Ноҳияи Муъминобод дорои таъриху фарҳангӣ қадима буда, мувофиқи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ, ҳануз дар асри X ҳамчун шаҳри Ободон ба бунёд гардидааст. Дир китоби “Таърихи Бадахшон” дар охири асри XI ҳамчун шаҳр ёдовар шудааст.
Мир Сайид Ҷалолуддини Гулдаста чун намояндаи илму маърифати асрҳои XI-XII маълуму машҳур аст. Марбут ба ин бузургвор дар китоби “Таърихи Бадахшон” ва “Шаҷара-ул-Саодат” маълумотҳои зиёде дода шудааст. Сифати волои ӯро чунин тасвир мекунанд: Ӯ дар баробари адои вазифаи амир будан шахси маърифатпарвар, донишманд, донандаи асрори хазинаи илм дар Муъминобод ва берун аз он машҳур гардида буд. Он замон Қалъаи Муъминобод на танҳо чун маркази маъмурӣ, балки ҳамчун Маркази ривоҷу равнақи тамаддуни ин сарзамин шуҳрат дошт.
Қалъа аслан маконе буд, ки амирон, мутафаккирон, донишмандон, гирд меомаданд. Ҳамзамон макони марифат, чароғи нурафшони равшанфикрон ва соҳибдилони Муъминобод маҳсуб меёфт. Давраи зиндагии Амир дар Муъминобод ба солҳои 1100-1130-и милод рост меояд. Дар замони Амирии ӯ дар шаҳраки Муъминобод зиёда аз 15 масҷиду мадраса сохта шуда буд. Барои обёри кардани деҳаҳҳои баландкӯҳи ин минтақа ба мисоли деҳаҳои Дошман, Ризқидара, Шуғлоншаҳр, Чашмаи Латиф, Чаргӣ, Момандиён, Дуоб, Кулчашма системаи обгузаронӣ ҷорӣ буд, ки тибқи маълумотҳои ҷойдошта қубӯргузаронӣ дар он ҳудуд ташкил шуда будааст. Аз чашмаҳо мардуми маҳал воситаи қубӯрҳои сафолин ба деҳаҳои дар боло нишондодашуда об мекашиданд. Саҳми Мир Саид Ҷалолуддини Гулдаста-амири Муъминобод бузург ҳисобида шудааст. Ҳоло бо номи ин марди бузург, кӯчаву маҳаллаҳо, иншоотҳо дар шаҳраки Муъминобод номгузорӣ гардидаанд, ки аз таърихӣ будани ин мавзеъ гувоҳӣ медиҳад.
Таҳқиқотҳо нишон медиҳанд, ки тавасути шахсияти фавқутабии Хоҷа Алишоҳи Валӣ, Мир Саид Ҳасан, Шоҳи Хомӯш, Мир Саид Ҷалолуддини Гулдаста дар мавзеъи Муъминобод чароғи маърифат равшан ва фурузонтар гардидааст.
Ҷиду ҷаҳд ва талошҳои содиқона ва пай дар пай баҳри ободу шукуфон гардонидани ноҳияи Муъминобод ва бохираду шуҳратманд шудани фарзандони ӯ хишти девори умри пурфайзу бобаракоти ин се “авлиё”-и комил оҳиста-оҳиста фарсуда мегашт.
Ноҳияи Муъминобод соли 531-и ҳиҷри қамари 1137-милоди арзи ҳастӣ намуд ва Шоҳи Хомӯш аз дарулфано ба дарулбақо реҳлат намуд. Эҳтимол аст, ки Мир Саид Ҷалолуддини Гулдаста дар нимаҳои аввали асри XII тахминан солҳои 1135-1140 зиндагӣ ба сар бурдааст ва дар соли 1140-1141 дунёро падруд гуфтааст.
Қалъа дар қисмати ҷанубии маркази ноҳия, дар соҳили чапи дарёчаи Сангдара, дар 200 метрии бинои Ҳукумати ноҳия қарор дорад. Дар айни замон таъмири пурраи бинои Қалъа аз тарафи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.
Аз нақши Қалъа бармеояд, ки он дар шакли росткунҷа сохта шудааст. Баландии тепа аз 5 то 7 метр ва дар шимолу шарқ то 16 метрро ташкил медиҳад. Солҳои қаблӣ аниқтараш соли 1955 бостоншинос Эркиной Ғуломов, соли 1975 Е. Денисов, соли 2006 А. Абдуллоев корҳои тадқиқотӣ ва муайянкунӣ гузаронидаанд. Баъдан соли 1984 Қалъаи Амир аз ҷониби бостошинос Музаффар Азимов мавриди таҳқиқ қарор гирфтааст ва натиҷаи девори мудофиавии қисми ҷанубии он дар баландии 3,5 метр бо ғафсии қариб 4 метр кушода гардид. Девор аз хишти пухта ва гилу санг сохта шуда, дар кунҷаш манораҳо ва тиркашҳоро дошт. Бозёфтҳо собит менамоянд, ки қабати поёнии Қалъаи Амир мансуби асри XI ва қисмати болоиаш ба асрҳои XV-XVI рост меояд.
Файзигул НАСРУДИНОВА,
Карашмаи ВАДУД
ходимони илмии ПИТФИ