ДАСТОВАРДҲОИ ФАРҲАНГӢ ДАР НОҲИЯИ МАСТЧОҲ

Бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳу ғамхориҳои зиёде ба илму фарҳанг дар кишвар равона намудаанд. Барномаҳои давлатӣ оид ба рушди фарҳанг: “Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020 ва 2021-2025”, “Барномаи эҳёи муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2016-2020 ва 2021-2025”, “Барномаи сохтмон ва таъмиру тармими муассисаҳои фарҳангии вилояти Суғд барои солҳои 2018-2020” ба тасвиб расидаанд. Қонуну қарорҳо ва барномаҳои қабулгардида ба рушду тарақӣ ёфтани ин соҳаи муҳим нақши бориз гузоштанд.

Муовини мудири бахши фарҳанг Бузургов Иброҳим Мирзоевич иттило медиҳад, ки баъди сафари кории Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Мастчоҳ, дар соли 2007 маблағгузорӣ барои таъмиру тармими муассисаҳои фарҳанг ба маротиб афзуд.

Солҳои 2009-2010 аз тарафи МИҲД-и вилояти Суғд дар ду навбат ба маблағи 400 ҳазор сомонӣ хонаи фарҳанги “Ҷамоати шаҳраки Бӯстон таъмир ва ба Қасри фарҳанг табдил дода шуд. Ин ғамхориҳо аз тарафи бошандагони ноҳия хуш пазируфта шуд. Илова бар ин, бо дастгирии МИҲД-и ноҳияи Мастчоҳ дар асоси Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия барои солҳои 2008-2015 аз тарафи профессор Карим Абдуллов дар хоҷагии Зарафшон як муассисаи фарҳангии дигар аз таъмири аълосифат бароварда шуд ва бо мизу курсиҳо, компютер ва кондитсионер таъмин гардид.

Бо қарори раиси ноҳия ва дастгирии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи октябри соли 2009 дар ноҳия Филармонияи халқӣ ташкил шуд, ки дар он 13 нафар санъаткорон фаъолият мебаранд.

Аз соли 1991 то соли 2021 аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ 153 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардидаст, ки он ба таъмиру тармим ва ободонии  муассисаҳои фарҳангӣ сарф шудааст.

Ҳамин тариқ, аз ибтидои соли 2016 тибқи иҷрои Барномаи рушди муассисаҳои фарҳангӣ дар ноҳияи Мастчоҳ барои солҳои 2016-2020 дар қаламрави ноҳия якчанд муассисаҳои фарҳангӣ таъмиру тармим гардиданд. Барои беҳтару хубтар намудани фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ таҷҳизотҳои нави замонавӣ, сару либос, воситаҳои тақвияти овоз, барои китобхонаҳои оммавӣ адабиёти тозанашр аз ҳисоби маблағҳои маҳаллӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ харидорӣ гардиданд. Ҳамасола аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ ба бахши фарҳанг тибқи хароҷоти маблағҳои пешбинишуда барои дар сатҳи баланди омодагӣ таҷлил гардидани чорабиниҳои фарҳангӣ маблағҳо ҷудо карда мешавад.

Бо пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳия Қасри фарҳанг барои 1000 ҷойи нишаст аз тарафи фармоишгар, дирексияи сохтмонии иншоотҳои Ҳукуматии дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (пудратчӣ ҶДММ, “Сохтмон”) 08-уми ноябри соли 2017 оғоз гардида, моҳи сентябр бо иштироки Пешвои муаззами миллат,  Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Сохтмони бинои Маркази ҷавонон дар Ҷамоати деҳоти Палдорак ба анҷом расонида шудааст. Дар давраи соҳибистиқлолӣ муассисаҳои фарҳангӣ: хонаи фарҳанги Ҷамоати деҳоти Мастчоҳ ба маблағи 400 ҳазор, хонаи фарҳанги Ҷамоати деҳоти Оббурдон (бо дастгирии соҳибкорон) 65 ҳазор, аз буҷаи ноҳия 500 ҳазор ва аз ҳисоби МИҲД-и вилояти Суғд 250 ҳазор сомонӣ таъмиру азнавсозӣ гардида ба истифода дода шуданд. Хонаи фарҳанги Ҷамоати деҳоти Суғдиён дар солҳои 2019-2020 таъмиру тармим ва корҳои сохтмонӣ бо сарфи 500 ҳазор сомонӣ ба анҷом расонида шудааст.

Корҳои азнавсозӣ ва таъмин бо воситаҳои техникӣ яке аз ҳадафҳои роҳбарияти олии кишвар маҳсуб меёбад, ки дар ин самт масъулини бахши фарҳанги ноҳияи Мастчоҳ корҳои зиёдеро ба анҷом расонидаанд: Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Тоҷикистон”-и ноҳия ба маблағи 6,5 миллион сомонӣ аз буҷети ноҳия ва вилоят бунёд гардид, дар арафаи ҷашни 29-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба истифода дода шуд. Ҳамзамон муассисаҳои фарҳангии ноҳия бо воситаҳои техникӣ  аз қабили компютер, конденсионер ва дигар воситаҳо: мизу курсӣ ва либосҳои саҳнавӣ таъмин гардиданд. 

Санъаткорони ноҳия зуд-зуд ба хориҷи кишвар сафарҳои ҳунарӣ мераванд, ки ин боиси ифтихор аст. Ансамбли фолклорӣ-этнографии “Нақш” соли 2000-ум дар Фестивали байналмилалӣ таҳти унвони “Сулҳ” дар шаҳри Оши Ҷумҳурии Қирғизистон ва соли 2012 дар Фестивали байналмилалӣ таҳти унвони “Аваза – 2012” дар шаҳри Туркменбошии Ҷумҳурии Туркманистон иштирок намуда, нуфузу эътибори ноҳияро  баланд бардошт.

Бисёр кормандони фарҳанг бо медалу ифтихорнома ва унвонҳои гуногун сарфароз гардидаанд, ки аз фарҳанги баланди ин ноҳия шаҳодат медиҳад. Як нафар ҳунарпешаи шоистаи ҷумҳурӣ (Абдуллов Мирмумин), ду нафар бо медали “Хизмати шоиста” (Шодизода Маҳмадшариф ва Зокиров Сабурҷон) ва 37 нафар бо нишони сарисинагии “Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар ноҳия кору фаъолият мекунанд.

Ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия пайваста дар озмунҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ иштироки фаъол доранд. Дар яке аз ҳамин гуна озмунҳо сазовори Шоҳҷоизаи раиси вилояти Суғд гардиданд. Ғайр аз ин ансамбли рақсии “Садбарг” ташкил карда шудааст, ки 23 нафар иштирокчӣ дорад. Ба ҳамин монанд дар Қасри фарҳанг ансамбли “Бибиҳо” ташкил карда шудааст, ки 13 нафар бо ҷойи кор таъмин гардидаанд.

Танҳо дар соли 2023 барои ҳунармандони муассисаҳои фарҳангӣ ба маблағи зиёда аз 150 ҳазор сомонӣ либосҳои саҳнавӣ ва воситаҳои тақвияти овоз харидорӣ гардидааст.

Дар соли 1991 шумораи кормандони фарҳанги ноҳия 113 нафарро ташкил медод, дар соли 2021 ин шумора ба 153 нафар расид. Чорабиниҳои фарҳангӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ аз 200 ба 800 адад расиданд, ки ин рақамҳо аз таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар ба соҳаи фарҳанг шаҳодат медиҳанд.

Мудири шуъбаи фарҳанг

ва санъатшиносии ПИТФИ 

Ш. Абдуллоев

барчасп: