Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот ягона ниҳоди илмии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, дар он корҳои илмӣ-таҳқиқотии зиёде сурат гирифта истодааст, ки дар садри онҳо мутахассисони варзида фаъолият мекунанд. Бахшида ба ҳамин мавзӯот соле чанд маротиба дар Пажӯҳишгоҳ конфронсу семинар ва мизҳои мудаввар баргузор карда мешаванд.
Санаи 16-уми майи соли ҷорӣ дар ПИТФИ мизи мудаввар таҳти унвони “Вазъи муассисаҳои таълимии соҳаи фарҳангу санъат дар даврони истиқлол” бахшида ба 85-солагии зодрӯзи Арбоби ҳунари Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ, профессор Ҷӯрахон Обидпур баргузор гардид. Кори ҳамоиш бо сухани ифтитоҳии директори ПИТФИ, номзади илмҳои филологӣ Аминзода Абдулфаттоҳ Ҳаким шуруъ гардид. Мавсуф зимни суханрониаш аз саҳми профессор Ҷӯрахон Обидпур ҳамчун аввалин профессори созҳои мусиқии миллӣ ёдовар шуда, доир ба масъалаи мизи мудаввар фикру ақидаҳояшро мухтасар иброз намуд. А. Аминзода зикр кард, ки Обидпур (Обидов) Ҷӯрахон, композитор, навозанда, дирижёр, омӯзгори маъруфи тоҷик, олим-муҳаққиқи варзида, Арбоби ҳунари Тоҷикистон (1991), барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ (2024), Ҷоизаи ИК Тоҷикистон ба номи Борбад (2019), профессор (2001), Аълочии фарҳанг (2000), Аълочии маориф (2010), «Муаллими беҳтарини сол» (1999, 2000). Аз соли 1998 узви Иттифоқи композиторони Тоҷикистон буда, дар ин самт корҳои мондагор кардааст.
Пасон ходими пешбари илмии шуъбаи фаъолияти китобдории ПИТФИ, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Шариф Комилзода маърӯзаеро таҳти унвони “Саҳми Ҷӯрахон Обидпур дар рушди илми мусиқишиносии тоҷик” ироа намуд. Ш. Комилзода доир ба асарҳову фаъолияти кории профессор Обидпур, махсусан “Луғатномаи тафсири мусиқӣ” фикру андешаҳояшро ҷолиб баён намуд.
Дотсенти кафедраи санъатшиносӣ ва назарияи мусиқии ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода, номзади илмҳои санъатшиносӣ Раҳимзода Кароматулло дар мавзӯи “Вазъи таълими илми санъатшиносӣ дар замони истиқлол (дар мисоли ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода)” суханронӣ намуд. К. Раҳимзода рушди таълими илми санъатшиносиро дар замони муосир хуб арзёбӣ карда, овардани мисолҳо ва арқому далоил маърӯзаро боз ҳам ҷолибтар гардонд.
Баъдан, ходими илмии шуъбаи илмӣ-методии ПИТФИ Қодиров Зиёвиддин доир ба “Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографӣ-боргоҳи истеъдодҳо” маърӯза ироа кард. Мавсуф масоили марбутаи дар ин доира таҳқиқишударо бо маълумотҳои обзориву бунёдӣ баррасӣ намуд.
Сипас, доир ба “Роҳи илмии Ҷӯрахон Обидпур: аз омӯзгорӣ то пажуҳишгарӣ” суханронӣ намуд. М. Наслохонова ба рӯзгор ва фаъолияти эҷодии Ҷӯрахон Обидпур руҷуъ намуда, қайд кард, ки Ҷӯрахон Обидпур дар инкишофи санъати навозандагӣ ва тарбияи мутахасисони баландихтисоси созҳои миллӣ (рубобҳои қошғарӣ, бадахшонӣ ва прима) яке аз омӯзгорони пешбару шинохта мебошад. Ў нахустин профессори соҳа мебошад, ки 32 нафар шогирдро тарбия намудааст (аз ҷумла 11 нафар лауреату дипломант). Муаллифи зиёда аз 30 китобҳои дарсӣ, рисолаҳои мусиқӣ, дастуру барномаҳои таълимӣ, маҷмӯаҳо, хрестоматия (аз ҷумла 4 китоби дарсӣ, 4 монография) ва зиёда аз 50 мақолаҳои илмӣ, илмӣ-оммавӣ ва энсиклопедӣ мебошад. Қариб 100 суруду навоҳои халқиро ба нота гирифтааст. Чун композитор беш аз 100 суруд бо ҷӯршавии ансаблҳои созҳои халқӣ, эстрадӣ ва аркестри созҳои халқӣ, 2 сюитаи овозиву рақсӣ, 2 фантазия барои рубоб бо ҳаммуалифии К. Тушинок ва зиёда 100 суруду хорҳои бачагона навиштааст (аз ҷумла ӯ ба 17 шеърҳои бачагонааш худаш оҳанг бастааст).
Сонӣ, аз ҷониби роҳбари муассиса рӯнамоии китоби тозанашри Ҷ. Обидпур “Мактаби омӯзиши чанг” сурат гирифт. Дар идома доир ба бахшу қисматҳои ва вижагиҳои китоби мазкур мухтасар шарҳу тавзеҳ дода шуд. Асари тозанашр аз ҷониби иштирокчиёни ҳамоиш хеле хуб қабул гардид.
Дар бахши мубодилаи афкор меҳмонон аз ниҳодҳои гуногун, азҷумла профессорону кампозиторони варзидаи ҷумҳурӣ Амирбеки Мӯсо, Ҳалимов Суръат, Нозим Нурзод, Қурбони Қурбониён, Мақсудзода Фарҳод, Раҷабов Искандар, Гурезов Шамсиддин, Азимов Аъзамҷон, Муродӣ Мурод, Хоҷаев Қурбон, Сатторов Қурбон, Одинаев Муллошариф, Мунаввари Сафар, Саъдӣ Мирзо ва дигарон фикру ақидаҳояшонро доир ба соҳибҷашн, маърӯзаҳои баромадкунандагон ва китоби рӯнамоишуда баён намуданд. Ҳамоиш, ҷолиб, пурмазмун ва хотирмон буд.
Юсуфов Ифтихор,
мудири шуъбаи воситаҳои ахбори
омма ва табъу нашри ПИТФИ.