Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоди давлату давлатдорӣ, иттиҳоду ваҳдати миллати тоҷик, ифтихор аз Ватану ватандорӣ ва муқаддасоти миллии мост, ки дар худ ормонҳои дирӯзу имрӯз ва фардои дурахшони миллати соҳибтамаддуну шарафманди тоҷикро ифода менамояд. Дар баробари он, Парчами миллӣ ифодагари шаъну шараф, нангу номус ва эътибори милливу давлатии тоҷикон буда, муҳаббат ва ифтихори доштани он дар рагу пайванд ва қалби ҳар тоҷикистонӣ ҷо гирифтааст.
ЛИВОИ НАНГУ ОРУ НОМ
Сари баланди тоҷикон бингар,
Беҳин паранди тоҷикон бингар,
Ливои нангу ору номи мо ҳамин аст,
Ливои тахту бахту коми мо ҳамин аст.
Ба ранги сурх,
Ба рӯи хоки Сиёвашгирд
Зи хуни гарми Сиёвуш аст.
Зи ранги сап-сафед
Чу шири сап-сафеди сапеда
Ба рӯи шаб –
Шаби дарози сияҳпӯш аст.
Зи ранги сабз
Ба рӯи боғи биҳиштӣ
Чу сабзаҳои гунаҳпӯш аст...
Лапиданаш
Чу баҳр аст,
Балки уқёнус.
Чу оби рӯи Ватандор
Зи қаъри қулзуми номус...!
САЪДӢ МИРЗОЕВ

