Адабиёт дар ҳама давру замон авзои сиёсӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва рӯзу рӯзгори табақаҳои мухталифи ҷомеаро таҷассум намудааст. Дар назари аввал чунин менамояд, ки ҳунарҳои сиркӣ ба адабиёт ҳеҷ рабте надоранд, вале ба таҳқиқ бингарем, мебинем, ки равнақу густариши ҳунарҳои сиркӣ дар адабиёт, ғолибан дар наср, бо шаклу мазмуни гуногун дар заминаи рӯҳияву кайфияти зиндагии мардуми замонҳои мухталиф инъикос ёфтаанд.
Убайди Зоконӣ аз адибони номвари адабиёти асри 14-и форсӣ-тоҷикӣ аст, ба таъкиди донишманди маъруф Холиқ Мирзозода “Мероси адабии ин шоир ва нависандаи моҳир ҳаҷман зиёд нест, аммо мазмунан хеле бой аст ва дар ҳар калимаи ӯ як китоб маънӣ ва мазмунҳои халқӣ-прогрессивии замонаш ифода ёфтааст”. Барои тасдиқ ва тақвияти ин андеша як ҳикоятро аз рисолаи “Дилкушо”-и нависанда намуна меорем, ки дар он оид ба ҳунарҳои сиркӣ низ маълумоти ҷолиб зикр шудааст. Ҳикоят чунин аст: “Лӯлие бо писари худ моҷаро мекард, ки “ту ҳеҷ коре намекунӣ ва умр ба батолат (танбалӣ, бекорӣ) ба сар мебарӣ. Чанд ба ту гӯям, ки муаллақ задан биёмӯз, саг аз чанбар ҷаҳонидан ва расанбозӣ таълим кун, то аз умри худ бархурдор шавӣ. Агар аз ман намешунавӣ, бахудо, туро дар мадраса андозам, то он илми мурдареги (ба мерос мондаи) ишон биёмӯзӣ ва донишманд шавӣ ва то зинда бошӣ дар мазаллат (хорию зорӣ) ва фалокат ва идбор (ақибмондагӣ) бимонӣ ва як ҷав аз ҳеҷ ҷо ҳосил натавонӣ кард”.
Ҳикоят мухтасар аст, аммо, дар ҳақиқат, маънии як китобро дорад. Ҳикоятро аз рӯи гуфтору маъно ба ду бахш ҷудо кардан мумкин аст: бахши аввал ишорат ба ҳунарҳои сиркӣ мекунад; бахши дувум ифодагари рӯзгори пурмаззалати донишмандони замон мебошад, ки мақсуди нависанда маҳз ҳамин аст, на ҳунарҳои сиркӣ. Ҳикоят мазмуни амиқи иҷтимоӣ дорад, зикри ҳунарҳои сиркӣ барои қиёс, барои қувват бахшидан ба бахши дуюм, барои рӯшантар ва бармало ифода намудани ҳаёти аҳли фазл аст дар як давраи муайяни замон. Нависанда ба талвеҳ (ишора), ба қиёс гуфтааст, ки аҳли маънӣ гирифтор ба “мазаллату фалокату идборанд”, аммо бозигарон, ба ифодаи имрӯз – сиркбозон аз умр бархурдоранд; аз пичинг, аз киноя кор гирифтааст, ба гуфти худи нависанда:
Он кас, ки зи шаҳри ошноист,
Донад, ки матои мо куҷоист.
Дар ин бора беш аз ин сухан намегӯем, зеро таҳқиқи ҳолу аҳволи асҳоби дониш дар эҷодиёти Убайди Зоконӣ мавзуи баҳси мо нест ва аслан ин мавзуъ танҳо хоси Убайди Зоконӣ ҳам нест, бештар аз ин, бо гузашти замонҳо куҳна ҳам нашудааст. Сухани мо оиди ҳунарҳои сиркӣ аст ва дар ин бобат ишорати нависанда сарчашма, манбаи нодири омӯзиш буда метавонад. Дар ҳикоят як не, се ҳунари сиркӣ зикр шудааст: муаллақ задан, саг аз чанбар (ҳалқа) ҷаҳонидан ва расанбозӣ (дорбозӣ). Дар ҳамин ишорат низ акси замон метобад: нахуст, роиҷ будани ҳунару намоишҳои сиркӣ дар ҳамон рӯзгорон; дигар, инъикоси кайфияти рӯзгори мардум: лӯлӣ аз зинадгии хушу хуррам, серу пур фарзандро ба итоб нагирифтааст: тиҳидастӣ, нодорӣ, талхию нокомӣ ва умеди бақои зиндагӣ водор намудааст, ки ба фарзанд сахт ва талх бигӯяд. Агар ин мушкилаи зиндагиро фурӯ гузорем, пай бурдан душвор нест, ки дар он рӯзгорон бозори ҳунарҳои сиркӣ гарм будааст, тамошобин доштааст, то сиркбоз луқмаи ноне ба даст оварад. Ва ин гармии бозор аз вижагии ҳунарҳои сиркӣ маншаъ мегирад: дар болои дор роҳ рафтан; ром ва мутеи амру фармони худ кардани ҳайвонот, гузашта аз ин, аз ҳалқа ҷаҳонидани ҳайвон; чусту чолок муаллақ задан – барои тамошобини одӣ аҷиб ва ҳайратоваранд, илова бар ин, садои сурнаю ғиҷаку нақора ҷалбу ҷазби намоишҳои сиркиро афзун мекунанд, ҳушу ёду хотирро ба худ мекашанд, бахусус дар он айём, ки бозиҳои сиркӣ дар ҳавои боз, дар боғу майдону бозорҳо барпо мегардиданд ва барои тамошобин ҳеҷ монеае вуҷуд надошт.
