Маънии "Фалак"-ро зи фалак бояд ҷуст
Чоп шуд: 18/07/2019Дар нимаи дувуми қарни 20-ум дар суннати фалаксароӣ як таҳаввулоти беандоза нодир рух дод. Ба олами фалаксароӣ бонуи хеле ҳунарманду хушовоз ва шахсияти тавоно - Гулчеҳра Содиқова ворид гардид. То ин замон на дар мақомхонӣ ва на дар ҳунари фалаксароӣ занон кӯшиш намекарданд. Бо амри тақдир, дар равиши пурэъҷози рушди мусиқии миллӣ дар мақомсароӣ Барно Исҳоқова ва дар фалакхонӣ Гулчеҳра Содиқова бо як олами нав, назокати дилангез ва нолаҳои ҷонсӯз арзи ҳастӣ намуданд. Воқеан, Гулчеҳра Содиқова