Силсилаи ёдгориҳои роҳи абрешим барои сабт дар феҳристи ЮНЕСКО омода мешаванд
Чоп шуд: 01/07/2019Дар бахшҳои семинар вазъи омодасозии ҳуҷҷатҳои номинатсияҳои муштараки кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз он ҷумла номинатсияи “Роҳи абрешим: гузаргоҳи минтақавии Фарғона-Сирдарё», ки аз ҷониби ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ўзбекистон пешниҳод хоҳад шуд ва номинатсияи “Гузаргоҳи Зарафшон: Панҷакент – Самарқанд – Пойканд”, ки марбут ба ёдгориҳои Тоҷикистон ва Ўзбекистон мебошад, мавриди баррасӣ қарор ёфтанд.