Дар ин муқоиса: аз зиндагӣ бархурдор будани сиркбоз ва рӯзгори сахту пурмалоли аҳли дониш як ишорати дигар низ ба чашм мехӯрад, ин ҳам бошад, як навъ бо истеҳзо, бо тамасхур нигаристан ба ҳунарҳои сиркӣ, камарзиш донистани ин ҳунарҳост. Муайян намудани чунин диду назар таҳқиқи алоҳида мехоҳад, шояд аз соя афкандани дин ба дилхушиҳо бошад, ҳар навъе набошад, чунин диду назар то ҳол комилан аз байн нарафтааст, аммо бо оҳанги сабуктар. Дидаем ва шунидаем, ки мегӯянд: “ин дорбоз аст”, “ин масхарабоз аст”, яъне ин фиребгар аст, найрангбоз аст, дар гуфтору амал ҷиддӣ нест, аз ӯ чашми хайр умед набояд кард. Ин нуктаро низ зикр мебояд кард, ки чунин ангеза танҳо хоси адабиёти мо ва мардуми мо нест, назари дини масеҳӣ ва давлатдорони рус дар вақташ боз сахттар, ҳатто гоҳо бераҳмона будааст. Муҳаққиқ О. Новоселова менависад, ки: “Дар Русия солиёни зиёд ҳунари актёрӣ як кори ношоиста шуморида мешуд, мардум аз он эҳтироз (ҳазар, эҳтиёт) менамуданд ва намехостанд ҳунарманд шаванд. Маълумотҳое ба чашм мерасанд, ки масхарабозону ширинкоронро аз калисо ронда буданд ва иҷозат намедоданд, ки ононро дар гӯристони одамони намоён ба хок супоранд”.
Ин се ҳунари сиркӣ, ки Убайди Зоконӣ ёдрас кардааст: муаллақ задан, саг аз чанбар ҷаҳонидан ва расанбозӣ/дорбозӣ имрӯз ҳам аз саҳнаҳои асосии сирки муосир мебошанд, ҳароина, дар тӯли замонҳо боз такмил ёфта, пурмазмун ва ҷолибтар шудаанд.
Сухани Убайди Зоконӣ дар рисолаи “Садпанд” сахттару талхтару ошкортар аст нисбат ба ҳикояти пеш ва дарунмояи он боз ҳам аз пичингу киноя таркиб ёфтааст. Мехонем: “Масхарагӣ ва қавводӣ (касе, ки даллолии кори ношоиста мекунад, далла) ва дафзанӣ ва ғаммозӣ (суханчинӣ, наммомӣ) ва гувоҳи бардурӯғ додан ва дунё фурӯхтан ва куфри неъмат пеша созед, то пеши бузургон азиз бошед ва аз умр бархурдор бошед!” Ин гуна мазмун, бо пичингу киноя сухан гуфтан ва ифодаи рӯзгори аҳли маънӣ дар назми Убайди Зоконӣ низ акс ёфтааст, албатта, бо тобиши дигартар:
Эй хоҷа, макун то битавонӣ талаби илм,
К-андар талаби ротиби1 ҳаррӯза бимонӣ!
Рав масхарагӣ пеша куну мутрибӣ омӯз,
То доди худ аз меҳтару кеҳтар биситонӣ!
(Ротиба - миқдори муайни хӯроквории якрӯза; маош).
Дар ин ду намуна ба “масхарагӣ” ишора шудааст. Масхарагӣ, масхарабозӣ, ширинкорӣ дар фарҳангу адабиёти гузаштаи мо мавзуи баҳсу баррасии алоҳида аст, аммо ин нукта возеҳ аст, ки масхарабозӣ, ширинкорӣ дар гузашта ба рангу тобиши гуногун вуҷуд доштааст, ҳатто дар равнақ будааст, то ҷое ки шоҳони давр дар дарбор масхарабозон доштанд, ба ишорати Х. Мирзозода “Яке аз даҳшатҳои ҳаётии замони феодалӣ дар муҳтоҷӣ зиндагӣ кардани аҳли илму адаб буд”, амиру амалдорони вақт “дар дарбори худ барои кайфу сафо, айшу роҳат, вақтхушӣ ва вақтгзаронии худ ба масхарабозҳо, хонандаву навозандаву раққосҳо роҳ медоданд. Убайди Зоконӣ ин рафтори ҳокимони даврашро дар шеър ва ҳикояҳои худ дар образҳои бадеии дилнишин ёдоварӣ кардааст”. Чунин вазъи аҳли илму адаб замонҳо, асрҳо давом кардааст, дар навиштаҳои баъдӣ хоҳем дид, ки оҳанги эътироз дар осори Аҳмади Дониш боз баландтару сахттару тундтар садо медиҳад.
Аз силсилаи мероси ниёгон оид ба ҳунарҳои сиркӣ
Фармон ҶӮРАҚУЛОВ,
ходими пешбари илмии
шуъбаи фарҳанг ва санъатшиносӣ

