РУШДИ ИЛМИ ПУБЛИСТИСТИКАШИНОСӢ ДАР ДАВРАИ ИСТИҚЛОЛ

Ҳар гуна рушд, яъне пешрафт, ду навъ: уфуқӣ, (горизонталӣ) ва амудӣ (вертикалӣ) мешавад. Бино бар ин, вақте мегӯем, ки илми тоҷик дар давраи истиқлол рушд кард, агар манзурамон ҳамин рушди уфуқӣ бошад, ба ҳеҷ ваҷҳ дурӯғ нагуфтаем. Аммо дар мавриди пешрафти амудӣ на ҳар кас қудрати қазоват дорад, зеро илм риштаҳои гуногун дорад ва рушду рукуди онҳоро танҳо мутахассисони ҳамон риштаҳо метавонанд арзёбӣ кунанд.

Дар давраи Шуравӣ илмҳое доштем, ки решаашон дар марказ – Маскав ва танҳо шохае ё навдае аз он дар мо воқеъ буд. Баъд аз истиқлолият бунёди онҳо дар ҷумҳурӣ ба вуҷуд оварда шуд, институтҳои таҳқиқотӣ, кафедраҳо ва Донишгоҳҳои нав таъсис ёфтанд, шӯроҳои илмӣ ташкил шуданд ва садҳо нафар рисолаҳои илмӣ дифоъ намуданд.

Аз ҳамин дидгоҳ публитсистикашиносиро ҳам метавон илми нисбатан нав ва дастоварди замон истиқлол унвон кард.  Қаблан танҳо як кафедраи журналистика, он ҳам омехта бо адабиёти халқҳои СССР, дар Университети давлатӣ фаъолият мекард. Публитсистика асосан ҳамчун жанри адабиёт шинохта мешуд.

Раванди ошкорбаёнӣ, фурӯпошии Иттиҳоди шуравӣ ва аз байн рафтани идеологияи ҳизбӣ дар ҳаёти иҷтимоии ҷомеа дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд оварданд. Ин дигаргунӣ ба ниҳодҳои иҷтимоӣ, пеш аз ҳама, ба матбуот ва адабиёт, ки партиявият аз хусусиятҳои муҳимми онҳо буд, таъсири манфӣ расонд. Як муддат бебандуборӣ, беҳадафӣ ва ёвагӯӣ дар матбуот, ки минбари публитсистика аст, ҳукмфармо гардид.  

Ҷойгузини идеологияи ҳизбӣ гардидани идеяи миллӣ ва масъулиятшиносии соҳибистиқлолӣ раванди мураккабе буд, ки ҳанӯз ҳам идома дорад.

Зарурати ба маҷрои нав ворид кардани фазои иттилоотӣ ва ташаккул додани мафкураи нави иҷтимоӣ, ки бе асосҳо ва хулосаҳои илмӣ ғайриимкон аст, аз як тараф, дар ҷумҳурии соҳибистиқлол ба роҳ мондани самтҳои нави таҳқиқоти илмӣ, ки қаблан дар Маскав сурат мегирифтанд,  аз тарафи дигар, зарурати таъсиси ниҳоди нави илмиро пеш овард.

Бино бар ин, соли 1997 Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот таъсис дода шуд. Ҳадаф аз таъсиси ин шуъба омўзиши вазъи воситањои ахбори оммаи муосир, мавќеи расонањои хабарии алоњида дар фазои иттилоотии Тољикистон, наќши ВАО дар инъикоси воќеиятҳои иљтимої, сиёсї, иќтисодї ва фарњангї ва ба ин васила ба шакл даровардани афкори омма, вазъи публитсистикаи муосир ҳамчун василаи инъикоси ҳақиқати замон, нақши пулитсистика дар бозтоби воқеиятҳои замон ва масъалаҳои доғи иҷтимоӣ мебошад.

Имрӯз мавзуи асосии тањќиќоти шуъба масъалањои назарї ва амалии публистистикашиносӣ буда, объекти тањќиќи онро расонањои хабарї ва нашриётњо ташкил медињанд. Ҳадафи кори шуъба:

– тавассути тањияи луѓату донишномањо ба вуљуд овардани пойгоҳи фарњанги рўзноманигории миллї;

– бо ташкили тањќиќотњои алоњида ошкор ва арзёбї намудани масъалањои муњимми воситањои ахбори оммаи кишвар ва табъу нашр;

– тариќи омода ва интишори асарњои илмї, таълимї ва методї мусоидат намудан ба таъмини адабиёти ихтисосї дар муассисањои таълимии рўзноманигорї;

– тавассути њамкорињо дар матбуоти даврї ва воситањои электронии ахбор баррасї намудани проблемањои актуалии журналистикаи тољик;

– ташхиси фаъолияти кунунии расонањо ва дар заминаи он муйян кардани самтњои дурнамои рушди онњо;

– тибќи наќшаи Пажўњишгоњ ташкил ва баргузор намудани чорабинињои гуногуни илмию амалии сатњи љумњуриявию байналмилалї.

Шуъба соли 2015-2020 дар мавзӯи лоиҳаи “Вазъ ва дурнамои матбуоти маҳаллии Тоҷикистон дар солҳои 2015-2020” ва солҳои  2020-2025 дар мавзӯи лоиҳаи «Инъикоси бунёди сохтмонњои азим ва ташаббусњои байналмилалии Тољикистон дар публитсистикаи муосир» корҳои илмиро ба анҷом расонд.

Натиљаи пажуњишњо дар шакли китоб, маќолањои илмї, нигоштањои илмиву оммавї, маърузањо, суњбату суханронињо дар ВАО-и электронї љамъбаст карда шудааст.

Дар доираи лоиҳаҳо як қатор олимон натиҷаи пажӯҳишҳои худро дар шакли рисолаҳои илмӣ дифоъ намуданд.

Командони шуъба аз аввали соли равон дар мавзӯи лоиҳаи «Рушди публитсистикаи тољик дар замони истиќлол  (1992 – 2025)» пажӯҳишҳои илмиро идома дода истодааст. Дар ин лоиҳа ба ҷуз аз публитсистикаи матбуотӣ публитсистикаи китобӣ низ аз назари мавзуъ, муҳтаво, аҳаммият, жанр, услуб ва воситаҳои бадеӣ мавриди омӯзиш қарор хоҳад гирифт.

Э. Эшонқулов,

ходими шуъбаи воситаҳои

ахбори омма ва табъу нашр.

 

барчасп: