НАҚШИ ПРЕЗИДЕНТ ДАР БУНЁДИ СОХТМОНҲОИ АЗИМ ВА ТАШАББУСҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТОҶИКИСТОН

Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он ниҳодҳое маҳсуб меёбад, ки чӣ дар самти иҷрои нақшаҳои корӣ ва чӣ дар бозтоби ташаббусу созандагиҳои Ҳукумати кишвар масъулият ҳис намуда, як андоза пешсафӣ касб кардааст. Хусусан, тайи чанд сол аст, ки ба хотири гиромидошт ва арҷгузорӣ ба хизматҳои шоёни Пешвои миллат 16-уми ноябр дар саросари ҷумҳурӣ ҳамчун Рӯзи Президент бо шукуҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад ва шуъбаи ВАО ва табъу нашри ПИТФИ дар доираи лоињаи илмии “Инъикоси бунёди сохтмонњои азим ва ташаббусњои байналмиллалии Тољикистон дар публитсистикаи муосир (2021-2025)” ҳамасола ин рӯзро дар такя ба неруи кории ходимони илмии шуъба баргузор менамояд. 

Ба ин муносибат рӯзи 14-уми ноябр дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот мизи мудаввар таҳти унвони “Нақши Президент дар бунёди сохтмонҳои азим ва ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон (2021-2025)” баргузор гардид. Дар ҳамоиш роҳбарият, ходимони илмӣ, меҳмонон аз воситаҳои ахбори омма ва муассисаҳои илмиву таълимӣ ширкат варзиданд.

Кори мизи мудаввар бо сухани ифтитоҳии директори Пажуҳишгоҳ, номзади илмҳои филологӣ Абдулфаттоҳ Аминзода оғоз ёфт. Мавсуф саҳми Пешвои миллатро дар барқарорсозии сулҳу ваҳдати саросарӣ, бунёди иншоотҳои азим, ташаббусҳо ва дигар корҳои созандагӣ чӣ дар сатҳи минтақа ва чӣ байнулмилал беназир арзёбӣ карда, бобати ин рӯз фикру ақидаҳояшро муфассал ироа намуд.

Сипас, доктори илмҳои филологӣ, профессор Мурод Муродӣ дар мавзуи “Таҳлили хулосавии инъикоси раванди корҳои созандагӣ дар публисистикаи муосир” баромад намуда, оид ба кори лоиҳаву таҳқиқоти иҷрокунандагон ва ҳамчунин осори марбутаи мавзуъ як навъ натиҷагирӣ кард. М. Муродӣ кори лоиҳаро хуб ва натиҷаашро самарнок маҳсуб донист.

Дар идома, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Насиба Кучарзода дар мавзуи “Неругоҳҳои барқи обӣ дар пажуҳишҳои илмӣ” маъруза кард. Н. Кучарзода зимни баромадаш НБО-и “Роғун”-ро дар контексти таҳқиқоти илмиву оммавӣ баррасӣ намуда, аз осори марбут ба мавзуъ ва матбуоти даврӣ мисолҳои ҷолиб овард. Мавсуф осори бадеиву публитсистии Равшани Ёрмуҳаммад, Бахтиёри Муртазо, Шералӣ Мӯсо, Маҷид Салим ва дигаронро таҳлил низ кард, ки дар натиҷа мавзуъ мазмуни  дигар гирифт.

Ходими пешбари илмии шуъбаи ВАО ва табъу нашр, д.и.ф., профессор Меҳроб Ҷумъазода дар мавзуи “Ҳақиқати Роғун ва таҷассуми ҳунарии он дар публисистикаи муосир” суханронӣ намуда, аз осори Ҷамолиддин Тошматов, Бахтиёри Муртазо, Шералӣ Мӯсо, Раҷабалӣ Аҳмад ва дигар адибони публитсист мисолҳо оварда, аносири ҳунарӣ, воқеӣ ва жанриро дар осори адибони мазкур ҷӯё шуд. Таҳлилу тасниф ва қиёси мисолҳо аз ин осор басо ҷолиб буд.

Баъдан, номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи телевизион ва радиошунавонии факултети журналистикаи ДМТ Моҳира Сафарзода оид ба “Иқдомот ва ташаббусҳои Пешвои миллат ҳамчун омили ташаккули имиҷи Тоҷикистон” суханронӣ намуд. М. Сафарзода ташаббус ва созандагиҳои  Сарвари давлатро на ҳамчун масъалаи як давлату миллат, балки обрӯи Тоҷикистон ва минтақа дар арсаи ҷаҳонӣ арзёбӣ кард.

Мудири шуъбаи ВАО ва табъу нашри ПИТФИ Ифтихор Юсуфӣ бошад, дар мавзӯи “Мавқеи корномаи Пешвои миллат дар осори публисистии марбут ба сохтмонҳои азими Шералӣ Мӯсо” маъруза ироа намуд. И. Юсуфӣ зикр кард, ки тасвири корномаи бунёдкорон ва қудрати созандагии инсон чӣ дар осори бадеӣ ва чӣ публитсистии марбут ба иншоотҳои азими Ш. Мӯсо ҳамаҷиҳата сазовори таҳқиқу баррасӣ аст. Қаҳрамонҳои Ш. Мӯсо инсонҳоеанд, ки воқеан дар ин ё он давру замон зиндагӣ ва дар ин ё он соњаи хоҷагии халқ кору фаъолият мекунанд. Инҷо метавон барои намуна симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмонро мисол овард, ки яке аз образҳои барҷаста ва калидии инсони бунёдкор дар публитсистикаи Ш. Мӯсо маҳсуб меёбад. Пасон И. Юсуфӣ аз асарҳои Ш. Мӯсо аз қабили “Ошёни уқобон”, “Достони Роғун”, “Мардистон”, “Маҷмааи ифтихор”, “Ҷонам фидори Роғун” ва амсоли ин дар асоси муқоиса мисолҳо овард.

Пасон, ходимони калони илмии ПИТФИ номзади илмҳои филологӣ Насруддин Охунзода дар мавзуи “Таҷассуми симои Пешвои миллат ҳамчун шахсияти бунёдкор дар нашрияҳои Ҷумҳурият ва Минбари халқ” ва н.и.ф. Манижа Бахромзода бобати “Инъикоси ташаббусхои байналмилаии Тоҷикистон дар бахши англисии рӯзномаи Ал-Аҳром-и Миср” суханронӣ намуданд. Муҳтавои ҳарду маъруза дар самтҳои муаррифигарда як ҳадаф доштанд – нишон додани нақши калидии шахсият дар дохил ва хориҷ.

Ходими пешбари илмии шуъбаи ВАО ва табъу нашр Эшонқулов Эшонқул дар мавзуи “Масъалаҳои об ва баррасии он дар матбуоти даврӣ” маъруза намуд, ки яке аз баромадҳои ҷолиби ҳамоиш маҳсуб меёбад. Мавсуф зикр кард, ки дар матбуоти тоҷик аз солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ масъалаи об як масъалаи иқтисодӣ буд. Бо моликияти давлатии ҷумҳурӣ эълон кардани захираҳои табиӣ ҳукумат чанд тарҳи  гидроэнергетикиро рӯи даст гирифт, аммо бо муқобилият дучор омад. Аз соли 2000 бо шурӯи дубораи сохтмони нерӯгоҳи Роғун ин зиддиятҳо, ки шакли баҳсҳои иқтисодиву техникиро доштанд, ба ҷанги иттилоотӣ табдил ёфтанд, аммо безарар ва манфиатовар будани НБО-и “Роғун” ошкор ва дар натиҷаи корбариҳо чархаҳои он имрӯз мавриди истифода қарор доранд. Дар асоси ин, маърузакунанда бо факту далели фаровон ва мубрам хулоса кард, ки барои матбуоти мо омода кардани журналистони экологӣ ва журналистони илмӣ ва дар назди факултаҳои таърих, сиёсатшиносӣ, иқтисодӣ, технологӣ, биологӣ ва монанди инҳо кушодани курсҳои журналистӣ тақозои замон аст.

Дар кисмати мубодилаи афкор д.и.ф., профессор Аъзамҷон Азимов, Бозорзода Нуриддин ва дигарон фикру мулоизаҳои ҳудро дар бораи ин ҷашн, кори ҳамоиш ва маърузаҳои баромадкунандагон иброз намуданд.

Баҳодурова Озарбону,

ходими илмии шуъбаи

ВАО ва табъу нашри ПИТФИ.

 

 

барчасп: