МАЗОРИ АНДАРҒАНЗ ВА ИХЛОСИ МАРДУМ

Мазорҳо ва  зиёратгоҳҳо аз шумули ҷойҳои муқаддасеанд, ки дар тамоми гӯшаву канори олам қавмҳову халқиятҳои гуногун мувофиқи урфу одат, маданияту фарҳанг ва дину оини худ ба онҳо эҳтиром гузошта, ба ҳар василае ихлосмандии худро нишон медиҳанд.

Вожаи «мазор», пеш аз ҳама, чун амал, яъне «зиёрат кардан», «ҷоеро зиёрат кардан» тафсир шуда, баъдан чун макон, зиёратгоҳ, зиёратҷой, марқад, оромгоҳ, қабристон, қадамҷой, дафнгоҳ маънидод мешавад.

Диёри маҳбуби мо-Тоҷикистон ҳам дорои мазору зиёратгоҳҳо ва ҷойҳои муқаддасу таърихии зиёдест, ки ин гуна мавзеҳоро дар тамоми гӯшаву канори он вохӯрдан мумкин аст.

Зиёратгоҳ (форсӣ: زیارتگاه‎‎) — маҳалли зиёрат, ҷои муқаддас, марқади шахсиятҳои бузург, ки мардум ба зиёрати он мераванд.

Дар ноҳияи Ванҷи вилояти Бадахшони кӯҳӣ, ки таърихи чандинҳазорсола дорад, мазору зиёратгоҳҳои зиёде мавҷуд аст, ки то ҳол касе аз донишмандон,  бостоншиносон ва пажӯҳишгарони дохиливу хориҷӣ барои кушодани таърихи амиқу дақиқи онҳо азм накардаанд.

Яке аз чунин мазор-зиёратгоҳ бо номи мазори Андарғанз дар деҳаи Мотравни ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи мазкур,  дар масофаи 45 км аз маркази ноҳия дар  пояи кӯҳи баланди ин мавзеъ ва соҳили дарёи Язгулом, ки бо номи“Оби тилло”, машҳур аст,  ҷойгир шудааст.  Мазор ба гуфти сокинони  деҳаи  Мотравн,  таърихи куҳани номаълум дошта, шояд нуҳсад- ҳазорсоларо дар бар гирад. Дар наздикии мазор ду дарахти тути кӯҳансол низ мавҷуд аст, ки синну соли онҳо ҳам номаълум аст.

 “Нишонаи дигари мазорҳо ва мавзеъҳои муқаддас, ки дар саросари ҷумҳурӣ ва умуман кишварҳои минтақа маъмул аст, одати латтабандӣ дар шохаҳои дарахтони муқаддас мебошад

Дар шохаҳои дарахтони тути мазори Андарғазн низ латтапораҳои куҳнаву фарсударо мушоҳида кардан мумкин аст, ки мардуми ҳоҷатманд барои раҳоӣ аз беморӣ ва рафъӣ мушкилотҳои хеш бо ихлос ба шохаҳои дарахтони тут, ки муқаддас мешуморанд, бастаанд.

Мувофиқи нақли сокини деҳаи Мотравн Шехов Ватаншо (с.т 1972),  мардуми деҳа ва гирду атроф солҳои пеш, бештар  ба зиёрати ин мазор меомадаанд. Онҳо  ҳангоми  ҳолатҳои махсус: бори аввал ба  мактаб қадам ниҳодани фарзанд, донишҷӯ шудан, ба хизмати аскарӣ рафтан ва ба ҳаёти мустақилона қадам гузоштан, барои кушоишу сафедии роҳу бахташон,  ҳатто шабро бо дуову ибодат дар гирди он  рӯз мекарданд. Роҳгузарон бошанд дар зери сояи дарахтони тут кӯфти роҳ бароварда аз меваи шаҳдбори онҳо рафъи гурӯснагӣ мекардаанд. Айни ҳол бошад, ин амалҳо то ҷое аз байн рафтаанд.

         Дар наздикии мазор чанд қабр мавҷуд аст, ки  солҳои баъдӣ он ҷо пайдо шуда, ба гузаштагони мардуми деҳа таалуқ доштаанд.

        Бо мурури замон ва дигар гаштани фаҳмишу идрок ва менталитети мардум, чӣ хеле ки гуфтем,  имрӯзҳо ба зиёрати мазор мардум кам андар кам ташриф меоранд.

