Табрикоти директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии тоҷикистон, н.и.ф. Аминзода Абдулфаттоҳ Ҳаким
Ҳамватанону ҳамкасбони азиз!
Бо эҳсоси баланди ифтихор аз давлату миллати соҳибтамаддунамон Шуморо ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рамзи давлатдорӣ, ваҳдат, сулҳпарварӣ ва худшиносии миллии тоҷикон мебошад, самимона табрику таҳният мегӯям.
Ин рӯз, ки ҳамасола 16-уми ноябр таҷлил мешавад, барои ҳар як шаҳрванди кишвар на танҳо як санаи таърихӣ, балки баёнияи сиёсиву маънавии миллати тоҷик аст. Маҳз дар ҳамин рӯз, соли 1992, дар иҷлосияи сарнавиштсози XVI-уми Шурои Олӣ, роҳбарияти давлат ба дасти шахсияте вогузор гардид, ки бо иродаи устувор, ҷасорати шахсӣ ва муҳаббати бепоён ба Ватан тавонист Тоҷикистонро аз вартаи парокандагии миллӣ, ҷанги шаҳрвандӣ ва буҳрони сиёсиву иқтисодӣ раҳо созад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияти таърихие мебошанд, ки бо фаъолияти худ хидмати бесобиқаеро дар роҳи наҷоти давлат, эҳёи зиндагии осоишта ва таъмини пойдории миллат ба ҷо оварданд. Вақте ки хатари нобудшавии давлат вуҷуд дошт, маҳз ҳамин роҳбари он замон ҷавон бо ҷасорат ба майдони сиёсат омада, Тоҷикистонро бо сиёсати хирадмандона ва роҳбарии одилона рушду нумуъ бахшиданд.
Бо шарофати Пешвои миллат Тоҷикистон бо суръати муъҷизавор ба як қатор дастовардҳо аз қабили истиқлолияти энергетикӣ, сохтмони роҳҳо ва кандани як қатор нақбҳо, эҳёи кори НБО-и Роғун ва ба истифода додани чархаҳои он, ташкили шароити хуб барои зиндагии аҳолӣ ва амсоли ин ноил гардид, ки ҳам боиси ифтихор ва ҳам дастгириву тарғиб аст.
Дар ин рӯзи пурифтихор, аз номи худ ва тамоми шаҳрвандони мамлакат ба Пешвои миллат барои заҳматҳои шабонарӯзӣ, хиради сиёсӣ ва сиёсати ватандӯстона миннатдории самимӣ баён менамоям. Бигзор осмони Тоҷикистони азиз ҳамеша софу беғубор, давлат ва миллат ҳамеша пойдор бимонад!
Бори дигар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад!

