Имрӯзҳо дар саросари кишвар ҷашни пуршукуҳу хотирмонро, ки ба ифтихори Рӯзи Президент-яке аз муҳимтарин санаҳои таърихии давлатдории миллиамон, ки ҳамасола 16-уми ноябр таҷлил мегардад, қайд карда истодаем.
Рӯзи Президент, на танҳо рамзи эҳтиром ба Сарвари давлат, балки таҷассумгари шукуҳу шаҳомати ваҳдат, сулҳу амният, ободию осоиштагӣ ва устувории пояҳои давлатдории кишвар мебошад.
Дар таърихи миллати тоҷик санаҳои сарнавиштсоз кам нестанд, вале ба монанди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид ва саҳфаи наве дар таърихи давлатдории тоҷикон кушод, кам дар кам аст.
Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ барои миллати мо воқеан ҳам тақдирсоз ва наҷотбахш буд. Зеро дар он давра кишвар ғарқаи оташу хуни ҷангу ҷидол, кинаву адоват, зӯровариву разолат буд. Миллати тоҷик дар он замон сулҳу ваҳдат, якдиливу якзабониву якпорчагиро аз хотир бароварда, бар зидди ҳам бархоставу мехостанд, Ватанро пора-пора кунанд. Дар он давра номи волову болои тоҷик аз байн рафта, вожаҳои кӯлобӣ, хуҷандӣ, ғармиву бадахшонӣ дар ин ё он гӯша бо кароҳият садо медод. Мардуми тоҷик ба чор самт парешону саргардон буданд.
Маҳз барпошавии ин Иҷлосия сабаб гардид, то бар сари ин халқи сарнагунгаштаистода роҳбари далеру хирадмандеро, ки дурандешу некбин буд ва итминони комил дошт, ки ба ҳамаи нобасомониҳо сару сомон мебахшад, биёрад.
“Ман ба хотири оромии миллат, ваҳдати мардум ва эҳёи давлати тоҷикон ҷони худро фидо мекунам”.
Бо ҳамин суханҳо марди ҷасуру ватанпарвар-Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ сари вазифа омад.
Ин рӯйдод сароғози таваллуди Давлати соҳибистиқлол, озод ва ояндадор гардид.
Шахсияти Пешвои миллат-на танҳо як Сарвар, роҳбари давлат, балки рамзи далериву шуҷоат, хираду сабурӣ, муҳаббат ба давлату миллат ва дурандешу ояндасоз аст. Ӯ ҳамчун Пешво тавонист, ки Тоҷикистони аз ҳам пошрехтаро аз нав ҷамъ созад ва онро аз нав ҳамчун як давлати куҳанбунёду таммадунофари минтақа дар арсаи ҷаҳонӣ муарифӣ намояд.
Воқеан, имрӯз кишвари моро дар саросари олам мешиносанду номи он дар ҷаҳон бо сулҳу субот, устуворию рушди ҳамешагӣ пайванд аст.
Бо ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами тамоми тоҷикони дунё Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ба сатҳи нави рушду нумӯъ расидааст. Садҳо корхонаҳои нав бунёд гардида, фарҳанг, илму маориф, тиб дар мадди аввали таваҷҷуҳ қарор доранд.
Барои пойбарҷоии фарҳангу забон, суннатҳои миллӣ, Президент пайваста ғамхориҳо зоҳир намуда, мавридашон аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ ҳарф зада, талош бар он доранд, ки беҳтарин ва арзишмандтарини онҳо ҳифз гардида, ҳамчун мероси арзанда ба ояндагонамон вогузошта шаванд. Муҳимтар аз ҳама Сарвар тавонистанд, то дар дили ҳар як тоҷик меҳри меҳандӯстдорӣ ва шаъну шарафи ватандориро пойдор намоянд.
Имрӯз ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бо ифтихор мегӯяд, ки мо сарзамини худ, тамаддуни худ, давлати амну осудаи худ, фарҳангу маданияти худ, илму маърифати худ ва Пешвои бохиради худро дорем.
Сарвари кишвар пайваста таъкид мекунанд:
“Сулҳу субот неъмати бузург аст. Ҳифзи он вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад”.
Ин нуктаро аз гуфтаҳои Пешво ҳар як шаҳрванди бо нангу ори кишвар ба хубӣ дарк мекунад ва дарки ин маънӣ ҳар яки моро водор месозад, ки гуфтаҳои арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти маҳбуби худ Эмомалӣ Раҳмонро маҳаки асосии зиндагӣ қарор дода, дар Ватани тенҷу осоишта бо шукргузорӣ зиндагӣ кунем.
Имрӯзҳо ба зиёда аз 30-соли сипаригашта менигарем, бо итминон мегӯем, ки тамоми комёбиҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии мо натиҷаи дилсӯзӣ, сарсупурдагиҳо, заҳматҳои шабонарӯзӣ ва талошҳои бепоёни Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Тамоми мардуми тоҷик-фарзандони сарзамини барӯманд-Тоҷикистони биҳишосо-ба Пешвои миллат арзи сипос намуда, ваъда медиҳем, ки дар роҳи ободии Ватан, ваҳдату якпорчагӣ, сулҳу амният ва таҳкими давлатдории миллӣ аз сиёсати одилонаву оқилонаи Он кас пуштибонӣ намуда, содиқона хизмат мекунем.
Бигзор, парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол зери роҳнамоии Пешвои миллат ҳамеша парафшон бимонад!
Бигзор сулҳу суботе, ки муждарасонаш Сарвари кишвар аст, дар ҳама гӯшаву канори диёрамон пойдор бошад!
Зинда бод Президент Ҷумҳурии Тоҷикистон-пуштибони давлату миллат Эмомалӣ Раҳмон!
Ҳалимова Бибинаргис

