Дар ҳошияи мизи мудаввар дар мавзуи “Нақши Президент дар бунёди сохтмонҳои азим ва ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон”, бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳ А М О С А И  КОРГАРИ РОҒУН

I

Зинда бод оне, ки назми зиндагиро

Метавонад сохт.

Андар ин раҳ метавонад

Ҷони худро бохт.

 

Зинда бод оне, ки банди бандагиро

Меканад бо зури эҷод,

Метавонад ёфт истиқлол,

Метавонад буд озод.

 

Зинда бод оне, ки базми зиндагиро

Мекунад обод.

Зиндагиро медиҳад пардохт.

Уқдаҳои бешуморашро

Метавонад бо сари ангушти худ бикшод.

 

Зинда бод оне, ки баҳри миллати худ,

Ҳамчу Фирдавсӣ кунад «Шаҳнома» эҷод,

То ки рӯҳи миллати ӯ зинда бошад,

То ки рӯҳи миллаташ поянда бошад,

То ки бо ин рӯҳи пок ӯ ҳам намирад...

«Зинда бодо» гуфтани ман,

«Зинда бодо» гуфтани як фарди огоҳ аст,

«Зинда бодо» гуфтани марди Ватанхоҳ аст.

 

II

Андаруни нақби борик

Тангнои бе таги торик,

Бо умеди равшанӣ додан

Ба истиқлоли нуронии миллат,

Мекунад бунёд ӯ нерӯгаҳи нур,

Мекунад бунёд ӯ, нуран ало нур.

 

Дасти ӯ бар путку мисрон,

Қалби ӯ саршори имон,

Ҳамчу оҳангар,

Парчами номуси миллат даст дар даст.

Балки ӯ худ Коваи оҳангар аст,

Путк кӯбад бар сари Заҳҳоки морон.

 

Ӯ дигар бечораи танҳо набошад,

Дар миёни издиҳоми мардуми шод,

Ки кунад аз ҷаври гетӣ то фалак фарёд,

Ё сарояд бо дубайтӣ доди бедод:

«Фалак доду фалак доду фалак дод,

Фалак аз дасти ту сад доду бедод... ».

 

Ӯ дигар тақдири худро

Метавонад хеш бинвисад.

Дар китоби сабзи дунё,

Бо хате аз оби тилло,

Метавонад хешро аз нав кунад эҳё.

 

Набзи озодию истиқлол,

Метапад дар раггаи хунаш,

Балки андар мағз-мағзи устухонаш,

Барг-барги ҷисму ҷонаш,

Дар равонаш,

Дар равонаш...

III

Метаровад суруди хурраму шод,

Аз дили чилшикофи кӯҳ берун.

Саркашу ифтихорию зебо

Марши синфии Коваи Роғун:

- Путк кӯбам бар сари Афросиёб,

Бар сари Заҳҳоки морон,

Бар сари торикии бедод,

Баҳри ҳифзи миллати озод!

 

Саҳфаи нав мекушоям,

Дар китоби сабзи миллат.

Саҳфаи пур аз садо,

Пурламъа аз нур,

Ҳамчунон ки гушту нохун.

Ҳамсадои набзи Роғун,

Ҳамсадо бо набзи миллат!

Саъди Мирзоев

барчасп: