Сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат боис гардид, ки тамоми соҳаҳои мамлакат рӯ ба тараққӣ ниҳоданд. Аз ҷумла соҳаи фарҳанг дар даврони соҳибистиқлолӣ мавриди таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор гирифта, дар сиёсати фарҳангии он ҳамчун соҳаи афзалиятнок мақом пайдо кард. Ин омил боис гардид, ки дар навбати аввал ба муассисаҳои фарҳангӣ, ки тарғибгари арзишҳои маънавию боргоҳи ҳунаранд, таваҷҷуҳ зоҳир гардад. Ҳамин тариқ дар саросари кишвар, дар шаҳру навоҳии мухталифи он осорхонаҳо, қасрҳои фарҳанг, хонаҳои фарҳанг, театрҳо, хусусан барои таъмини фароғату истироҳати ҳадафноки сокинон боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ бунёд гардида, ба истифода дода шуданд.
Аз ҷумлаи гӯшаи зебоманзару таърихии диёри азизи мо шаҳри Панҷакент маҳсуб мегардад, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ боғҳои гуногуни фарҳагию фароғатии он таъмиру тармим ва азнавсозӣ гардида, ҳамзамон боғҳои наву замонавӣ бунёд ёфтанд. Хосатан “Боғи тиллоӣ” ва боғи “Камоли Хуҷандӣ” аз намунаи олии онҳо мебошанд, ки имрӯз дар хидмати сокинон қарор доранд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки имрӯз боғи фарҳангӣ-фароғатии “Боғи тиллоӣ”, ки дар маркази шаҳри Панҷакент қарор дорад, дорои шароити хуб буда, фаъолияти он ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ мебошад ва барои фароғату истироҳати мардум мувофиқ гардонида шудааст. Боғи мазкур аз ҷониби шахси ватандӯсту фарҳангпарвар Бозорова Баҳриниссо Қароевна соли 1999 хусусӣ гардонида шудааст. Мувофиқи маълумоти роҳбарият, боғ худмаблағгузор буда, ба бахши фарҳанг ҳисобот медиҳад.
Таъкид ба маврид аст, ки рисолати боғи мазкур танҳо дар доираи истироҳату фароғати сокинон боқӣ намонда, он ба маркази чорабиниҳои фарҳангию сиёсӣ табдил ёфтааст. Ҳамасола дар ҳудуди он чорабиниҳои давлатию сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ аз қабили соли нави мелодӣ, Артиши миллӣ, ҷашни Сада, рӯзи модар, ҷашни Наврӯз, рӯзи Ғалаба, иди ҷавонон, иди байналмилалии ҳифзи кӯдакон, ҷашни истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи Парчам ва амсоли инҳо маҳз дар ҳамин боғ бо шукуҳу шаҳомати хоса гузаронида мешаванд.
Тибқи маълумоти омории ба даст омада давоми як соли ахир масъулони боғ дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои дигар 23 чорабинии фарҳангию сиёсӣ гузаронидаанд.
Масъулин фаъолияти пурсамари боғро ба назар гирифта, аз хориҷи кишвар арғунчакҳои муосиру замонавӣ, аз қабили “Юнга”, “Вихр”, “Колоколчик”, “Карнавал”, “Замбурӯғ”-ро харидорӣ намуда, дар боғ насб кардаанд, ки боиси таваҷҷуҳи сокинон, хосатан наврасону ҷавонон гардидааст. Ҳамзамон як адад карусели кӯдакона, роҳи оҳани бачагона, 3 адад лимпопо, 10 адад мошинчаҳои барқӣ ва дигар таҷҳизот насб гардида, мавриди истифода қарор доранд. Дар як тарафи боғ майдончаи футболбозии бачагона мавҷуд аст, ки аксари наврасон вақтҳои холии худро дар он ҷо гузаронида, ба варзиш ва обу тоби бадан машғул мешаванд. Саҳни майдончаи варзишӣ сабзазор буда, бо симтури баланд иҳота шудааст. Масъулини боғ ҳамасола барои бозҳам ҷавобгӯ сохтани боғ то ду се адад атраксионҳои замонавӣ харидорӣ мекунанд.
Баробари ворид шудан ба ин боғ чашми бинанда ба сангфарше аз сангҳои хурд-хурди суфта, ки намуди роҳравҳоро зебову диққатҷалбкунанда кардаанд, меафтад. Ба қавли Баҳринисо Бозорова идеяи сохтани ин намуд роҳрав пас аз сафари Чин соли 2012 дар фикри ӯ пайдо шудааст. Дар роҳравҳои боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Чин чунин намуди сангчаҳои суфтаву якранг чида шудаанд, ки тамошобинон, мактаббачагон, сайёҳон ва сокинони маҳал дар вақтҳои истироҳатӣ пойи луч ба болои он сангчаҳо қадам мезананд. Он як навъи табобати масҳдармонӣ будааст, ки истироҳату фароғатро бо табобат якҷо мекунад. Ин боис гардидааст, ки хонум Баҳринисо ба Ватан баргашта он таҷрибаро дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Панҷакент мавриди амал қарор додааст. Ин дар ҳолест, ки дар аксари минтақаҳои кишвари азизамон чунин сангчаҳоро бе ягон мушкилӣ ва сарфи маблағ дастрас намудан мумкин аст.
Албатта, бо вуҷуди рушду тараққӣ боғро наметавон аз мушкилоту камбудиҳо орӣ донист. Аз ҷумла, муассис Баҳринисо Бозорова норизогии худро аз риоя накардани сокинон ба тозагӣ ва ҳолатҳои санитарӣ дар боғ иброз намуд. Ӯ мегӯяд, ки истифодабарандагон, бахусус мактаббачагон пӯчоқи пиставу офтобпараст ва монанди онҳоро на ба қуттии партов, балки дар роҳравҳо мепартоянд, ки сифати сангчаҳои чидашударо коста нишон медиҳад. Ин аст, ки мардум наметавонанд пойи луч болои сангчаҳо ҳаракат кунанд, истироҳат намоянд. Дар баробари ин то ҳол ҳудуди боғ ҳифз намегардад, яъне бо девор, симтӯр ва амсоли он иҳота нашудааст. Аз як тараф роҳи автомобилӣ, аз тарафи дигар хонаҳои истиқоматӣ ва корхонаву ташкилотҳо боғро иҳота кардаанд. Ҳамчунин қайд гардид, ки сохтмони хонаҳои баландошёна дар шафати боғ, аз як тараф ба манфиати кор бошад, аз тарафи дигар ба сифати гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ монеъ мешаванд. Корҳои сохтмонӣ, ки дар шафати боғ идома доранд ба боғ наздиканд, барои тамошобинон ҳолатҳои хавфнокро ба вуҷуд меоранд.
Ба ҳамин монанд Иброҳим Пирназарзода, директори Муассисаи давлатии «Майдони Истиқлол», зимни сӯҳбат гуфт, ки сабабҳои аслии ба чашм расидани чунин ҳолатҳои ногувор дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо пеш аз ҳама, бетарафӣ зоҳир намудани худи шаҳрнишинон ба зуҳуроти манфӣ аст. Яъне мо мебинем, ки ҳамсояамон дар саргаҳи об партов меандозад, вале ба хотири даргир нашудан бо ў хомӯширо пеша мекунем ва инро ҳам мепазирем, ки аз пойиноб оби олудакардаи ўро истифода барем.
Ба фикри ин тараф агар гирду атрофи боғ мустаҳкам ва имкони ворид шудани ҳайвонот набошаду лавҳаю навиштаҷоти огоҳкунанда дар даромадгоҳ ва ҷойҳои намоён насб гардида бошанд, то андозае чунин амалҳои ғайриахлоқиро бартараф кардан имконпазир аст.
Амалӣ гардидани тадбирҳои мазкур дар пешбурди фаъолияти боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Панҷакент ва татбиқи сиёсати фарҳангпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти хеле муҳим хоҳад дошт.
Шамсуддин АБДУЛЛОЕВ,
Мудири шуъбаи фарҳанг ва санъатшиносӣ,
Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон