ОН ҶАНГРО ДАР ТАЪРИХ ҲАМТО НАБУД

Ҷанги бузурги Ватанӣ, ки ҷанги хонумонсӯз буд, дар таърихи башарият даҳшатноктарин ҷанг мебошад, беш аз 1418 шабонарӯз идома ёфта, ҷони 27 миллион шаҳрванди собиқ мамлакати Иттиҳоди Шуравиро рабурд. Зиёда аз 5-миллион одамон бе сарпаноҳ монданд.

Қабл аз ҳуҷум ба Иттиҳоди Шуравӣ Гитлер дастури махфӣ дода буд, ки дар он гуфта мешуд: «Вазифаи асосиеро, ки характери Фронти Шарқӣ тақозо дорад, бори дигар таъкид менамоям: Ҳиссу бераҳмии аскари немисро аз пештара дида даҳчанд зиёд бояд намуд. Нисбат ба ҳеҷ кас бидуни синнусол раҳмдилӣ нашояд». Ин буд, ки дар солҳои Љанги Бузурги Ватанӣ 1710 шаҳр, 70-ҳазор деҳаву русто, 6 миллион бино, 32 ҳазор корхонаҳои саноатӣ, 40 ҳазор шифохонаву муассисаҳои тиббӣ, 84 ҳазор мактабу техникум ва донишгоҳ дар қаламрави Иттиҳоди Шуравӣ несту нобуд шуданд. 4100 истгоҳи роҳи оҳан ва 65 ҳазор км роҳи оҳан 14 ҳазор пул вайрон гардиданд, танҳо барои ба Германияи гитлерӣ фиристондани маҳсулоти хоҷагии халқи Иттиходи Шӯравӣ 1,4 миллион қатора истифода бурда мешуд.

  Халќи Шуравӣ тавонист дар муњорибањои калонтарин ба монанди Москва, Курск, Сталинград, бар душман ѓалаба намоянд ва корнамоињои ин љанговарон дар сањифаи таърих бо хатти заррин навишта шавад.  Яке аз саҳифаҳои қаҳрамононаи таърихии Ҷанги Бузурги Ватанӣ ин муҳофизати Сталинград буд. Муҳорибаи Сталинград 900 шабонарӯз давом кард, ки дар он намояандагони Тоҷикистон аз ҷумла Яқубов А., Маҷнунов А., Салимов А., Каримов В., Норов М., Гаврилов Г. ва ғайраҳо иштирок доштанд.

Бояд қайд кард, ки Ҷанги Бузурги Ватанӣ натанњо ба Россия, Украина ва Белоруссия таъсири худро расонида буд,  балки  ба  љумњурињои Осиёи Маёна  низ таъсири худро расонид. Дар он солҳои душвор мардуми Тоҷикистон дар ақибгоҳ қаҳрамонии бузург нишон дода, саҳми худро дар наздик кардани ғалаба бар фашизм гузоштанд. Бо саршавии ҷанг шароити зиндагии сокинони Тоҷикистон ба душвориҳо дучор гардид, аммо ба ин душвориҳо нигоҳ накарда мардуми тоҷик барои фронт ёрии ҳаматарафа мерасониданд. Дар тамоми гӯшаву канори мамлакат мардум бо меҳнату фидокоронаи худ саҳми худро дар наздик кардани ғалаба бар фашизм мегузоштанд. Дар ҷавоб ба яке аз туҳфаҳои мардуми Тоҷикистон ба сарбозони Армияи Сурх фармондеҳи яке аз қисмҳои ҳарбӣ номаи сипос мефиристонад, ки дар он омадааст «Се сол мешавад, ки артиши мо ба муқобили қушуни фашистӣ мубориза мебарад, дар ин муддат мо соҳиби таҷрибаи бузург гардидем. Фармондеҳон усулҳои нави ҷангӣ омухта ба қушунҳои душман зарбаҳои ҳалокатовар мезананд. Ақибгоҳ ҳам ба урдугоҳи ҳарбии мустаҳкам ва шикастнопазир мубаддал гардида, муваффақиятҳои калон ба даст овард. Ба наздикӣ мо аз Шумо туҳфа гирифтем. Сидқан барои ғамхорӣ ташаккур мегӯем. Мо нағз медонем, ки бар души мо вазифаи муқаддас-ҳифзи Ватан гузошта шудааст».

Рафти Ҷанги Бузурги Ватанӣ нишон, дод, ки омили муҳими ғалабаи халқи Шуравӣ дар ин ҷанг корнамоии меҳнатии меҳнаткашони ақибгоҳ мебошад. Вазифаи меҳнаткашони ақибгоҳ аз рӯзҳои аввали ҷанг дар Паёмҳои Шӯрои Комиссарони Халқи Иттиҳоди Шӯравӣ аз 29.06.1941 нишон дода шудаанд. Вазифаи онҳо минбаъд ҳаматарафа кӯмак расонидан ба фронт буд. Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо пирӯзии комили Иттиҳоди Шуравӣ ва иттифоқчиёни онҳо анҷом ёфт.

Иди Зафар, ки имрӯзҳо 80-умин солгарди он қайд карда мешавад, бар ивази ҷони супурдаи 27 миллион шаҳидони роҳи озодӣ ба даст омадааст. Таҷлили ҳамасолаи ҷашни Ғалаба ҳамчун иди умумихалқӣ нишони арҷгузорӣ ба қаҳрамонӣ ва анъанаҳои пуршарафи падарони шуҳратманд аст. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар радифи шаҳрвандони 15-кишвари иттифоқи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз Тоҷикистон 300 ҳазор сокинони ин мамлакат ба фронт рафта, барои таъмини ғалаба ба фашизми гитлерӣ ҷонбозиҳо намуданд. Аз ин миқдор беш аз 90 ҳазорашон ҷони худро аз даст доданд, барои диловариҳои беназир 54 нафар фиристодагони Тоҷикистон бо унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардонида шуданд. Зиёда аз 20 ҳазор ҷанговарони тоҷик сазовори ордену медалҳо гардиданд. Ин ҷанг одӣ ва ғалабааш осон набуд. Дар адабиёти халқҳои ҷаҳон ҳазорон асарҳои ҷангӣ навишта шуданд, ки ҳар яке лаҳазоте аз даҳшати ин давраи барои инсоният мудҳишро бозгӯ мекунад. Хотираи ҷанговарону ҷангноманависон абадӣ бод!

                                                                                   Сафарқулова Гулмоҳ,

Мудири ММФТ-и ПИТФИ.

 

                            

барчасп: