ПАРЧАМИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН РАМЗИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

Ҳамасола 24-уми ноябр дар саросари кишварамон Рӯзи Парчами милии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз ҷашнҳои муҳими давлатӣ таҷлил мегардад. Ба ҳамин муносибат 24-уми ноябри соли 2025, дар  Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот мизи мудаввар дар мавзуи “Парчами миллии Тоҷикистон рамзи истиқлоли давлатӣ” баргузор карда шуд.

Ҳамоишро директори ПИТФИ, номзади илмҳои филолгӣ Аминзода Абдулфаттоҳ Ҳаким бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда ба муносибати Рӯзи Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчиёнро самимона табрик кард. Мавсуф зикр намуд, ки ин рӯз ҳамчун нишонаи ифтихори миллӣ, ваҳдат ва давлатдории тоҷикон мебошад.

Баъдан намояндаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаётзода Аликбар        мавриди вижагиҳои Парчами давлатии Тоҷикистон ва хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, қайд кард, ки парчами давлатӣ дар қатори дигар муқаддасоти миллӣ арзиши баланд дорад.

Сипас тибқи барномаи пешбинигардида, муовини директори ПИТФИ оид ба корҳои методӣ ва умумӣ, докторант (PhD) Гулзира Каримова дар мавзуи “Мақому манзалати парчам дар низоми қонунгузории кишвар” баромад намуд. Мавсуф дар гузориши  худ баён дошт, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дақиқ муайян шудааст, ки Парчами давлатӣ дар кадом ҷойҳо ва чӣ гуна бояд насб ва истифода гардад. Аз ҷумла, ҷойгир кардани тасвири Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавопаймоҳо, чархболҳо, ва киштиҳое, ки дар қайди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, иҷозат дода шудааст. Гулзира Каримова кайд кард, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи тасвири Парчами миллиро дар асъори миллӣ ва ҳамзамон дар нишонҳои сари синагӣ, нишони сари синагии хизматчиёни давлатӣ, мукофотҳои давлатӣ истифода мешавад. Зикр кард, ки риояи меъёрҳои қонун дар истифодаи Парчами миллӣ нишонаи эҳтиром ба давлат ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ мебошад.

Эшонқулов Эшонқул ходими пешбари шуъбаи воситаи ахбори омма ва табъу нашри ПИТФИ дар мавзуи “Мантиқи сиёсӣ ва фарҳангии истифодаи ранги сабз дар парчами Тоҷикистон” маърӯза ироа кард. Ӯ зимни суханронии худ иброз намуд, ки ранги сабзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон маънои дорои амиқ ва рамзи калидӣ дорад. Донистани таърихи Парчами миллӣ ва донистани маънои ҳар як ранги он барои шаҳрвандони кишвар муҳим буда, дар дили инсон ҳисси ифтихор, худшиносӣ ва муҳаббат ба ватанро бедор месозад.

Пасон котиби илмии ПИТФИ Ҳалимова Бибинаргис дар мавзуи “Парчам рамзи озодӣ, ваҳдат ва ормонҳои миллат” суханрони намуд. Мавсуф зикр кард, ки Парчами миллӣ на танҳо рамзи давлатдорӣ, балки дар тӯли таърих рамзи озодӣ, ваҳдат ва ҳувияти миллӣ маҳсуб меёбад. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-уми ноябри соли 1992, дар як марҳилаи басо ҳассос ва тақдирсози таърих қабул ва барафрохта гардид. Бо қабул ва парафшон шудани Парчами миллӣ давлати навини тоҷикон нишони воқеии истиқлол, сулҳу субот, ҳамбастагӣ ва умеди фардои некро ба даст овард.  

Баъдан ходими калони илмии Маркази мероси фарҳангии тоҷикони ПИТФИ Насруддинова Файзигул дар мавзуи “Аз рамз то эҳтиром: Мавқеи Парчам дар низоми парчамҳои ҷаҳон” баромад намуд. Зимни баромади хеш Насриддинова суханони болоии баромадкунандагонро тақвият бахшида, бо далелҳои илмӣ аз “Таҳқиқоти доктор С. Пистон ва донишманди рус А. Кротов таъкид менамоянд, ки дар камтар аз 5%-и парчамҳои ҷаҳон нишони тоҷ истифода мешавад, ки асосан ба давлатҳои дорои таърихи шоҳигарӣ хос аст (Испания, Бритониё, Таиланд). Мавқеи рамзи тоҷ ва ситораҳо дар парчами тоҷикон дар низоми ҷаҳонӣ фарқкунанда буда, рамзи давлатдории таърихии тоҷикон ва арзишҳои фарҳангии ориёӣ мебошад, ки дар дигар кишварҳо назираш нест. Таҳқиқоти профессор М. Диноршоев, Р. Масов, Б. Ғафуров ва дигар олимони тоҷик нишон медиҳанд, ки рамзҳои миллӣ, аз ҷумла тоҷ ва ҳафт ситора дар фарҳанги ориёи тоҷик решаҳои амиқ доранд”...

Дар анҷоми мизи мудаввар миёни иштирокдорон мубодилаи афкор сурат гирифта, аз ҷониби Мирзоев С. оид ба Парчамдории тоҷикон шеър қироат гардид, инчунин иштирокчиён назари шахсӣ ва таҷрибаҳои худро вобаста ба аҳамияти Парчами миллӣ баён карданд.

Баҳодурова Озарбону,

ходими илмии шуъбаи

 ВАО ва табъу нашри ПИТФИ

барчасп: