Парчам аз қадимтарин рамзҳои давлатдорӣ, ҳувияти миллӣ ва иқтидори сиёсӣ дар таърихи инсоният буда, ҳамчун муқаддасот ҷойгоҳи хосса дорад. Дар тӯли ҳазорсолаҳо парчамҳо аз аломати ҷангу дифоъ ба рамзи ваҳдат, тамаддун, давлатдорӣ ва арҷгузории миллӣ табдил ёфтаанд. Имрӯз дар низоми байналмилалӣ, ҳар як давлат парчами миллии худро ҳамчун рамзи истиқлоли сиёсӣ, арзишҳои миллӣ, ғояҳои давлатдорӣ ва оянданигарӣ муаррифӣ мекунад. Дар ин навбат парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавҳари худшиносии миллӣ, пайванди таърихи давлатдории тоҷикон ва рамзи истиқлолияти сиёсӣ дар низоми парчамҳои ҷаҳон мавқеи махсус дорад. Мавриди баррасӣ қарор додани ин мавқеъ, моро ба таҳқиқи чуқуртаре аз таърих, рамзшиносӣ, сиёсатшиносӣ ва фарҳангшиносии ҷаҳонӣ мебарад.
Аз замони таърихи тоҷикон мавқеи парчам ёдрас мешуд. Аввалин парчаме, ки дар китоби Авесто қайд карда шудааст, ин Дирафши Ковиёни буд. Дар асоси ривоятҳои қадима, ки дар Шоҳномаи Абулқосими Фирдавсӣ оварда шудааст «Дирафши Ковиёнӣ» дар вақти шуриши эрониҳо бо сардории Коваи оҳангар ба муқобили Заҳҳок пайдо шудааст, ки муҳтавои ин қиссаи таърихӣ ба ҳамаи мову шумо маълум аст, ҳоҷат ба такрор кардан нест. Дирафши Ковиёнӣ аз рангҳои сурх, сафед ва нилгун иборат буда, бо сангҳои ҷилодору қиматбаҳо ороиш ёфта буд. Кова пешдомани чармини худро дар нӯги найза баста, бо ин парчам шуришгаронро ба пеши Фаридун, ки аз авлоди шоҳи Эрон буд овард. Ба Фаридун ин парчам писанд омад ва онро бо ситораи тиллоии чор шуоъдору сангҳои қиматбаҳо ва се ранг сурх, сафед, нилгун ороиш дода, номи Дирафши Ковиёнӣ номгузорӣ намуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми телевизионии худ ба муносибати Рӯзи Парчам аз 23 ноябри соли 2010 рангҳои парчами миллиро «ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсӣ» донистаанд. Таҳлили рамзшиносии байналмилалӣ нишон медиҳад, ки таркиби ба ин монанд (сурх–сафед–сабз) дар чанд кишвар вуҷуд дорад, аммо рамзгузории онҳо комилан дигар аст. Парчами Тоҷикистон бо муҷаммаҳои рамзиаш дорои маънои фарогир ва беназир мебошад. Олимони байналмилалӣ Т. Мюррей ва Ҷ. Фрейзер дар таҳқиқоти худ иброз медоранд, ки парчами Тоҷикистон аз нигоҳи сохтори рамзӣ яке аз мукаммалтарин парчамҳои давлатҳои Осиё мебошад, зеро:
- он дорои таносуби муътадили рангҳо аст;
- рамзҳояш (тоҷ ва 7 ситора) решаи фарҳангии амиқ доранд;
- рамзҳо универсалӣ ва барои ҷомеаи ҷаҳонӣ фаҳмо мебошанд.
Дар ҷаҳон беш аз 200 парчами расмӣ вуҷуд дорад, аммо дар онҳо рамзи “тоҷ” ва “ҳафт ситора” шаклу маъноҳои дигарро тавзеҳ медиҳанд.
Таҳқиқоти доктор С. Пистон ва донишманди рус А. Кротов таъкид менамоянд, ки дар камтар аз 5%-и парчамҳои ҷаҳон нишони тоҷ истифода мешавад, ки асосан ба давлатҳои дорои таърихи шоҳигарӣ хос аст (Испания, Бритониё, Таиланд). Мавқеи рамзи тоҷ ва ситораҳо дар парчами тоҷикон дар низоми ҷаҳонӣ фарқкунанда буда, рамзи давлатдории таърихии тоҷикон ва арзишҳои фарҳангии ориёӣ мебошад, ки дар дигар кишварҳо назираш нест. Таҳқиқоти профессор М. Диноршоев, Р. Масов, Б. Ғафуров ва дигар олимони тоҷик нишон медиҳанд, ки рамзҳои миллӣ, аз ҷумла тоҷ ва ҳафт ситора дар фарҳанги ориёи тоҷик решаҳои амиқ доранд.
- Тоҷ – рамзи соҳибихтиёрӣ, шараф, давлатдории куҳан ва фарҳанги ориёӣ.
- Ҳафт ситора – рамзи камолоти инсон, ҳафт қабати осмон, ҳафт фалсафа ва ҳафт рӯи хирад дар адабиёти классикӣ.
Парчами ҳар давлат дар маҷмӯи умумии парчамҳои ҷаҳон бо ду навъ меъёрҳо арзёбӣ мешавад:
- Меъёрҳои гералдикӣ (тамғашиносӣ) ва тарроҳии рамзҳо.
- Меъёрҳои сивилизатсионӣ (дараҷаи тамаддун) ва ҷойгоҳи рамз дар ҳувияти миллӣ.
Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳар ду ҷиҳат мавқеи устувор ва фарқкунандаву нодир дорад. Яъне, мавқеи парчами Тоҷикистон дар ин гурӯҳ — як намунаи комилан беназир ва қобили шинохти фаврӣ мебошад.
Тазакур бояд дод, ки дар ҷаҳон танҳо 7 парчаме ҳаст, ки дар онҳо рамзи тоҷ дида мешавад. 6 тои рамзи он мавқеи махсус дар низоми (монархия) подшоҳӣ (тоҷ) доранд:
- Испания
- Британияи Кабир
- Норвегия
- Нидерланд
- Дания (дар нишон, на дар худи парчам)
- Таиланд (дар нишонаҳо)
Аммо Тоҷикистон танҳо кишварест, ки тоҷро ҳамчун рамзи мустақили миллӣ, на нишони монархӣ истифода мебарад.
Яъне, тоҷ дар Тоҷикистон:
- рамзи давлатдорӣ,
- рамзи мардумистонӣ,
- ва рамзи таҷассумкунандаи ҳувияти фарҳангӣ мебошад.
Ин мавқеи парчамро танҳо ва нодир месозад, махсусан дар ҷаҳоне, ки тоҷ бештар ба монархия алоқаманд аст. Беназирии системаи “ҳафт ситора” дар миқёси ҷаҳонӣ.
Ҳеҷ яке аз парчамҳои дунё ҳафт ситора надорад.
Баъзеҳо панҷ, шаш, ё бештар (мисли парчами ИМА) доранд, вале комбинатсияи 7 ситора дар шакли нимдоира — танҳо дар парчами Тоҷикистон дида мешавад.
Ин мавқеият парчамро бо ду сабаб нодир мекунад:
1) Ҳафт асоси маънавии ориёӣ
Дар фарҳанги ориёӣ рақами 7:
- ҳафт сайёра,
- ҳафт қиммати инсон,
- ҳафт марҳилаи камол,
- ҳафт муқаддасоти фарҳангӣ
маҳсуб мешавад. Ягон кишвари дигар ин анъанаро дар гералдика истифода накардааст.
2) Ҳамоҳангии геометрии нодир
Дар низоми тарроҳии парчамҳои ҷаҳон, рақами 7 камистифода шудааст, зеро дар гералдика рақамҳои ҷуфт бештар роиҷанд.
Аз ин рӯ, парчами Тоҷикистон аз ҷиҳати қонунияти геометрӣ ва рамзӣ низ мавқеи хоси худро дорад.
Шарқшиносони хориҷӣ, аз ҷумла Т. Мюррей, Г. Фишер ва Р. Олкот таъкид менамоянд, ки парчами Тоҷикистон аз лиҳози рамзшиносӣ “ҷаҳонфаҳм” ва “фарҳангӣ-тафсиршаванда” мебошад, яъне бидуни тарҷума низ маънидод мешавад. Соли 2011 дар Душанбе баландтарин дирафшпартои ҷаҳон сохта шуд (165 м), ки дар китоби ГИННЕС сабт гардид. Ин воқеа мавқеи рамзии парчами тоҷиконро дар арсаи ҷаҳон боз ҳам боло бурд.
Парчам дар фарҳанги ҷаҳонӣ яке аз қадимтарин ва пойдортарин рамзҳои давлатдорӣ дониста шудааст. Таҳқиқи илмии парчамҳо нишон медиҳад, ки ҳар як рангу нишона дорои маънои ҷудогона ва заминаи фарҳангӣ мебошад. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми парчамҳои ҷаҳонӣ бо пайванди таърихӣ, рамзшиносии амиқ, тарҳи мутаносиб ва маънои фарҳангӣ мақоми вижа дорад.
Насрудинова Файзигул

