ПАРЧАМ-РАМЗИ ОЗОДӢ, ВАҲДАТ ВА ОРМОНҲОИ МИЛЛАТ

Парчами давлатии Тоҷикистон,  на танҳо рамзи давлатдорӣ, балки дар тӯли таърих рамзи озодӣ, ваҳдат, ҳувият ва ормонҳои миллат аст. Таърихи парчам реша дар ҳазорсолаҳо дошта, он аз таърихи шуриши Коваи Оҳангар, яке аз қаҳрамонҳои асотирии мардумӣ, манша мегирад. Коваи Оҳангар дар замоне, ки Заҳҳоки золиму хунхор бар мардум ситам мекард ва садои халқ ба гӯше намерасид, бар зидди ин зулм қомат афрохт.

Кова  пешбанди оҳангарии худро ба болои сар бардошта, онро рамзи мубориза ба беадолативу бепуштупаноҳӣ гардонд. Ин пешбанд, ки баъдтар бо абрешиму зар оро ёфт, ба Дирафши Ковиён табдил дода шуд, ки аз шумули қадимтарин рамзҳои давлатдорӣ, озодихоҳӣ ва ягонагии мардуми ориёнажод аст.

Дирафши Ковиён дар фарҳанг, таърих ва андешаҳои давлатдорӣ ҳамчун нишони шараф, адолат, ирода ва қудрати миллат ҷойгаҳи махсус дорад.

Парчами имрӯзи мо -ҳарчанд аз лиҳози шаклу ранг дигар аст, вале   аз назари мафҳумӣ идомаи мантиқии ҳамон Дирафши Ковиёнист. Ҳарду ҳам ифодакунандаи рамзи ормон, мубориза, ягонагӣ ва давлатсозии тоҷиконро дар бар мегиранд.

Парчами давлатии Тоҷикистон рӯзи 24 ноябри соли 1992 дар шароити бисёр ҳассоси таърихӣ қабул гардид. Давлати навини тоҷикон бо қабул кардани ин парчам, партави  истиқлол, сулҳу ваҳдат, ҳамбастагӣ ва умеди фардои некро ба даст овард.

Парчами давлатӣ аз се ранги асосӣ-сурх, сафед, сабз ва тоҷу ҳафт ситораи заррин иборат аст, ки ҳар яке ба худ рамзе доранд.

       Ранги сурх:

 Рамзи ҷасорат, мубориза, қаҳрамонии ниёгон ва нерӯи созандаи миллат;
      Ранги сафед:

Рамзи сулҳу оромӣ, покӣ, маърифат ва ҳамзамон рамзи гандуму нон-ризқи ҳалоли мардуми заҳматдӯст мебошад.

       Ранги сабз:

Рамзи ҳаёт, табиат, ҳосилхезӣ, меҳнату ободӣ ва ишораи амиқ ба  фарҳанги ориёист.

      Тоҷ ва ҳафт ситора:

Тоҷ рамзи давлатдорӣ, соҳибихтиёрӣ ва шарафмандӣ аст. Ҳафт ситора бошад, рамзи камол, хушрӯзиву саодатмандӣ, инчунин ормонҳои бепоёни миллат ба ҳисоб меравад.

Чуноне ки маълум аст, дар фарҳанги тоҷикон рақами ҳафт ҷойгоҳи муқаддас дорад. Он ифодагари  “ҳафт иқлим”, то “ҳафт ганҷ”, ва “ҳафт дараҷаи камол”, мебошад.

Парчам дар даврони Истиқлол яке аз рамзҳои калидии бо ҳам сарҷамъ овардани мардум гашт. Баланд бардоштани парчам ва парафшон сохтани он дар идҳои давлатӣ, майдонҳои варзишӣ, донишгоҳҳо, мактабҳо ва маросимҳои байналмилалӣ, эҳсоси ифтихор, масъулият ва ягонагии миллиро даҳчандон боло бурда, тақвият мебахшад.

Имрӯз ҳар як сокини Тоҷикистон, марду зан, пиру барно ва ҳатто кӯдакони боғчарав, вақте парчами худро мебинанд, бо камоли фахру ифтихор “Ман тоҷикам!” ё “Тоҷикистон ба пеш”-мегӯянд.

Парчам моро ба ваҳдат, ахлоқи ҳамида, донишмандӣ ва меҳанпарастӣ даъват мекунад. Парафшонии он ҳидоятгари ҳар яки мо  ба  бардоштани  обурӯю нуфӯзи Ватан,   истода будан ба  ҳифзи нангу ном, фарҳангу маданият ва соҳибистиқлолии кишвар аст.

              Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ чанд мисраеро аз  шеъргунаи худ меорам, ки он ҳамчун ифодагари шукргузории як соҳибватан садо хоҳад дод:

                   Парафшон парчами мулки барумандам,
                   Варо мебинаму бисёр хурсандам.

                   Аз он шодам: соҳибпарчамем имрӯз
                   Шукуҳу ҷилваашро дида механдам.

                   Ба мулкам кафтарони сулҳ дар парвоз,
                  
Ҳамеша бар чунин манзар ҳавасмандам.

                   Диёрам соҳиби Парчам, Нишони худ,
                   Суруди миллиаш бар лаб, фара
ҳмандам!

            Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон муборак бошад!

                   Ҳалимова Бибинаргис

барчасп: