Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президегти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ дар вохӯрӣ бо зиёиёни кишвар мавқеи бузурги фарҳангро дар рушди маънавии ҷомеа муайян намуда, чунин зикр намудаанд: “Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат буда, дар ташаккулу такомули маънавии ҷомеа ва тақвияти андешаву рӯҳияи миллӣ нақши муассир ва ҳатто ҳалкунанда мебозад”.
Бо шарофати истиқлолият ва иқдомҳои пайвастаю беназири фарҳангпарварии Пешвои муаззами миллат кишвари азизамон дар паҳнои таърихи навини олам мавқею мақоми устувори хешро собит намуда, ба сӯи ояндаи нек қадамҳои гузошта истодааст. Дар фазои ҷомеаи навин мавқеи рушди фарҳанги миллӣ, хусусан рушди мусиқии ҳирфавии “Шашмақом” ва “Фалак”баланд гардида, нақши он дар пешрафт ва ташаккули маънавиёти мардум мунтазам рӯ ба афзоиш меоварад.Тараққиёти ояндасози замони муосири Тоҷикистони соҳибистиқлол имкониятҳои нерӯи офарандагиро бештар ба сӯи ҳуввияти миллӣ, хештаншиносиву худогоҳӣ, инсонпарварию тамаддунсозӣ тақвият менамояд. Масоили эҳёю бозомӯзиши беҳтарин ганҷинаи пурғановати фарҳанги миллӣ – вазифаи олитарини давлат ва ҷомеаи навини мо қарор гирифт.
Дар ин самт бо ибтикору таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат баҳри гиромидошти мероси безаволи фарҳангӣ ду ҷашни ҳунарӣ- “Рӯзи Шашмақом” ( 12 май, соли 2010) ва “Рӯзи Фалак”( 10 октябр, соли 2007) воқеияти фаромӯшнашаванда аст. Инчунин шомил гаштани шоҳасари мусиқии ҳирфавии “Шашмақом” соли 2008 ва “Фалак” соли 2021 ба феҳристи репрезентавии ЮНЕСКО ҳамчун намунаҳои беҳтарини мероси фарҳангии тоҷикон низ воқеаи фараҳбахше гардид, ки боиси ифтихору сарфарозӣ мебошад
28- октябри соли 2023 таҳти №504 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Барномаи рушди шашмақому фалак ва мактаби суннатии устод-шогирд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои солҳои 2024-2028 қабул гардид, ки он баҳри ташаккули минбаъдаи шашмақому фалак шароити созгор фароҳам овард. Ин иқдомҳои наҷиби Сарвари давлат боиси дар тамоми манотиқи кишвар ташкил намудани дастаҳои ҳунарии мақомсароӣ, фалаксароӣ, мактабҳои хусусии мусиқӣ гардид. Инчунин ба сатҳи фаъолияти таълимии мактабҳои баччагонаи мусиқӣ, коллеҷҳои мусиқӣ ва олии касбӣ тақвият бахшид.
Тибқи маъхазҳои таърихӣ возеҳ аст, ки мусиқии суннатии халқи тамаддунофари тоҷик аз умқи асрҳо тавассути мактабии суннатии “устод- шогирд” ва фидокориҳои фарзона фарзандони миллат аз аср ба аср ва аз насл ба насл интиқол ёфта алорағми гирудорҳои таърих мукаммалу мушаххас гардида то ба замони мо омада расидааст.
Имрӯз, дар замони муосир ин услуби таълимӣ дар баробари услуби академии таълим рисолати худро гум накардааст ва мавқеи устувори хешро касб намудааст, вале вобаста ба раванди ҷаҳонишавӣ зарурияти бозомӯзишӣ ва қабулу дар амал татбиқ намудани услубҳои вижаи таълимиро тақозо дорад.
Бинобар таҳқиқу таҳлили олимони соҳа ва мушоҳидаҳои солҳои охир аён гардид, ки барои рушди ҳамаҷонибаи мусиқии суннатӣ дар замони муосир коркарди барномаҳои нави таълимӣ, вобаста ба талаботи замон бо назардошти зинаҳои гуногуни таълимӣ амри зарурӣ мебошад.
Имрӯз аз таъсирҳои раванди ҷаҳонишавӣ миллате, қавме эмин намебошад ва унсурҳои манфии ин раванд метавонад ба арзишҳои миллӣ, ба хусус ба фарҳанги миллӣ таъсири худро расонад. Дар раванди омезиши фарҳангҳо ҳифзи фарҳанги миллӣ баҳри нигоҳ доштани ҳуввияти миллӣ арзиши бештар касб мекунад. Миллатҳо тававссути фарҳанг ва тамаддуни худ шинохта мешаванд ва маҳз фарҳанги миллӣ онҳоро аз омезиш ва нобудӣ ҳифз менамояд. Тавассути васоити иттилоотӣ ва технологияи муосир, пахш намудани унсурҳои ба фарҳанги мо мухолиф, аз қабили мусиқиҳои бемазмуну бемантиқ, филмҳои хориҷӣ метавонад ба афкори мардум ба хусус ба афкори насли ояндасози миллат таъсири ҷиддӣ расонад. Маҳз фарҳанги воло метавонад сипари боэътимоде бошад ва омилҳои манфии ин равандро рафъ намуда, насли ҷавонро баҳри фатҳи қуллаҳои мурод, ҳуввияти миллӣ, арҷгузорӣ ба суннатҳои аҷдодӣ, ватанпарварию нексириштӣ ҳидоят намояд.
Барои расидан ба ин матлабҳои нек мебояд ба сатҳу сифати таълими мусиқии суннатӣ дар ҳама зинаҳои таълим, яъне аз аз боғчаву муассисаҳои томактабӣ бо назардошти тақозои замони нав, оғоз намуд. Бузургон фармудаанд, ки: “дониш дар хурдӣ нақш бар санг аст” ва донишеро, ки ба кӯдакон дар хурдсолӣ меомӯзем як умр дар хотираш нақш мебандад.
Аз мушоҳидаю, таҳқиқ ва таҷрибаи кории тӯлонӣ дар бахши таълими фанни мусиқӣ ва суруд дар зинаҳои мухталиф аён гардид, ки имрӯз моро мебояд ба масоили таълимӣ бештар таваҷҷуҳ намоем. Бузургони мо дар тӯли таърих тавассути таълим додан ба шогирд бо услуби “устод- шогирд” мусиқии суннатиро аз нобудӣ ҳифз намуда, шоҳкориҳои нотакроре офариданд ва онро мо имрӯз идома медиҳем. Мусиқӣ фазилати инсонпарварӣ ва қобилиятҳои рушди зеҳнӣ, физиологӣ, психиологӣ ва ғайраҳоро доро мебошад, бо фанҳои физика, математика, психиология, таърих, забоншиносӣ, технология, иқтисод ва тиҷорат алоқаманд мебошад. Яъне дар сурати дуруст ба роҳ мондани ин фан ба сатҳи баланди азхудкунии дигар фанҳо ноил гашт.
Боиси таассуф аст, ки дар бархе аз боғчаю муассисаҳои томактабӣ бидуни нақшаи таълимӣ гузаронидани машғулиятҳо, набудани созҳои мусиқии миллӣ ва васоити муосири марбут ба мусиқӣ ҷой дорад. Инчунин сурудҳое шунавонида мешаванд, ки ба синну сол, қобилияти зеҳнӣ, физиологию психологии кӯдакон мухолиф аст ва интихобӣ гирифта шудааст.
Аз ин лиҳоз мутахассисони соҳа, олимони мусиқишиносро мебояд барои мувофиқи талаботи замон ба роҳ мондани раванди таълими мусиқӣ ва сурудро дар муассисаҳои томактабӣ чораҷӯӣ намоянд. Ҳадаф он аст, ки оҳангсозони тоҷик асарҳое офаранд, ки пеш аз ҳама ба синну сол, диапазони овоз ва қобилиятҳои зеҳнии кўдакон мувофиқ бошанд ва тобишҳои мусиқии суннатӣ дар он пурра дарҷ гардида бошад. Инчунин асарҳо бо видиороликҳо, бозиҳои гуногуни мусиқӣ, маводҳои аудиоӣ пайванд бо гӯш кардану тамошо кардан, методҳои интерактивӣ муҷаҳҳаз бошанд. Яъне аз синни хурдсолӣ бузургии мероси мусиқии гаронбаҳои аҷдодиро дар қалбу дар вуҷудаш ҷой дода, баҳри омӯзишу рушди он талош намояд, мояи ифтихораш бошад ва аз мусиқии пасту бемаъно дурӣ гузинад. Танҳо ба ин васила метавон меросбарони фарҳанги миллӣ, ба хусус мусиқии суннатии гаронбаҳоро метавон тарбият намуд.
Ин ҷо метавонем ҷолибӣ ва самаранокии услуби таълими суруд ва мусиқиро дар мисоли “Маркази мусиқии суннатии тоҷик”, “ Наво”- ро, ки бо ибтикори санъатшиноси шинохтаи тоҷик ва дастгирии Оҷонси Шведсария оид ба тарақиёт ва њамкорӣ таъсис дода шуд, мисол биёрем. Раванди таълим дар ин марказ дар навбати аввал аз кӯдакистонҳо оғоз гардид ва баҳри самарабахшии таълим услуби танзимшудаи таносуби вазни арӯзу зарби мусиқӣ, ритмикаи мусиқӣ баҳри эҳсос намудани вазни шеър истифода карда мешуд. Таъсиси маркази фарҳанги мусиқии тоҷик “Ҳунар”, ки соли 2001 бо ибтикори санъатшиноси шинохтаи тоҷик Султоалӣ Худойбердиев, дар шаҳри Хуҷанд далели ин гуфтаҳост. Ин ду мактаби хусусӣ муҳимии услуби таълимиро барои ҷалб намудани насли ҷавон ба мусиқии суннатӣ ва самарабахшии фаъолити таълимро собит намудаанд.
Давраи дуюми раванди таълимии “Маркази мусиқии суннатии тоҷик”, “Наво” дар мактабҳои миёнаи шаҳри Душанбе роҳандозӣ гардид, ки дар он малакаҳои сурудхонӣ бо ҳамнавоии дойра, сароидани сурудҳо бо вазни аслии худ, қобилияти эҷоди мусиқӣ, роҳандозӣ гардид, ки самараҳои хуб ба бор овард. Иштироки толибилмони ин марказ дар семинари байни Марказҳои мусиқии анъанавии “Осиёи Марказӣ (Иссиқкӯл, 2025) ин гуфтаҳоро собит месозад.
Дар кишвари мо таълими фанни суруд ва мусиқӣ тибқи нақшаи таълимии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи уммумӣ дар ҳаҷми 2- соат дар ҳафтаи таълимӣ ҷудо гардидааст, ки дар синфҳои 1- 4 (зинаи ибтидоӣ) – 1 соат дар ҳафта, дар синфҳои 5- 6- 1 соат нақш гардидааст, вале барои синфҳои 7- 11 соатҳо аќаллан чун фанни интихобӣ ҷудо карда нашудааст. Аз мушоҳидаҳо аён гардид, ки дар бархе мактабҳо фанни мазкурро омӯзгорони ғайриихтисос таълим медиҳанд ё сарбории иловагии дигар омӯзгорон мебошад. Набудани созҳои мусиқии миллӣ, кабинетҳои фаннӣ, васоити замонавии марбут ба таълими мусиқӣ дар мактабҳо ҷой дорад.
Хушбахтона дар даврони истиқлолият бо иқдомҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба рисолати мактабу омӯзгор як қатор фармонҳо ба тавсиб расиданд ва раванди баланд бардоштани сатҳи таълим, хусусан таълими суруд ва мусиқӣ, таъсиси мактабҳои замонавии мусиқӣ дар тамоми манотиқи кишвар идома дорад. Баҳри амалӣ намудани ин ҳадафҳо таълифи китобҳои нави таълимӣ барои ҳама зинаҳои таълимӣ, бо мутахассисони касбӣ таъмин намудани мактабҳо пайваста идома дорад ва собит гардид, ки танҳо баланд бардоштани услуби таълим, аз нав дида баромадани нақшаи таълимӣ бо назардошти замони муосир, истифода намудани таҷрибаи пешқадами мамлакатҳои пешрафта аз лиҳози услуби таълимии суруд ва мусиқиашон дар мактабҳои миёнаи умумӣ, метавон ба рушди фарҳанги миллӣ, ба хусус ба рушди мусиқии суннатӣ, чалби насли ҷавон ба фарҳанги пурғановати миллӣ замина гузошт.
Барои таълими фанни суруд ва мусиқӣ дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ китобҳо аз қабили “Суруд ва мусиқӣ барои синфҳои 1- 4, муаллиф Ҷ. Обидов, синфи 2- муаллифон С. Сатторов, Ҷ.Охунов, М.Яҳёев, синфи 3, муаллиф С. Гулназаров, синфи 5- муаллифон А.Алиев, С.Сатторов, С. Худойбердиев, Ф. Азизӣ мавриди истифода қарор доранд, ки дар онҳо мавзӯъҳои асосии мусиқии миллӣ, навъҳои созҳои миллӣ, мусиқиҳо аз мероси устодон ва оҳангсозони тоҷик интихоб шудаанд. Ин китобҳо барои рушди ҳуввияти миллӣ ва асосҳои фарҳанги мусиқии тоҷик муфиданд, аммо бо назардошти талаботи замони муосир агар ин китобҳо маводҳои аудиоӣ (ё нусхаҳои мусиқии рақамӣ), жанрҳои нави мусиқии муосир, методҳои интерактивӣ аз қабили бозиҳои мусиқӣ, таҳлили клипҳои мусиқӣ медоштанд ба нафъи кор мебуд.
Биёед ба таҳлили зинаи таълими суруд ва мусиқӣ дар мактабҳои мусиқӣ, мактаб- интернатҳои баччагонаи мусиқӣ, коллеҷҳои мусиқӣ, Консерваторияи миллӣ ба номи Т. Сатторов ва Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати ба номи М. Турсунзода бипардозем.
Дар бархе аз мактабҳои мусиқӣ, мактаб-интернатҳои баччагонаи мусиқӣ, коллеҷҳои санъати ноҳияҳо ва ҳатто шаҳрҳо раванди таълим вобаста ба талаботи замони муосир роҳандозӣ нагардиданд. Набудани нақшаи таълимии мушаххас дар баъзе бахшҳои ин муассисаҳои касбии мусиқӣ масъалаи доғи рӯз мебошад. Инчунин набудани созҳои мусиқӣ низ ҳалталаб аст. Дар баъзе утоқҳои ин муассисаҳои таълимӣ фортопиано гузошта шудааст, ки фурсати истифодабарии он солҳост, ки ба анҷом расидааст. Пурсиши омории ин муассисаҳо дар бобати қабулу хатми муҳассилин аз соли 2020- 2024 собит гардид, ки таваҷҷуҳи насли ҷавон ба ин муассисаҳои касбии мусиқӣ коста гардидааст.
Консерваторияи миллӣ ба номи Т. Сатторов муассисаи таҳсилоти касбии мусиқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли соли 2003 таъсис дода шуда, дар рушду нумуи мусиқии суннатии тоҷик нақши боризе дорад. Як қатор устодони варзида мусиқии суннатӣ аз қабили Алмос Абдуллоев, Мастона Эргашева, Музаффар Муҳиддинов, Носирҷон Азизов, Насиба Омонбоева, Муътабар Муқимова, Аброр Болтаев, Сироҷиддин Ҷӯраев, Хуршед Иброҳимов, Абдурасул Исмоилов, Солеҳҷон Орипов, Зоҳиршо Ҳайдаров дар таълиму тарбияи мутахассисони ҷавон саҳми арзанда доранд. Ин боргоҳи ҳунари касбӣ дар замони истиқлолият фаъолияти беназир дорад, вале кам будани соатҳои таълимӣ ба фанҳои тахассусӣ, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст, боиси нигаронӣ мебошад. Аз таҳлилҳо аён гардид, ки дар ин муассиса ба фанҳое, ки ба таълими мусиқии суннатӣ ба хусус бахшҳои тахассусӣ марбут аст соатҳои таълимӣ кам, дар ҳаҷми 2-3 кредит оварда шудааст. Худ қазоват кунед оё метавон дар ҳаҷми 1 ё 2 соат устод ба шогирд метавонад нозукиҳои санъати мутрибӣ ё овозхониро таълим диҳад. Оё метавон бо ин минвол мутахассиси соҳибтахассус баровард. Дар муқоиса бо фанҳои дар нақшаи таълимии Консерваторияи ба номи Юнус Раҷабии шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, нақшаи таълимии Консерваторияи миллии мо ба таҳқиқ ва азнавсозӣ аз лиҳози илмӣ асоснокшуда ниёз дорад. Боиси ифтихор аст, ки дар Консерватория устодони соҳибтахассуси сатҳи баланди касбӣ фаъолият доранд ва бештари онҳо даспарвари “Академияи мақом” ҳастанд. Ин устодони дар боло зикршуда мактаби бузурги санъатшиноси маъруфи тоҷик Абдувалӣ Абдурашидовро омӯхтаанд ва рукни таълим, услубҳои озмудаи таълимиро дар сатҳи касбӣ хуб медонанд. Танҳо дар сурати ҷолиб будани нақшаи таълимӣ, низоми қотеъонаи таълим ва ҳавасмандгардонидани устодони ҳунар метавон ба натиҷаҳои хуб ноил гардид.
Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода соли 1973 таъсис ёфта, дар тӯли солҳои фаъолияти худ ба маркази асосии тайёр кардани кадрҳои соҳибистеъдод ва ҳифзкунандагони арзишҳои миллӣ табдил ёфтааст. Имрӯз донишкада дорои факултетҳои гуногун аст- аз ҷумла, факултети санъати мусиқӣ, театру кино, санъати тасвирӣ, китобдорӣ ва фаъолияти иҷтимоӣ ва ғайраҳо, ки ҳамагӣ ба рушди соҳаҳои мухталифи фарҳанг ва санъат равона шудаанд. Хатмкунандагони он имрӯз дар тамоми манотиқи кишвар ҳамчун омӯзгори санъат, ҳунармандон, роҳбарони ансамблҳо, коргардонҳо, мусиқишиносон, китобдорони касбӣ ва рассомон фаъолият доранд. Дар донишкада пажӯҳишҳои илмӣ ва корҳои эҷодӣ оид ба омӯзиши фолклори тоҷик, мусиқии мардумӣ, ҳунарҳои миллӣ, рақсҳои анъанавӣ ва санъати сухан гузаронида мешаванд. Донишкадаи фарҳанг ва санъати ба номи Мирзо Турсунзода дар рушди фарҳанги миллӣ нақши муҳим дорад. Он натанҳо маркази таълимӣ кадрҳои соҳаи санъат аст, балки мактаби воқеии тарбияи зебопарастӣ, худшиносӣ ва эҳсоси миллӣ ба шумор меравад.
Сарвари давлат ба соҳаи фарҳанг ва санъат, омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳа диққати ҳамешагӣ зоҳир менамояд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи санъати мусиқии касбӣ дастгирии ҳамаҷониба ёфт.
Баҳри амалӣ намудани қарору барномаҳои давлатӣ ва рушди пайвастаи мусиқии касбӣ, тайёр намудани мутахассисони соҳибтахассус Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дар радифи дигар муассисаҳои олии касбӣ саҳми бендоза доранд.
Тибқи пурсиши оморӣ аз солҳои 2020- 2024 бар омад, ки қабулу хатми муҳассилин дар донишкада хело кам аст. Ин норасоии донишҷӯёнро дар факултетҳои мусиқӣ-омӯзгорӣ, санъати мусиқии мардумӣ, мутрибӣ, овозхонӣ, хореография ва ғайраҳо дидан мумкин аст. Дар баробари ин кам будани соатҳои таълимии дарсҳои тахассусӣ ҷой дорад, ки боиси нигаронии устодони донишкада дар ин бахшҳо гардидааст.
Дар рушду нумӯи фарҳанги миллӣ, мусиқии суннатӣ дар замони истиқлол бо ғамхории Пешвои муаззами миллат ҳама заминаҳои боэътимод гузошта шудааст ва танҳо талошу фаъолияти собитқадамона, робитаҳои илмӣ- фарҳангӣ, таълифи дастуру нақшаҳои илмии асосноккардашуда, истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ, вобаста ба талаботи замони муосир бо назардошти арзишҳои миллӣ ба натиҷаҳои баланд расидан мумкин аст. Барномаҳои таълимӣ бояд бо назардошти талаботи ҷаҳони муосир ва таҷрибаи пешқадами кишварҳои пешрафта таҷдид гардад. Зарур аст дар барномаҳо фанҳои зерин ворид шаванд:
- Технологияи мусиқии суннатӣ
- Педагокияи мусиқии муосир
- Истеҳсол ва маркетенги мусиқии миллӣ
- Таҳлили услубшиносии асарҳои суннатӣ
Ин омилҳо – аз қабили навсозии барномаҳо, рақамисозии таълим, баланд бардоштани салоҳияти устодон ва тақвияти робита бо бозори меҳнат- метавонад сифати таълими мусиқии суннатиро ба сатҳи нав барорад ва ба ҳифз, рушд ва таблиғи фарҳанги мусиқии миллӣ мусоидат намояд.
Ходими калони шуъбаи фарҳанг ва санъатшиносии
Пажӯҳишгоҳи илмӣ- тадқиқотии фарҳанг ва иттиллот
Раҳимов Билолиддин

