Ба ифтихори 80-умин солгарди
Шоири Халқии Тоҷикистон,
муаллифи Суруди миллӣ Гулназар
Сухан ганҷинаест, ки интиҳо надорад ва бо мурури солҳову қарнҳо аз ёдҳо зудуда намешавад. Он умри ҷовидон дораду соҳибсуханро низ ба абадият мепайвандад.
Ба гуфти Бадриддин Ҳилолӣ:
Сухан сардафтари девони ишқ аст,
Сухан ганҷинаи султони ишқ аст.
Сухан зоҳир кунад сӯзи ниҳонро,
Зи шамъи дил барафрӯзад ҷаҳонро.
Шоир Гулназар Келдӣ кайҳо боз дар дили ҳаводорони назм ҷой гирифтааст. Аввалин маҷмӯаи Гулназар бо номи «Расми сарбозӣ» ба табъ расида буд, ки ӯ дар ашъораш меҳанпарастӣ, меҳнатдӯстӣ, рафоқат, эҳтироми инсон, зан, модар, покию ростиро васф кардааст. Тараннуми ин мавзӯъҳо дар маҷмӯаҳои баъдинаи ӯ «Дастархон», «Нардбон», «Лангар» ва «Табхол» идома ёфтааст.
Соли 1994 барои Гулназар соли фаромӯшнашаванда буд. Ӯ барои саҳми арзанда гузоштанаш дар шеъри муосир сазовори Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ гардид. Ва дар озмуни бахшида ба офаридани Суруди миллии Тоҷикистон ва интихоби суруди Анҷумани тоҷикони ҷаҳон дастболо шуд. Моҳи ноябри соли 1995 унвони Шоири мардумии Тоҷикистонро гирифт.
Ҳанӯз соли 1996 ба муносибати ҷашни 50 – солагии шоир дар табрикномаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин оварда шуда буд: «Ҷашни фархундаи камолоти эҷодӣ бароятон муборак бод. Шумо дар мураккабтарин ва ҳассостарин лаҳзаҳое, ки халқи мо дар чор-панҷ соли охир аз сар гузаронид, пайваста ба тарғиб ва ташвиқи сулҳу салоҳ ва оромишу осоиши мардум кӯшидед, аз мавқеи адолати иҷтимоӣ ва яклухтии Ватани азизамон сухан гуфтед.
Ба Шумо, Гулназари азиз, муяссар шуд, ки муаллифи Суруди миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол бошед» Ин суханони самимию воло шоҳиди қадрдонии Сарвари мамлакат нисбат ба шоир аст. Ҳамчунин адибони бузург – дӯстони дерин Михалков, Пулотов, Ғамзатов, Бондарев, Солоухин, Козловский, Алексеев, Золотцев ва дигарон ба ин муносибат барқияҳои шодбошӣ ирсол кардаанд.
Душанбе – пойтахти кишвари тоҷикон дар ашъори шоир мавқеи хосаеро ишғол мекунад. Ин боғшаҳр илҳомбахши табъи волои ӯ буда, бо як самимият дар васфаш сароидааст:
Душанбе пойтахти бас ҷавонӣ
Барои мардуми деринаи ман.
Ғами гумкардаҳои ман нағунҷад,
Чу дарди миллате дар синаи ман.
Суруди миллӣ шиносномаи давлати мост, ки дар он орзуву омоли мардуми мо ифода шудааст. Эҳсоси оламдӯстии мо дар ҳамон як мисраи Суруди миллӣ «Ту ҳастию ҳама ҷаҳон ҳабиби мост» таҷассум ёфтааст. Яъне тавассути Тоҷикистон мо ҳама ҷаҳонро дӯст медорем. Қудрати Гулназар дар он аст, ки тавонистааст расми хуби тоҷиконро дар ҳамин як мисраъ таҷассум намояд.
Шеърҳои Гулназар ба чандин забони дунё тарҷума шуда, ба хонандагон таассуроти амиқ гузоштаанд. Чанд сол қабл бо чанд суол дар заминаи шеъру шоирӣ бо устод Гулназар мусоҳиб гардидам, ки ба шакли пуррааш дар ягон рӯзномаву маҷалла ба табъ нарасидааст. Ва инак он суҳбат:
- Устод, чӣ эҳсосе бори нахуст шуморо ба шеъргӯӣ водор намуд: меҳри модар, Ватан ё ишқи аввал?
- Шавқи шеър гуфтан дар дили ман хеле барвақт бедор шуда буд ва ин албатта, сабаб дошт. Дар синфи се мехондем. Овоза шуд, ки муаллими забону адабиёти мо шоир аст. Ҳамон сол аз ҳамсоядеҳа – Урметан чанд тан ба мактаби мо ба ҳайси муаллим омада буданд ва мо бо онҳо ҳанӯз шиносоӣ надоштем.
Дарс шурӯъ шуд ва мо аз муаллими ҷавони миёнақади каммӯ чашм намекандем ва ҳайрон будем, ки ӯ аз дигарон тафовуте надорад, аммо шеър мегӯяд. Ҳамин ки танаффус фаро расиду муаллим берун рафт, дафтарҳои рӯи миз бозниҳодаи ӯро варақ задем. Воқеан, дар сафҳае чунин сатрҳо сабт буданд:
Эй нома, агар расӣ ба дасташ
Аз ҷониб ман бибӯс дасташ.
Рӯзи дигар ману як ҳамсинфам, ки дар хона патефон доштанд, маслиҳат кардему аз қарта матни сурудеро навишта гирифтем ва ин ғазали Ҳилолӣ буд:
Рӯзе ки фалак дод маро ном Ҳилолӣ,
Мехост, ки ман моили абрӯи ту бошам.
Ман ба ҷои «Ҳилолӣ», «Гулназар» навиштам ва ғазалро, ки бешубҳа, ғалат рӯи коғаз оварда будем, ба муаллим додам ва гуфтам:
- Ин шеъри худам!
Муаллим бо таваҷҷуҳ «шеъри маро» хонд, абрӯ чин кард ва бо ҷиддият гуфт:
- Бисёр хуб. Аммо барои он ки «Гулназар» ҷойи «Ҳилолӣ» - ро гирад, ҳоло бисёр заҳмат кашидан лозим аст.
Ин муаллими ҷавон баъди чандин солҳо шоири машҳури Тоҷикистон гардид, ки мо имрӯз ӯро чун Қутбӣ Киром мешиносем. Ёдаш ба хайр! Ба ҳар ҳол дуои ӯ мустаҷоб афтод ва ман аз пайи арӯси шеър рафтам.
- Шунавандаи нахустин шеъри Шумо кӣ буд ва онро чи гуна пазируфт?
- Шунавандаи аввалин шеърҳои хасакии ман муаллими алгебраи мо шодравон Фахриддин Маликов буд. Ин марди одии хоксор, ки солҳо баъд ғоибона Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанберо хатм кард, аз ҳама илмҳо хабардор буд ва адабиётро аз муаллимони адабиёт хубтар медонист ва хубтар мефаҳмид. Он кас чунин насиҳат мекарданд: «Шоир будан маънои тамоми умр омӯхтанро дорад, яъне заҳматест, ки самарааш на ҳамеша дилхоҳ аст».
-Кадоме ба Шумо бештар таъсир расонд: эҷодиёти шифоҳии мардум, шеъри шоирони классик ё муосир?
- Эҷодиёти шифоҳии мардуми мо ин қадар сода, самимӣ, ширин ва ба дилу дида қарин аст, ки онро наметавон ба осори китобӣ муқоиса кард. Дар куҷое чунин сатрҳоро хонда будам: Дарди мардумро рубоиҳои мардум бозмегӯяд, Ҳоҷате дар гуфти шайёдони ҷуғдово надорад.
Бо яқин метавон гуфт, ки ҳама бузургони адаби мо аз ин сарчашмаи равшану беғубор баҳрабардорӣ кардаанд.
Ман басе афсӯс мехӯрам, ки наққош нестам, вагарна дар зимни рубоиву дубайтиҳои мардум тоблуҳои хотирнишин меофаридам.
Барои он ки ба пурсиши шумо ҷавоб мушаххас бошад, мегӯям: эҷодкори воқеӣ бояд ҳама намуди эҷодро фаро гирад. Ва ин кори осон нест.
- Солҳои донишҷӯиро чӣ сон тавзеҳ мекунед?
- Солҳои донишҷӯӣ «баҳоре буду бигзашт». Агар ниҳоли умри мо аз ҷавонӣ ба самар расидааст, бешак ҳосили ҳамин «баҳори» сабзу навозишгару пӯёю ҷӯёст. Онҳое, ки имрӯз дар оғӯши «ин баҳоранд», бояд фардо барои Ватан самар овардани худро ҳаргиз фаромӯш накунанд.
-Ба фаъолияти эҷодиатон кадоме аз нашрияҳо бештар нақши муҳим дошт: «Комсомоли Тоҷикистон» ва ё «Садои Шарқ»?
- Рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» мактаби бузурги эҷодӣ буд. Аз остонаи он аксари адибони машҳуру маълуми мо берун омадаанд. Дар ин мактаб мо ҷавониро бо ҷустуҷӯву такопуву ҷасорату ғурур тавъам сохта будем.
Дар маҷаллаи «Садои Шарқ», ки таҳти сарпарастии устодон ба боғи пуршукуфову пурбор табдил ёфта буд, мо ҳунар, тамкин, масъулият, шинохти худу Худоро омӯхтем. Ҳар рӯз бо устодон М. Турсунзода, Ҷ. Икромӣ, Ф. Ниёзӣ, Ф. Муҳаммадиев, М. Миршакар, М. Қаноат рӯ ба рӯ омадан ва сӯҳбатҳои онҳоро шунидан, бахти бузург буд.
Дар идораи ҳамин маҷалла бо Убайд Раҷаб, Лоиқ, Бозор, Саттор Турсун, Ӯрун Кӯҳзод, Ҷумъа Одина, Ю. Акобиров, Гулрухсор, Сорбон, Абдулҳамид ва бисёр дӯстону ҳамқаламон сари ҳар байту ҳиҷо баҳсу талош кардан, барои шинохти қадру манзалати сухан ҷон коҳонданро омӯхтем.
- Киро устоди худ дар шеър мешуморед?
- Ман дар роҳи пурмашаққати эҷодӣ устодон ва хайрхоҳони зиёд доштам ва дорам, ки номи аксари онҳоро зикр кардам. Аммо бояд гӯям, ки устоди ҳар кас дар роҳи эҷод адабиёти ҳақиқист. Аммо дарки адабиёти ҳақиқӣ кори осон нест.
- Чаро нахустин маҷмӯаи худро «Расми сарбозӣ» ном ниҳодед?
- Вақте ки ман аз аскарӣ баргаштам, чанде аз дӯстони ҳамқалами ман аллакай маҷмӯаҳои аввалини худро чоп карда буданд. Ва бояд гӯям, ки он солҳо ба зевари чоп оростани китоб осон набуд. Ҳар китоб аз пули Сирот мегузашт. Соли 1967 дар Иттиҳодияи нависандагон китоби аввалини ман ба баррасӣ пешниҳод шуд ва ин маҳфили «пӯстканӣ» дар ҳузури котиби Иттиҳодияи нависандагон Мӯъмин Қаноат баргузор гардид. Танқид ҳам буд, таъриф ҳам буд. Хулоса, маҷмӯаи маро ба чоп тавсия карданд.
Баъди ин қадар «ҳаллоҷӣ» муҳаррири нашриёти «Ирфон» устод Қутбӣ Киром боз «сари маро хушк тарошид». Баъдан устод Қутбӣ гуфт: «Китоби хуб. Ту, ки нав аз аскарӣ омадаӣ, ба навиштаҳоят номи «Расми сарбозӣ» мегузорем». Ин ном ба ман хуш омад. Зеро бо адабиёт машғул будан сарбозист. Ва воқеан то имрӯз кори ҳамарӯзаи мо – адибон сарбозист.
Бихоҳам осмон монад ба одам,
Замини гулфишон монад ба одам
Бихоҳам аз ҳама тиру камонҳо,
Фақат тиру камон монад ба одам,- ро кай ва дар кадом вазъ эҷод кардед?
- Ин дубайтиро шояд дар даврони донишҷӯӣ гуфтаам. Ин ҷо шеър бар «тиру камон» - и ҷангҷӯён ва «тирукамон» - и табиати зебоиофар такя мекунад. Чӣ хуш, ки фақат «тирукамон» - и баҳорӣ бошад. Ва инро мову шумо, ки ҷанги ҳамватаниро аз сар гузаронидем, бояд тозатар эҳсос кунем.
- Нахустин ошноии Шумо бо устодон Мӯъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Бозори Собир кай сурат гирифт ва бардошти Шумо аз ашъори онҳо?
-Ман дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон таҳти сарпарастии устод Муродӣ (равонашон шод бод!) маҳфили адабии «Адибони ҷавон» доштем ва устодон зуд-зуд меҳмони мо буданд. Ман дар ин маҳфилҳо бо бисёр устодон шиносоӣ пайдо кардаам, ки яке аз онҳо устод Қаноат буд. Ин шахси бузург бо шеъраш, бо донишаш, бо тафаккури амиқи илмиаш ҳамеша маро мафтун мекард.
Вақте ки дар курси се мехондам, чанд шеърамро ба идораи «Садои Шарқ» бурдам. Мӯъмин Қаноат онҳоро қироат кард ва бо хушнудӣ ба Маҳмуд Воҳид,
ки он ҷо ҳозир буд, гуфт: - Ку, як бор ту хон. Маҳмудҷон дастхати маро гирифту шеъри «Дар сари гӯри аскари гумном»-ро бо овози нотакрораш қироат кард.
Қаноат гуфт:
- Чоп кунем?
Маҳмудҷон гуфт:
- Ба ман маъқул!
Баъди чанд вақт ҳамин шеър ва «Шоира» ном шеъри дигари ман, ки ба Жолаи Бадеъ бахшида будам (бояд гӯям, ки Жола ин шеърро хуш пазируфта буд), дар «Садои Шарқ» чоп шуд. Он вақт дар ин маҷаллаи бонуфуз шеър чоп кардан ба кашфи Амрико баробар буд. Солҳо гузаштанд, устод Қаноат ҳамин тавр ҷавон, бо шеъри ҷавон, бо тафаккури ҷавон монд. Чӣ ҳаёти ибратбахше!
Бо Лоиқ ва Бозор барвақт шинос будам. Ва ману Бозор дар як рӯз ба узвияти Иттиҳодияи нависандагон пазируфта шудем. Дар тарабхонаи «Фароғат» зиёфат оростем. Устод Қутбӣ гуфт: «Замон ба пешонаатон мӯҳр зад!» Мастон гуфт: «Акнун бояд шоир шавед». Лоиқ гуфт: «Ин ду нафар арзанда ҳастанд!».
Ва ман солҳои зиёд бо устод Лоиқ ва Бозор дар як идора кор кардаам. Ҳар ду ҳам шоире ҳастанд, ки мактаб доранд ва мактаб доштан кори ҳар сухангӯ нест. Шеъри онҳо боз бисёр насли шоирони моро тарбия хоҳад кард. Шеъри онҳо – шеъри дарди миллат, дарди замон, дарди бохтҳову гумкардаҳо буд ва ҳаст. Ва ҳамин дард сарманшаи шеъри ҳақиқист.
- Ақидаатон нисбат ба шеъри сафед?
- Шеър на сафед асту на сиёҳ на озод на побаста. Шеър як таъриф дорад, бояд шеър бошад. мазмунро, андешаро, бинишро, илмро метавон бо шеър- яъне, бо қофияву вазни арӯз ифода кард. Ҳамчунон, ки дар гузашта китобҳои таъриху фалсафа, тиббу ҳандаса бо шеър навишта мешуд ва албатта онҳо шеър набуданд. Дар шеър ҷавҳари асосӣ тахайюл аст ва ин тахайюлро бо ҳар навъи адабӣ метавон ифода кард, ҳатто бо наср, дром ва дигар намудҳо.
- Дар кадом ҳолат шеър мегӯед?
- Шеър гуфтан мисли он аст, ки ба саёҳати кӯҳ мебароед ва ногоҳ дармеёбед, ки беихтиёр ба сурудхонӣ сар кардед. Шеър гуфтан вақту соат надорад.
- Чӣ ёдҳое аз замони шӯравӣ бароятон хушоянд аст?
- Ҳамбастагии аҳли фарҳанг ва умуман ҳамдилии халқҳои мо бузургтарин бозёфти даврони Шӯравӣ буд. Мо бояд ганҷхонаи дилҳои худро аз нав бо чунин симу гавҳар пур гардонем.
- Бо ҳамқаламони хориҷ аз кишвар робитаҳои дӯстона доред?
- Робита ҳаст, аммо бисёр мавсимӣ ва тасодуфист. Бо кӯшиши Сарвари кишвар созмон дода шудани рӯзҳо, фестивалҳо, идҳои фарҳангӣ бузургтарин неруест, ки моро ба созандагӣ мебарад. Гуфтугӯи тамаддунҳо бояд шиору амали ҳар миллат бошад. Вагарна дар инзивоҳо булбул ҳам ба зоғ табдил меёбад.
- Устод, лутфан, дар бораи зарурати эҷоди Суруди Миллӣ ва дастболо шуданатон дар озмун чанд сухан мегуфтед?
- Офариниши Суруди нави миллӣ тақозои замон буд. Баъди пароканда шудани собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва мустақил гардидани Тоҷикистон зарурияти офаридани Суруди миллӣ ба миён омад. Озмуни суруд чор-панҷ сол давом кард ва агар вазъи Тоҷикистон ором мебуд, шояд барвақттар мо соҳиби яке аз рамзҳои давлатдории худ мегаштем.
Бо қарори Шӯрои Олӣ соли 1991 озмун эълон карда шуд. Ҳамчунин, комиссияе ташкил карда шуд, ки ба он, аз ҷумла, шодравон Лоиқ Шералӣ, Аскар Ҳаким, Меҳмон Бахтӣ, Муҳаммадҷон Шукуров, Мӯъмин Қаноат ва ман шомил будем.
Соли 1992 ҷанг сар шуд. Баробари барқарор шудани Ҳукумати қонунӣ боз масъалаи интихоби Суруди миллӣ ба миён омад. Мо, аъзои комиссия ҳамеша ҷамъ омада матнҳоро муҳокима мекардем. Матнҳо ба талабот начандон мувофиқ буданд, яъне характери гузарандагӣ доштанд.
Бояд қайд кард, ки оҳанги С. А. Юдаков яке аз беҳтарин оҳангҳост. Оҳангҳои тозаи бастакорон ба он баробар шуда наметавонист. Бинобар ҳамин бо тахаллуси Ношинос сурудеро мувофиқи оҳанги Юдаков офаридам.
Ба ман дар мутобиқ кардани суруд ба оҳанги мазкур Лола Пулодӣ ёрӣ расонд. Аъзои комиссия бо овоздиҳии пинҳонӣ панҷ сурудро интихоб карданд, ки ҷои якум ва дуюмро сурудҳои ман гирифтанд. Ман дарёфтам, ки Суруди миллӣ бояд аз ҳама чиз боло ва танҳо, манфиати миллиро ифода кунад. Комиссия шеърҳоро ба Шӯрои Олӣ пешниҳод кард ва намояндагони мардумӣ сурудҳоро бо оҳангҳояшон дар Театри Опера ва балети ба номи С. Айнӣ гӯш карда, бо як овоз шеъри маро интихоб карданд.
Ман медонистам, ки ин кори муқаддас аст. Суруди миллӣ набояд барои як давраи муайян бошад. Ман суруди миллиро барои ҳама давру замонҳо навиштаам, ҳеҷ набошад, ҳамин хел орзу дорам. Мутаассифона, дар кишвар нооромӣ буд ва ниҳоят 7 сентябри соли 1994 шеъри ман, баъди баҳсу мунозираҳои бешумор, ба ҳайси Суруди Миллӣ пазируфта шуд.
Он вақт гуфтам
Эй халқи азизи ман саломат бошӣ,
Парвардаи номусу шарофат бошӣ.
Аз ҷон гуфтам суруди миллии туро,
То ҷӯр ба ҳам бошию миллат бошӣ.
Суруди миллӣ аввалин бор 30 августи соли 1995 ба таври расмӣ садо дод.
- Оё намояндаи мардумӣ будан, ба эҷоди Шумо халал намерасонд?
- Ман ҳамеша бисёр кор мекардам. Ва ин пуркорӣ ба кори эҷодии ман, ки албатта, баъди иҷрои вазифаи асосӣ сурат мегирифт, халал намеорад. Яъне, ҳар қадар ки кор кунам, ба ҳамон андоза илҳомам меояд. Ва аз ин росто ба халқи шарафманди тоҷик арзи сипос мекунам, ки маро ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вакили худ интихоб кард.
Дили ман, сухани ман ҳамвора бо онҳост.
- Назари Шумо ба ҷаҳонишавӣ?
- Ҷаҳонишавӣ хуб аст. Аммо дар ин раванд набояд махсусиятҳои миллиро аз даст дод. Дар замони коммунистӣ ҳам мегуфтанд, ки миллатҳо ягона мешаванд, давлати ягона ба миён меояд ва бо забони ягона суҳбат хоҳем кард. Дидед, ки таърих чӣ кард? Ба ҳар ҳол дар хонадони ҷаҳонӣ бояд буд, аммо миллияти худро ҳифз бояд кард.
Барои ҳамин Президенти кишвар мудом аз нангу номус, шарафу ифтихори миллӣ аз ҳушёрӣ ва зиракии миллӣ сухан ба миён меорад. Ин корро бояд адабиёт ба маротиб ба роҳ монад.
- Аз шоирони Эрон ва Афғонистони асри 20 ба киҳо ихлос доред?
- Аз зумраи шоирони Эрону Афғонистон бисёре ҳастанд, ки осори онҳо метавонад ба рушду камоли шеъри мо ҳамдастӣ кунад ва воқеан ҳам, кардааст. Аз Нимо Юшич, Ахавони Солис, Нодирпур, Фурӯғ сар карда то Аминпуру Салмони Ҳиротӣ, аз Халилуллоҳи Халилӣ сар карда, то Восифи Бохтарию Лайлои Сироҳат шеъри миллии худро нав кардаанд ва тарозуҳои онҳо ба адибони мо бетаъсир намондааст.
Агар сухан аз адибони собиқ Шӯравӣ равад, ҷои гап нест. Ман ҳамеша афсӯс мехӯрам, ки чунин ҳамдиливу ҳамнафасии эҷодӣ имрӯз барқарор нест.
Як ҳақиқатро бояд зикр кунам. Шеъри мо бо ҳамон пару боле, ки соҳиб аст ва бо ҳамон садое, ки дорад, дар самои кишвари мо парвоз мекунад, ғаму шодии моро таҷассум месозад ва бо дили хурду бузурги мо ҳамҷӯр аст.
- Оё дар миёни шоирони ҷавони муосир афроде ба назар мерасанд, ки хеле умедбахш ҳастанд?
Адабиёт мисли дарёст ва бояд пайваста ба он чашмаҳои нав ҳамроҳ шаванд. Вагарна хушк хоҳад шуд.
Адабиёти навини мо низ чашмаҳои ҷӯшону беғубори бисёр дорад. Адибони ҷавони мо, ки бештар ба адабиёти ҳамзабонони мо даст доранд, дар ороишу пероиши шеър ба муваффақиятҳое ноил гардиданд. Аммо адабиёт, пеш аз ҳама, бояд ҳамдарди халқ бошад. Ба ҷавонони эҷодгар лозим аст, ки ҳунарро такмил диҳанд ва ғаму шодии миллатро дар қабои ҳунар нишон диҳанд. Адабиёт дар инзиво ба хазон хоҳад расид. Адабиёти ҳар миллат бояд мисли боғи пуршукуфе хуррам ва дар паҳлӯи боғҳои дигар сарфарозу пурсамар бошад.
- Ташаккур барои суҳбат.
- Саломат бошед.
Мунаввари САФАР,
ходими пешбари илмӣ