НАЗРУ НИЁЗ, яке аз боварҳои мардумӣ, ки аз замон ҳои қадим дар байни тоҷикон маъмул аст. Н. н. як навъ ваъда ва аҳду паймонест, ки касе дар роҳи Худо адо кардани онро ба муносибате ният мекунад, масалан қурбонӣ, садақа, намоз ва ғайра. Дар гузашта мардуми ба мушкилот дучоршуда, корашон барор нагирифта, занҳои бефарзанду бачамир ва дигар ашхосе, ки мушкилоте дар зиндагӣ доштанд, ба мазорҳо, ҷойҳои муқаддас рафта, барои ҳалли мушкилоташон молеро забҳ мекарданд, ба арвоҳи бузургон дуову фотиҳа мехонданд”.

Имрӯзҳо ҳам баъзан аз мардумони маҳал,  махсусан дар рӯзҳои ҷумъа аз мазори хеш дидан карда, бо назрҳои овардаи хеш, орду нону намаку чойи хушк ва маблағ ба таври худ ниёзҳои худро иброз медоранд. Барои офияти тану ҷони зиндаҳо ва ёди гузаштагонашон назди Кирдугор дуову ниёиш мекунанд.         

Дар бораи мазори Андарғанз ва таърихи падоиши он ягон сарчашмаи амиқу дақиқе ба ҷӯз ривоятҳои аз даҳон ба даҳон гузашта,  вуҷуд надорад.  Ривоятҳо ва бовариҳои мардумӣ ба он аст,  ки мазори мазкур аз каромот ва нафъ холӣ набуда, ҳангоми зиёраташ шахсони фарзандталаб соҳиби фарзанд, сарватталаб соҳиби сарвати ҳалолу покиза ва имонталаб соҳиби имони қавӣ мегардад.

Шехов Ватаншо нақл кард, ки дар рӯ ба рӯи мазор борҳо садамаҳои техникӣ рух додаанд. Аҷобати кор дар он будааст, ки  дар ин садамаҳо касе осеби ҷиддӣ  надидаву  талафоти ҷонӣ нест.

Ватаншо шоҳиди он аст, ки  дар деҳаашон марде бо номи Бодом зиндагӣ мекунад. Ӯ  ҳангоми 3-4 солагӣ рӯ ба рӯйи мазор аз боло ба ҷарии тарафи дарё ғалтидааст. Ҳама гумон мекунанд, ки ҷисмаш  пора-пора шудаву худаш ҷон ба Ҳақ таслим кардааст. Ба поён хамида ӯро аз замин мебардоранду ангӯшти ҳайрат ба лабон мебаранд. Зеро Бодом на танҳо осеб надида буд, балки гӯё коре нашуда бошад, тарафи онҳо ханда кардааст. Баъди ин воқеъа ихлосу боварии мардум ба каромоти мазори Андарғанз як бар сад афзудаву эҳтирому эътиқодашон ба он даҳчандон гаштааст. Ба  боварии онҳо мазори Андарғанз нигоҳдорандаи амнию осоиш ва офияти ҷони хурду бузурги ин мавзеъ аст. Дар ин ҷо сире ниҳон аст, ки ба ҷуз “Асрори азалро на ту дониву на ман” чизе дигар гуфта наметавонем.

Солҳои пеш ҳангоми киштукор аз атрофи мазор кафши чӯбине ёфт гардида будааст, ки айни ҳол касе дар куҷо маҳфӯз будани онро намедонад.

Имрӯзҳо мазор ҳолати хуб дошта, барои эмин монданаш аз поймолкунии ҳайвонот ва боду борон  гирдаш  бо сангдевор маҳкам карда шудааст. Ба тарафи мазор аз болои дарё пул (купрук) гузаронида шудааст. Одамон барои  то наздиктараш  рафтан аз  техника истифода мебаранд.  Мардуми гирду атроф бошанд,  пиёдаву савора (бо аспу маркаб) ба зиёраташ мераванд.

Ҳарчанд  мазори Андарғанз  то ҳол чун бештари мазору зиёратгоҳҳо пурра таҳқиқу пажӯҳиш нагаштааст, вале аз он на танҳо мардуми маҳалливу меҳмонони аз гӯшаву канори кишвар омада, балки дар фасли тобистон саёҳони хориҷӣ ҳам дидан мекунанд  ва ҳамасола сафи онҳо  то рафт афзуда истодааст. 

Мазори Андарғанз  дар худ мафҳумҳои зиёдеро маҳфӯз медорад, ки ҳамаи  онҳо маҳз аз ихлосу бовариҳои мардумӣ вобастагӣ доранд.

 Ҳалимова Бибинаргис

барчасп: