Табақтарошӣ ҳунари мондагор

Ноҳияи Ванҷ яке аз ноҳияҳои зебоманзари  кишварамон мебошад, ки бо табиати нотакрори худ шуҳратманд аст.  Дар ин ноҳия бештар ҳунарҳои мардумӣ рушд карда, аҳолии он дар баробари кишту кору боғдорӣ ва чорводорӣ инчунин ба ҳунарҳои аждодии худ таваҷуҳи хоса доранд. Яке аз ин ҳунарҳои қадимаи аждодӣ табақтарошӣ мебошад. Бояд қайд кард, ки ҳунари табақтарошӣ  аз ҳунарҳои маъмултарини сунатии  миёни мардуми тоҷик маҳсуб ёфта,  аз асрҳои дур ба мо боқӣ мондааст. Анъанаи табақтарошӣ ва дигар асбобҳои рӯзгор ба чӯб алоқаманд то ба имрӯз миёни мардумӣ тоҷик фаъол аст.

  “Табақи чӯбин рамзи тоҷикон буда, сарҷамъиро ифода мекунад”. .. дар як табақ таом хӯрданро ба ваҳдату ягонагӣ ташбеҳ медиҳад, ки сарҷамъ хӯрок хурдан, ин анъанаи хуби тоҷикон аст.

Дар навоҳии вилояти Хатлон, Ҳисору Рашт ва ноҳияҳои Дарвозу Ванҷи ВМКБ мардум хӯрокҳои анъанавии қурутоб, шакароб, шӯрбо ва чанде дигар таомҳоро дар табақи чӯбин истеъмол менамоянд, ки гуфтаҳои муҳақиқ Холмуродов З. тасдиқ меёбанд.

Барои тарошидани табақ бештар аз чӯби дарахтони  зардолу, чанор, тут, туғ, қарағоч ва чормағзро истифода мекунанд. Аммо дар ноҳияи Ванҷ аз баски дарахти чормағз бисёр аст, табақтарошон васеъ аз он истифода мебаранд.  Онҳо маҳсулоти чӯбини худро аз қабили табақ, қошуқҳои чӯбин,  чахчӯб (барои дуғкашӣ) аз ҳамин дарахт пешкашӣ муштариён мегардонанд. Инчунин  беҳтарин маҳсулотҳои хешро дар чорабиниҳои сатҳи давлатӣ  пешкаш менамоянд.

Пештар коргоҳҳои табақтарошӣ дар поёнобӣ дарёчаҳо ва ҷӯйҳои куҳӣ сохта мешуданд, ки ҳоло ҳам ин анъана дар баъзе манотиқи кишвар роиҷ аст. Ин кор чунин сурат мегирад: чархи табақтарошӣ ба мисли санги осиёб дар даруни об насб мегадад. Аз таги устохонаҳо об бо суръати баланд аз мовадони омада чархро гардон мекунад, чарх тири дастгоҳро тоб медиҳад.  Тир ба тарзи амудӣ ҷойгир шуда, қисми болоии он аз фарши чӯбин гузашта дар миёнаҷои дукон устувор гардидааст. Дар болои тир се адад мехи руболо куфта шуда, усто он  ҷо чӯби коркардашударо махкам мекунад. Бо тоб хурдани чарх ва тири кундачӯби нотайёр низ тоб мехурд ва усто тавассути олоти табақтарошӣ ба кор шуруъ менамояд.

Барои омода кардани табақҳо устоҳо бештар дар фасли баҳор, ки ҷӯю дарёчаҳо сероб буданд, иқдом мекарданд, вале ҳоло ҳар фасле ки хоҳанд табақтарошӣ мекунанд. Зеро ҷойи дастгоҳҳои обиро дастгоҳҳои барқӣ гирифта, кори онҳоро даҳчандон осон кардааст.

Дар ноҳияи Ванҷ шоҳиди он гардидем, ки устоҳои табақтарош бештар аз асбобҳои махсуси барқӣ ба ҷои обӣ дарёчаву ҷӯйҳо, ҳамчун воситаи чархзананда, истифода мебаранд.  Дар ҷамоати деҳоти Рованди деҳаи Ширговади ин ноҳия бо оилаи Қувватовҳо, ки  ҳунари табақтароширо аз бобоёни худ мерос гирифта, то имрӯз идома дода истодаанд, ҳамсуҳбат гардидам. Ҳангоми мусоҳиба маълум гардид, ки Қувватов Холиқ Шайхович (1994) тули 10 со аст, ки ба ин касб машғул аст ва айни замон бо оилаи амакаш Қувватов Раҳматшо (1983) якҷоя коргоҳи хешро  дар як гӯшаи ҳавлии худ  кушода, аз ҳисоби он зиндагиашонро пеш мебаранд. 

Дар рафти мусоҳиба Қуваттов Холиқ доир ба таҳияи табақ чунин маълумот дод: кундаи чормағзро бо таш (теша) коркард карда баъдан хат кашида, дар асбоби махсус тарошида гирд мекунем ва шаклҳои гуногуни табақҳоро  омода месозем. Табақҳои омода сохтаи эшон андозаашон аз 10 сантимерт то 50 см буда, инчунин мувофиқи фармоиши миҷозон табақ андар табақ (дуқабата), табақҳои нисбатан дарунаш ҳамвортар ба монанди лаълӣ, табақҳои чуқуртар барои омода кардани хамир, табақҳои пояаш нисбатан баландтар, ки ба гуфтаи усто бештар мардуми минтақаи Кӯлоб фармоиш медиҳанд сохта мешаванд. Фармоишгароне ҳастанд, ки табақҳои махсуси аз худаш фонҳо доштаро интихоб мекунанд. Барои чунин табақҳо боз ҳам чӯби чормағз мусоид аст. 

Чуноне ки маълумот додем, оилаи Қувватов Холиқ дар кори худ аз қувваи барқ истифода мебаранд. Вале ягон кори табақтарошӣ бе истифода аз об сифатнок буда наметавонад. Чунончӣ, кундаҳои дарахтонро бурида дар об муддати тулонӣ мепартоянд. То ин ки мағзи кунда об хураду дар торошидан накафад. Дар вақти кафондани дарахт кундаашро 40см бо 50 см ду кафон намуда дар об мегузоранд. (Агар дарахтро нав бурида бошанд дар об тар кардан лозим нест). Сипас онро бо тешаи чортарош - тешаи калон тарошида, баъдан бо тешаи хурд шакл медиҳанд. Баъди шакли аниқ гирифтани  табақ омада гардида, дар асбоби тобхурак гузошта бо корди каҷкорд гирдашро ҳангоми тоб хурдан дошта меистанд ва то омода шудани табақ метарошанд.  Барои тарошидани табақ аз асбобҳои зерин истифода мебаранд: зрн,  суян, суфтакунак(наждак), арра, фона, тешаи поӣ, тешаи дастӣ,  каҷкордҳо (хурду калон) ва амсоли инҳо.  Вале усто бояд аз тарзи дуруст истифода бурдани асбобҳо огаҳӣ дошта бошад. Вагарна чӯбҳоро вайрон карда ба худаш зарар меорад.

Устоҳои чӯбтарош нозукиҳои касби худро доранд. Онҳо пири кори худ, яъне пири ҳунарҳои чӯбкорӣ Ҳазрати Иброҳим (а)-ро медонанд ва баробари оғози ҳар кори худ аз ӯ ёд оварда ба арвоҳаш дуову фотиҳа мефиристанд.

 Аминов А. Дар мақолаи хеш “Ҳунари чӯбкорӣ дар водии Рашт” дар мавриди кори табақтарошон ва нозукиҳои касби онҳо ба таври муфассал овардааст. Масалан  барои ороиши табақ тарошаи хурдакакеро ҳангоми дар чарх будан дошта меистанд, ки дар натиҷа хати сиёҳ пайдо мешавад. Табақи қисман омода шударо аз дастгоҳ гирифта бо тешаи ҳафтчин гирдҳояшро метарошанд. Пас аз омода гаштан онро ним соат дар об ҷушонда хушк намуда, ба он равған молида, пешкаши мизоҷон менамоянд. Дар баъзе ҷойҳо дар анҷоми кор ба табақ чарбуи гӯсфанд ё равғани зағер мемоланд, ки табақро аз кафидан эмин медоранд.

Баъзан табақи тарошидашуда шакли худро тағйир дода каҷ мешавад. “Пас аз суфта кардани табақ даруни он намакоб гирифта, 5-6 рӯз нигоҳ медорем. Намакоб барои дубора барқарор шудани чӯб пас аз коркард бо дастгоҳи барқӣ мусоидат менамояд. Инчунин пас аз холӣ кардани намакоб боз онро равған молида, нигоҳ медорем”.

 Дар баробари зикрҳои болоӣ мо мушоҳида кардаем, ки баъзан ҳангоми каҷ шудани табақ ба он равған молида дар ягон ҷои ҳамвор ба пару мемонанд ва дар болояш ягон чизи вазнин гузошта, болояшро муддатҳои дароз мепӯшонанд. Ин кор ҳам барои ба шакли аввал баргаштани табақ мусоидат мекунад.

Баъзан ҳолатҳое мешавад, ки табақ мекафад. Дар ин ҳолат устоҳои табақтарош ҷои кафидаро бо пораи тунука ба тарзи махсус дарбеҳ (банд) мекунанд, ки ин ҳам як ҳунару маҳорати махсусро талаб мекунад. Зеро на ҳама табақтарошон аз уҳдаи ин кор ба хубӣ мебароянд.

Хулоса, ҳунари табақтарошӣ чун дигар ҳунарҳои мардумӣ ҷанбаи фарҳангии хешро гум накарда, барои наслҳои оянда аз насл ба насл то ба имрӯз давом ёфта  истодааст. Боварӣ ҳаст, ки ояндагон ҳам ин касби хуби сунатии мардумиро аз даст надода ба ояндагони худ боқӣ мегузоранд. Боиси ифтихор аст, ки мардуми тоҷики мо новобаста дар кадом давлате, ки  зисту зиндагонӣ накунанд,  кӯшиш менамоянд, ки таомҳои милии хешро дар табақӣ чӯбӣ истеъмол намоянд. Ҳатто мо воқифем, ки мардумоне ки аз дигар намояндагони миллатҳо дар Тоҷикистон зиндагонӣ мекарданд баъди аз Тоҷикистон рафтан бо худ асбобҳои рӯзгори мо, аз ҷумла табақи чӯбинро бурданд. Зеро онҳо хӯрок хурданро дар табақ одат карда, то ҷое урфу одат ва фарҳанги моро пазируфта буданд. Инчнун мо шоҳиди он ҳастем, ки дар рӯзҳои фарҳангии байни давлатҳо намунаи табақҳои чӯбӣ аз ҷониби шахсони мутассадӣ барои муарифии ҳунари қадимаи тоҷикон ба марази тамошо гузошта шуда, ҳамчун арғувон ба дигар кишварҳо бурда мешавад.

Аз ҷониби ҳунармандон низ табақ ва дигар асбобҳои чӯбин дар рақсҳои мардумии қадимӣ истифода бурда мешавад, ки ин ҳам як навъи тарғиб  ба ҳисоб меравад.  

Каримова Гулзира

барчасп: