбат доир намудааст.

Хушбахтона дар вилояти Хатлон солҳои 2026-2030 – “Солҳои фарҳанги китобхонӣ” эълон гардидааст. Дар робита ба ин, таҳти унвони “Мо Шоҳнома мехонем” чорабинӣ ташкил ва баргузор карда шудааст. Чорабинии дигар таҳти унвони “Дарси ҷавонмардӣ” бо иштироки хонандагони доимии китобхона ва 4 нафар ҷанговарони башардӯст доир гардидааст. Бахшида ба 33-юмин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо унвони “Мардони шуҷои Ватан” низ чорабинӣ баргузор гардидааст. Инчунин, чорабинӣ зери унвони “Махзани маърифат” баргузор шудааст. Дар толори китобхонаи марказӣ бахшида ба озмуни “Шоҳномахонӣ” ва “Аз Паём то Паём” намоиши китобҳо ташкил карда шудааст.

Бо ташаббуси олимони ПИТФИ дар толори Китобхонаи марказии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ семинари омӯзишӣ дар мавзуи “Бунёди дастгоҳи маълумотдиҳӣ-библиографӣ” доир гардид ва оид ба масъалаҳои ташкили феҳристу картотекаҳо, захираи нашрҳои маълумотдиҳанда ва дастурҳои библиографӣ маълумот дода шуд. Аз ҷумла, дар семинар О. Титова оид ба вежагиҳои ташкили дастгоҳи маълумотдиҳӣ-библиографӣ дар китобхонаҳо маълумот дода, ба китобдорони китобхона оид ба тасвирҳои библиографии як муаллифа, ду муаллифа ва се муаллифа дарси таҷрибаомӯзии библиографӣ гузаронид. Инчунин ӯ иброз дошт, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии китобдорӣ-библиографии хонандагони китобхонаҳои ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ китобдорон дар фаъолияти касбии худ бояд дастгоҳи маълумотдиҳӣ-библиографиро истифода баранд ва барои такмили салоҳияти касбии худ оид ба истифодаи дастгоҳи маълумотдиҳӣ-библиографӣ дониши иловагӣ гиранд. Инчунин дар семинар масъалаҳои муҳимми худкорсозии равандҳои китобдорӣ бо истифода аз дастгоҳи маълумотдиҳӣ-библиографии анъанавӣ баррасӣ шуд. Ҳамзамон, дар семинар камбудиву норасоиҳои фаъолияти китобдорӣ-библиографии китобхонаи марказӣ ошкор гардида, тавсияҳои мушаххас ҷиҳати беҳтар намудани фаъолияти минбаъдаи китобхонаи мазкур пешниҳод шуданд.  

Китобхонаи бачагонаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ (мудираш О. Ойматова) ба хонандагони хурдсол хизмат мерасонад. О. Ойматова мутахассиси соҳавӣ набуда, маълумоти миёнаи махсуси омӯзгорӣ дорад. Хазинаи умумии китобҳо 4681 нусхаро ташкил дода, аз ин миқдор 1091 нусха китобҳо ба забони тоҷикӣ, 3541 нусха китобҳо ба забони русӣ ва 49 нусха китобҳо ба дигар забонҳо мебошанд. Шумораи хонандагон 1345 нафар, омаду рафт 1450 маротиба, диҳиши китоб 1585, чорабиниҳо 44, иштирокчиён 1453 нафарро ташкил медиҳад. Инчунин дар Китобхона суҳбату вохуриҳо, намоишҳои китобӣ ва озмунҳои гуногун ташкил карда гузаронида шудааст. Дар китобхонаи мазкур маҳфили “Рангинкамон” фаъолият мекунад. Барои боз ҳам ривоҷ додани сатҳи дониши хонандагон оид ба моҳияти асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани соли 2025”, “Соли фарҳанги китобхонӣ”, “Соли рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия”, “Истиқлолият бузургтарин сарват ва бебаҳотарин неъмат аст”, “Ваҳдат-бақои миллат” суҳбат ва вохуриҳо ташкил ва баргузор карда шудааст. Бо иштироки хонандагони МТМУ №4 ва №23 бахшида ба рӯзи Артиши миллӣ зери унвони “Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромуш намешавад” чорабинӣ баргузор карда шудааст. Ойматова О. – мудири китобхонаи бачагона ва мудири китобхонаи марказӣ – Исматова Б.  дар семинар бахшида ба фестивали ҷумҳуриявии “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар иштирок намудаанд. Инчунин, бахшида ба Рӯзи Модарон таҳти унвони “Модарон бахшандаи ҳаёт” ва бахшида ба ҷашни Наврӯз зери унвони “Наврӯзи хуҷастапай муборак” чорабиниҳо гузаронида шудаанд. Инчунин, бахшида ба 75-солагии шоира ва нависандаи китобҳои кӯдакона Латофат Кенҷаева аз рӯи китобчаҳои “Чатри сафед”, “Чистон”, “Зарбулмасал”-ҳо дар боғчаҳои бачагонаи №2 ва №4-и ноҳия бо кӯдакони синни томактабӣ машғулият аз ҷониби мудири китобхонаи бачагона гузаронида шудааст. Бахшида ба рӯзи Ғалаба таҳти унвони “Ҷонфидоёни Ватан” чорабинӣ баргузор намудаанд.

Аз таҳқиқот ва пажуҳиш маълум гардид, ки дар Китобхонаи бачагона низ дастгоҳи маълумотдиҳӣ-библиографӣ фаъолият намекунад.

Китобҳо мазмунан куҳнашуда буда ба талаботи хонандагони хурдсол ҷавобгӯ нестанд. Дар китобхонаи бачагона 6 ҷойи нишаст мавҷуд аст. Яке аз самтҳои муҳим ва муфиди фаъолияти мудири Китобхонаи бачагона ин дастрас намудани китобҳо ба боғчаву мактабҳо мебошад. 

Натиҷаи омӯзиш ва пажуҳиши китобхонаҳои ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ нишон дод, ки дар фаъолияти онҳо чанде аз мушкилот ва норасоиҳо вуҷуд доранд. Ба андешаи мо, барои рафъи душвориҳо, қабл аз ҳама, чунин корҳоро бояд анҷом дод:  

 

  • бо биноҳои наву замонавӣ таъмин кардани китобхонаҳо;
  • таъмини китобхонаҳо бо китобҳои тозанашр ва воситаҳои муосири иттилоотӣ-иртиботӣ;
  •  ташкили феҳристҳои китобхона тибқи муқаррароти соҳавӣ;
  • ташкил ва гузаронидани курсҳои кӯтоҳмуддат аз ҷониби мутахассисони соҳибтаҷриба.

Раҷабова Азиза, ходими калони  

                                                                   илмии шуъбаи фаъолияти китобдорӣ 

     

барчасп: